Муроҷиатҳо саривақт баррасӣ мешаванд
     TJ RU EN
10:37 / 2024-12-20

Муроҷиатҳо саривақт баррасӣ мешаванд

Сардори Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд Амонзода Алиҷон Собир иброз дошт, ки дар давраи нимсолаи аввали соли 2021 ба Раёсати иҷро дар вилояти Суғд ва воҳидҳои зерсохтори он 527 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин 92 муроҷиати шахсӣ ба қайд гирифта, муроҷиатҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз шумораи умумии ҳуҷҷатҳои иҷрои воридгардида 7284 адад, баробар ба 72,8 фоиз ба таври воқеӣ ба иҷро расонида шудаанд, ки маблағи умумии аз ин ҳисоб рӯёнидашуда 10,9 миллион сомонӣ, 14,3 ҳазор доллари ИМА, 3500 рубли Федератсия Россия ва 306 ҳазор сӯми Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ташкил медиҳанд.

Дар давраи нимсолаи аввали соли 2021 аз ҷониби иҷрочиён дар вилоят 429 адад ҳуҷҷатҳои иҷро дар асоси аризаи ситонандагон ё бо ташаббуси иҷрочиён, мувофиқи моддаи 32 ҚҶТ "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" бо қабули қарорҳои дахлдор ва тибқи моддаи 226 Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудаанд. Инчунин, 232 адад ҳуҷҷатҳои иҷро бо санадҳои судӣ қатъ, 173 адад ба ҷои адои ҷазои маҳкумшудагон, 91 адад ба ҷои кор ва аз рӯи тобеъият мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷроиш равона карда шудааст. Дар охири давраи ҳисоботи нимсолаи соли ҷорӣ дар назорати иҷрочиён 1796 адад истеҳсолотҳои иҷро ба маблағи 63,3 миллион сомонӣ, 446 ҳазор доллари ИМА, 490 ҳазор рубли Федератсияи Россия ва 1 млн. суми Ҷумҳурии Қирғизистон дар марҳалаи иҷро боқӣ мондаанд. Роҳбарияти Раёсати иҷро дар вилояти Суғд баҳри пешбурд ва амалӣ намудани Амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои ҳайати мушовараи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақша ва зернақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 ба тавсиб расонидааст ва пайваста ба он ҷиҳати боз ҳам ба нишондиҳандаҳои хуби корӣ ноил гардидани мақомоти иҷро дар вилоят тамоми чораҳои заруриро меандешад, иброз дошт А. Амонзода.

Дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони ВАО суолу ҷавоб доир ба масъалаҳои гуногуни соҳа доир гардид.

http://www.hakikati-sugd.tj/index.php/social/14217-muro-iat-o-sariva-t-barras-meshavand


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима