ТОЛИБПАРАСТӢ ДАР РАСОНАҲО
     TJ RU EN
04:30 / 2024-12-20

ТОЛИБПАРАСТӢ ДАР РАСОНАҲО

ё “Озодӣ” аз тарғиби Толибон чӣ манфиат дорад?

Ростӣ, дар мавриди бархӯрди рӯзноманигорон ё расонаи алоҳида ба мавзӯъҳои рӯз навиштан басо душвор ва то андозае дақиқкориву мулоҳизакориро талаб мекунад. Нигоҳи аксар ҳам ҳамин аст, ки бо ба инобат гирифтани ҳамраъйии касбӣ бояд аз мулоҳиза дар мавриди расонаҳо даст кашем. Чун онҳо ҳам ҳамкасбони моанд ва ин кор ба шаъни ҷомеаи журналистӣ зебанда нест. Аммо ба як суол бояд посухи мушаххас гуфт, ки фаъолияти ВАО дар ҷомеа ҳамчун як институти иҷтимоӣ чист? Магар барои пешрафту рушд ва ба самти пеш кашонидани ҷомеа нест? Магар барои нигоҳ доштани амнияти сиёсиву фарҳангиву иқтисодӣ ва ғайраҳову ҳоказоҳои дигар нест? Агар ҳа, пас дар мавриде, ки як расона ё рӯзноманигори алоҳида бо ба вуҷуд овардани афкоре дар миёни ҷомеа, ки дар умум метавонад ба амнияти ҷомеа таъсиргузор бошаду дар кори идории давлат халал ворид кунад, бояд гуфт ва садо баланд кард. Ман ҷонибдор ва тарафдори оне ҳастам, ки ҷомеа ҳақ дорад аз тамоми ҳаводисе, ки дар кишвар ва минтақаву ҷаҳон рух медиҳад, огоҳ бошад. Дар мавриди тамоми иттилое, ки паҳн мешавад, ҷомеа ҳуқуқи мулоҳиза кардану хулосаи худро бароварданро дорад. Ва дар навбати худ, расонаҳо ҳам, ки рисолати ба вуҷуд овардани афкор миёни ҷомеаро доранд, ҳуқуқ доранд, ки кори худро ба таври шоиста анҷом диҳанд. Новобаста ба тамоми сиёсату мафкураҳо бояд ҳамин гуна бошад. Чун ба ғайри ин дар ҳазораи мо чизи дигаре пазируфтанӣ нест. Ва аммо дар мавриди расонаҳое, ки ин ҳама имкониятҳоро ҳамчун “фурсат” истифода мекунанд, ҷомеаи журналистӣ ва дар умум тамоми институтҳои ҷомеа бояд дастаҷамъона пайи ислоҳи он кӯшад. Манзури камина ин ҷо ҳаводиси чанд моҳи охири Афғонистон ва бархӯрду муносибати радиои “Озодӣ” дар ин ҳама моҷароҳост. “Озодӣ” аз Афғонистон ва Толибон чӣ мехоҳад норӯшан аст. Дар ҳоле, ки Тоҷикистон чун як кишвари дӯст бо Афғонистон бо принсипҳои ҳамҷаворӣ ва дахолат накардан дар моҷароҳои дохилии ин давлат муносибат мекунад, чаро “Озодӣ” ин кишварро бо Афғонистону Толибон муқоиса мекунад? Ва то ҷое мехоҳад афкоре ба вуҷуд орад, ки Толибон агарчи бар зоҳир бад намоянд, аммо онҳо хубанд ва ҳатто ки аз Тоҷикистон. Чаро расонае бо ин ҳама “бузургӣ” ва имконияту шароите, ки дорад ва худро улгуи журналистика мешуморад, ба арзишҳои як давлату ҷомеа по гузошта, эътимоди мардумро аз худ мекоҳонад? Ман мутаассифона ба ин суоли худ натавонистам посухи муайян пайдо намоям. ЖУРНАЛИСТИКА, “ОЗОДӢ” ВА ОЗОДӢ Камина ба хубӣ огоҳам, ки журналистика дар ҳама ҳолат ва ҳама мавқеъ аз манфиатҳо мегӯяд. Ё ҳамин сиёсати идоравӣ ва ҷой доштани низомномаҳо дар расонаҳо далели дигари ин гуфтаҳост. Яъне ҳамеша ин ҳуҷҷатҳо барои фаъолияти журналистон як садди муайянеро мегузоранд ва ҳамин садгузориҳо дар баъзе расонаҳо дақиқан ҳақнигории журналистонро зери суол мебарад. Ба он далел, ки идора ба кормандони эҷодиаш ҳеҷ гоҳе иҷоза намедиҳад, ки аз чаҳорчӯбаи муайянкарда бароянд, журналистон ҳам аз гуфтани воқеият чашм мепӯшанд. Аммо дар ин миён бояд доири мафҳумҳои “Низомнома”, “Сиёсати идорӣ” ва “Манфиат” мулоҳиза дошта бошем. Чаро? Агар воқеан ҳам як расона дар ҳар шакле набошад, аз барҳам додани суботи сиёсиву ба вуҷуд овардани афкоре, ки ба арзишҳои як давлат созгор нест, манфиатдор бошад, пас бояд доири фаъолияти он расона суолгузорӣ карда шавад. Чаро бояд чунин як расона иҷозаи фаъолияти озодонаро дошта бошад? Дигар аз низомномаву сиёсати редаксионӣ ҷои ҳарф задан намемонад... Радиои “Озодӣ” бошад айни ҳамин корро кардан дорад. Агар хонандаи азиз бо контентҳои чанд моҳи охири ин расона ошно бошад, ба хубӣ пай мебарад, ки дар ҳар як гузоришу ахборе, ки паҳн мекунад, кадом як ҳадаф огоҳона дар ҳоли пиёдашудан аст. Махсусан дар гузоришҳое, ки вобаста ба Афғонистону Толибон. ВАҚТЕ МАНФИАТИ ДАВЛАТ ЗЕРИ СУОЛ МЕРАВАД... Радиои “Озодӣ” бо як назарсанҷӣ, ки Толибонро бо Ҳукумати феълии Тоҷикистон дар муқоиса гузошт ва ҳатто ин гурӯҳи террористиро аз Тоҷикистон боло гузоштан хост, дар ҷомеа як баҳси гармеро ба вуҷуд овард. Сар карда аз сиёсатмадорону адибон ва ҳунармандону дигар аҳли ҷомеаи Тоҷикистон аз ин гуна муносибати “Озодӣ” бо як кишваре, ки варо дар арсаи ҷаҳон мешиносанду эътироф мекунад, ба хашм омада, дар фазои маҷозӣ бо далелу буҳтон ҳатто таҳқирҳо ба ин радио ҷавоб гардониданд. Дар ин миён афроде ҳам, ки бо Ҳукумати Тоҷикистон мухолифат доранд ва аз тасмимҳои Ҳукумат чандон хушоянд нестанд, канор намонда, аз Толибон пуштибонӣ кардани “Озодӣ”-ро таҳқир ба журналистикаву расона, намакношиносӣ, хиёнат ва ба ҳамин маъниҳо маънидод карданд. Абубакр Бачамардов як корбари сомонаи Фейсбук навиштааст, ки то ин ҳад беномусӣ ва беҳайсиятӣ марзи арзишҳои ахлоқӣ ва сиёсиро шикастан аст. - Ин тарзи сарлавҳамонӣ рӯирост тавҳини субот буда, чунин пурсишҳо як навъ таҳқир ба амнияти кишвар аст. Мақомоти амниятӣ бояд ин масъаларо бо бархӯрди қонунӣ нодида нагиранд. Ва умедворем, ки баҳои ҳуқуқиро хоҳанд дид, - гуфтааст А. Бачамардов. Шоир Фаридуни Раҳнавард раҳбари бахши тоҷикии радиои “Озодӣ”-ро сухангӯи Толибон унвон дода, гуфтааст, ки ӯ бо ин суолгузориаш ба террористон додани ҳукуматро матраҳ кардааст. Ҳафиз Бобоёров, файласуфи муқими аврупоии тоҷик дар шарҳи матлаби Раҳнавард менависад, ки ҳама унвонҳои матлабҳои “Озодӣ”-ро дар мавриди Толибон мурур мекунам, ҳама як гуна тарғиби пинҳонанд. Бахтиёр Аминӣ, шоири ҳойкунависи тоҷик бошад, бо муроҷиат ба Салим Аюбзод, раҳбари бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” чунин навиштааст: “Шояд бигӯяд, ки як пурсиши сода аст. На! Пушти чунин пурсишҳо ҳамон имиҷсозии пинҳонӣ аз ин ҳайвонҳост (манзур Толибон). Ин идомаи толибонпарастии ӯст! Бояд сиёсати Амрикоро пиёда кунад”. Дар ҳамин ҳол, Салим Аюбзод ҳеҷ посухи мушаххасе ба ин пурсишу баҳсҳо надодааст. Ӯ дар як пости кӯтоҳу таҳқиромезе, ки баъди ба масхара кашидани бахши тоҷикии Родиои “Озодӣ” аз ҷониби истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ навишт ва бо эҳтимоли зиёд ҷавоб ба ҳама суолҳост, чунин буд. “Бисёр бубахшед, ночорам бигӯям, ки баъзеро даҳону макъад якест”. Дигар ҳеҷ ҷавоби расмӣ ё вокунише аз ҷониби ин расона матраҳ нагардидааст. МАРЗИ НОМУС Хушбахтона ҷомеаи журналистии Тоҷикистон аз ин гуна корбарии радио хушоянд нест ва аксар бар инанд, ки чунин бархӯрд бо мафкураҳо нақшаҳои тарҳрезишудаи “соҳибон”-и “Озодӣ”-ст. Хуршеди Ховар (Андамов), ки таҷрибаи зиёди кор дар ин радиоро дорад ва солҳои тӯлонӣ роҳбари дафтари “Озодӣ” дар Душанбе буд, ин амалкарди хабарнигорони “Озодӣ”-ро амали номардонаву берун аз тамоми қавоиди журналистӣ ва хиёнат номид. Ба бовари ӯ, натанҳо як расона, балки ҳеҷ кас ҳуқуқи чунин бархӯрду чунин суолгузориҳоро надорад. Ӯ дар суҳбат бо мо гуфт: - Радиои “Озодӣ” бо ин амалаш мехоҳад дар минтақа ҳаракати Толибонро улгуву намуна намоиш диҳад ва дар шуури мардуми минтақа нисбати ин гурӯҳ як ҳисси хушбинирро бедор намояд. Ин хиёнату номардист! Роҳбарони имрӯзаи бахши тоҷикии Радиои “Озодӣ” чӣ дар Прага ва чӣ дар Тоҷикистон мехоҳанд бо ин амалкардашон худро дар назди хоҷагонашон ширин кунанд ва бо ҳар қиммате, ки бошад, эътимоди онҳоро ба даст оранд. Ӯ дар идома гуфт, ки бо ин роҳ мехоҳанд дар назди хоҷагонашон Ҳукумати Тоҷикистонро мулзам нишон диҳанд ва ҳадафҳои худро пиёда созанд. “Дар ҳар давр хостаҳои Толибонро иҷро кардану аз эшон улгу тарошидан нишонаи ҳамин асту бас”. Дар ҳамин ҳол, Бахтиёр Ҳамдамов, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон гуфт, ин суолгузориҳо барои муайян кардани он ки шаҳрвандони Тоҷикистон то куҷо калавандаанд, пешниҳод мегардад: “Инро амали носанҷида гуфтан хатост. Вақте “Озодӣ” ба чунин пурсишҳояш посух пайдо мекунад, маънои онро дорад, ки ӯ кори чандин марказҳои тадқиқотиро ба анҷом мерасонад, ки зарурати дигар барои муайян кардани садоқати аҳолӣ намемонад. Ва дар айни ҳол барои ба вуҷуд овардани мафкураи барои худи “Озодӣ” машруъ “назарсанҷӣ”-и хубест”. Б. Ҳамдамов дар илова гуфт, ин таблиғу рекламаи рӯирости як ташкилоти террористӣ аст, ки ҳам лағви қонунгузорӣ ва ҳам меъёрҳои ахлоқии журналистӣ мебошад. - Дар сиёсати имрӯзаи Амрико низ ин чиз пазируфташаванда нест. Агар кор ба чунин тарз идома ёбад, дар ояндаи наздик радиои “Озодӣ” рейтинги худро натанҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ аз даст хоҳад дод,- дар охири суҳбат илова кард Б. Ҳамдамов. Хуршеди Атовулло, директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар мавриди “Озодӣ” бояд ин нукта ба инобат гирифта шавад, ки он аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ мешавад ва хоҳу нохоҳ аз манфиатҳои Амрико ҷонибдорӣ мекунад: - Ин ки дар калимаву ибораҳо нохунак мегузорад ва мавқеи духӯрагиро мегирад маънои онро дорад, ки ба гуфтаи худу ҳамсуҳбатонаш чандон эътимод надорад. Дар ин мавридҳо бахши тоҷикии “Озодӣ” агарчи наметавонад аз манфиатҳои тоҷикон ҳимоя кунад, аммо сад дар сад тавони онро дорад, ки аз таҷовузу нақзи ҳуқуқи ин миллат аз ҷониби Толибон дар Афғонистон гузоришҳо диҳад. Ё дар мавриди дастгирии Панҷшер маводҳоеро ба нашр расонад. Аммо бо далели он ки аксар кормандони ин радио дар Афғонистон паштунтаборанд ва то ҷое аз Ҳукумати паштунии Толибон тарафдорӣ мекунанд, дар ин расона маводҳое, ки бозгуи воқеияти Афғонистон бошад, кам аст,- гуфт Х. Атовулло. Ҳамчунин ӯ дар мавриди ба телевизиони паштунӣ бадал шудани “Тулуъ-нюз” низ ишора кард, ки далели аз таваҷҷуҳи аудитория афтидани як расона метавонад бошад. БА ҶОИ ХУЛОСА Аз ин ҳама хонандаи закӣ бояд дарк кунад, ки дар пасманзари ҳар хабару гузориши нашршаванда аз ин ё он расона ҳатман манфиате меистад. Расона аз кист? Барои кӣ хизмат мекунад? Чаро баъзе мавзуъҳо дар расонаҳои алоҳида ба таври силсилавӣ пайгирӣ мешаванд? Инҳо аз саволҳоест, ки қабл аз сар задан ба як расонаи хабарӣ аудиторияи он бояд донад. Нотавон нишон додани артиши Афғонистон, ночиз ҳисобидани қувваҳои зиддитолибӣ дар ин кишвар, ва ба монанди ин мавзуъҳое буданд, “Озодӣ” бо ин мехоҳад афкореро ба вуҷуд орад, ки ҳаракати Толибон дар воқеъ қувваи тавонову неруманде дар минтақа аст ва аз уҳдаи идораи давлат ба хубӣ хоҳад баромад. Боқӣ эҳтиёткор бояд буд.

http://javonon.tj/news/social/tolibparast-dar-rasona-o/

Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2020 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31      
     
    Пайвандҳои лозима