матБУоТ
     TJ RU EN
09:59 / 2024-12-20

матБУоТ

Нишастҳои матбуотии навбатӣ кадом мушкилотро барои журналистон маълум карданд?

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар нишасти навбатии матбуотӣ “рекорд” гузошт: ҳам бо иқтибосҳое, ки аз ӯ то ҳанӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ оварда мешавад, ҳам аз ҷамъи мавзӯҳои ҳосилшуда, ки дар расонаҳо инъикос ёфтанд. Дар ин миён таъбири “хасакӣ”-и Имомзода, ки ба мавзӯи “маршировка” дахл мекард, гуфтан мумкин, ба обрӯи пешини ӯ бетаъсир намонд. Ба ҳар сурат, бо таъин шудани Имомзода пас аз Нуриддин Саид интизориҳои ҷомеа бештар буд, ки акнун сатҳу равиши кор дар ин вазорат дигаргун мешавад. Ҳоло бошад, гӯё посухҳои ахири вазир хелеҳоро дилмонда намуд…

Аммо нишасти хабарии Прокуратураи генералӣ мисли ҳамеша “хос” баргузор гардид. Воқеан, агарчи он пурра тибқи регламент гузаронида шуд, аммо барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ барои рӯзноманигорон оддитарин шароит, аз ҷумла маҳлулоти антисептикӣ ва ниқоб пешниҳод нагардид. Дуруст аст, ки онҳо барои мо вазифадор нестанд, ки ин ҳамаро ройгон пешниҳод кунанд, аммо пеш аз ворид шудан ба бино тамоми иштироккунандагонро аз даромадгоҳ, яъне бахши навбатдорӣ ба дорухона равон карданд, ки ин вақтро мегирифту боис ба дермонӣ мегардид. Аслан дар замони пандемия ин бояд як чизи муқаррарӣ бошад ва ниқоб ройгон тақсим гардад. Микрофонҳо ҳам дар нишасти хабарии Прокуратураи генералӣ хуб кор намекарданд ва сабти овоз ҳам мушкилтар мегардид. Ин сирф масъалаҳои “техникӣ”. Масоили ҷиддитар ҳам буд…

Масалан, нафарони зиёде суолҳои мушаххас доштанд, аммо ҷуръати суол додан намекарданд. Шояд бештарашон фикр мекарданд, ки Прокурори генералӣ онҳоро “ҷанг” мекунад, ё ба суол пурра ҷавоб намедиҳад?

Эҳтимолан чунин муҳити “тарсзо” пас аз саволи Иршод Сулаймонӣ пайдо шуд. Хабарнигори «Азия-плюс» дар робита ба қочоки тилло пурсид, ки “сардори Раёсати минтақавии Хатлон ба онҳо маълумот пешниҳод кардаасту ҳоло назари Прокурори генералиро дар ин маврид донистан мехоҳанд”. Посухи Юсуф Раҳмон медонед чӣ буд? “Назди нафаре равед, ки ба шумо маълумот пешниҳод кардааст ва боқимондаашро пурсед”.

Баъди ин Сулаймонӣ ҳам “хирагӣ” накард, то ба суолаш посухи қонеъкунанда гирад.

Бархе аз ҳамкасбонамон пас аз нишаст гуфтанд, ки Юсуф Раҳмон бо “ҷиддияти” худ “алови чашми” журналистонро гирифтанист. Вале иқрор бояд кард, дар робита ба чанд мавзӯе, ки пас аз нишаст инҷониб бо онҳо ҳамсӯҳбат шудаам ҳеҷ гоҳ ҷавоби рад намедиҳанд ва аз ҳамкорӣ ҳам даст кашиданӣ нестанд.

Дар нишасти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тамоми роҳбарони вобаста иштирок доштанд ва он 1 соату 40 дақиқа давом дошт. Воқеан, танҳо Исматулло Абдуллозода, роҳбари фурудгоҳи байналмилалӣ ҳузур надошт ва баъд гуфтанд, ки аз коронавирус табобат мегирад. Аз Абдуллозода дар фурудгоҳ як нафаре ёд мекунанд, ки зиёд мехонад ва ҳар ҳафта тамоми расонаҳоро ба ӯ дастрас мекунанд, вале дар ягон нишасти матбуотӣ иштирокашро намебинем.

Ҳамкасбонамон ба ин нишаст бо савоҳои хуб ва бо факту далелҳои мушаххас омода буданд. Мавзӯи рақами 1 гарон будани арзиши билети самолёт буд. Инҷониб пешниҳод кардам, ки пас аз нишаст якҷоя бо роҳбари Агентии авиатсияи Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба назди нуқтаҳои чиптафурӯшӣ равему суханҳояшро, ки чипта 500 доллар асту мардум “дурӯғ” мегӯянд, ки ба 800 то 850 доллар мехаранд, исбот кунад. Фақат бо як ханда пешниҳодро на рад карду на тасдиқ. Ҳамчунин дар хусуси ҳамоише, ки ба гуфтаи зертобеонаш сад дар сад бо гуноҳи ӯ сурат гирифтааст, пурсидем: оё худашонро гунаҳкор меҳисобанд? Посухи ӯ:

— Шумо дар кадом давлат зиндагӣ мекунед? Шумо дар пресс-конференсия калимаи митингро ба забон миёред, вай митинг набуд, муштариёни мо фақат хостанд дар бораи “чаро парвоз катъ гардид” аз мо пурсон шаванд.

Хабарнигорон луқма партофтанд, ки “агар митинг набуд, чаро шумо тамоми мақомоти дахлдорро бо худ бурдед ва дармондагонро ором мекардед? Ва сабаби парвоз накарданро мегуфтед лутфан…».

Посухи хеле ҷолиб дод: «Ширкати “Северный ветер” иҷозатномаи парвоз надошт».

Ҷавобе, ки саволҳои дигарро ба вуҷуд овард: Агар иҷозатнома надошт, чӣ гуна онҳо тавонистанд ба мардум билет фурӯшанд? Чаро онҳоро ба додгоҳ надодед, ё муҷозот накардед?

Саволҳои беҷавоб…

Ин дар ҳоле, ки дар гузашта Субҳонзода тамоман дигар далел пеш оварда буд: “Мақсад аз бебаррасӣ мондани дархости баъзе ширкатҳо ба парвоз, танҳо як чиз аст — паст кардани арзиши чипта. Ва он бевосита ба ширкати “Северный ветер” низ дахл дорад”.

Ҳамчунин мушкилоти надоштани парвоз ба ВМКБ низ мавзӯи асосӣ дар ин нишаст ба шумор мерафт. Сокинони Бадахшон мегӯянд, ки бештари вақт беморони худро ба пойтахт сари вақт наметавонанд биёранд. Масъулин ваъда додаанд, ки ҳатман мушкилотро то ба сатҳи болоӣ хоҳанд расонд. Чунин ваъдаҳоро мардум аз соли 2015 инҷониб мешунаванд. Ин дар ҳолест, ки «Сомон-Эйр» ба Бадахшон парвозҳои чартериро анҷом медиҳад, аммо бо нархҳои хеле гарон.

Бардошти умумӣ аз ин нишастҳо, мешавад гуфт, як буд: Мансабдорон ба ҳар васила журналистонро “тарсониданӣ” мешуданд ва ҳамкасбони мо ҳам ба қавле як қадар “эҳтиёткор” шудаанд. Агар баъзе рӯзноманигорон ҳамоно ҷуръат нишон медоданд, масъулин ба саволҳо ё асабонӣ ҷавоб медоданд, ё каме ларзида.

Ҳоло номаълум, кӣ аз кӣ бояд тарсад?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

http://farazh.tj/nigohi-hos/matbuot-4/


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2020 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31      
     
    Пайвандҳои лозима