Лоиҳаи изҳороти сарони давлатҳои ИДМ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон таҳия мешавад
     TJ RU EN
09:49 / 2024-12-20

Лоиҳаи изҳороти сарони давлатҳои ИДМ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон таҳия мешавад

ИДМ лоиҳаи изҳороти сарони давлатҳоро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон ва кафолатҳои соҳибихтиёрии интихоботии кишварҳо таҳия мекунад. Ҳуҷҷат дирӯз дар ҷаласаи гурӯҳи коршиносон дар қолаби онлайн баррасӣ шуд, хабар доданд ба БЕЛТА аз дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Дар ҷаласа намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат доштанд.

Дар вохӯрӣ коршиносон матни изҳоротро ба итмом расонида, дар маҷмӯъ, онро ба мувофиқа расониданд. Ҳуҷҷат барои қабул ба Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳод пешниҳод шудааст.

Хадамоти матбуот хабар додааст, ки ташаббускор ва таҳиякунандаи ҳуҷҷат ҷониби Русия буд. Ин изҳорот ба тақвияти эътимоди мардум ба интихобот ва раъйпурсӣ тавассути баланд бардоштани шаффофият ва ошкорбаёнии тартиботи интихоботӣ, рушди муколамаи созанда, баробарҳуқуқ ва боэҳтиром оид ба масъалаҳои асосии интихобот, ки меъёрҳои интихоботи муосири демократиро муайян мекунанд, табодули таҷрибаҳои пешқадам ва ҳамкории байни Кумитаи иҷроияи ИДМ ва АБП ИДМ бо дигар миссияҳои мониторинг равона гардидааст.

Қабули ҳуҷҷат инчунин ба густариш ва таҳкими ҳамкорӣ бо  мақомоти марказии интихоботии давлатҳои ИДМ, рушди институтҳои мушоҳидаи ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд.

https://khovar.tj/2021/08/loi-ai-iz-oroti-saroni-davlat-oi-idm-oid-ba-ifzi-u-u-oi-intihobotii-sha-rvandon-ta-iya-meshavad/


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима