Зинатулло Исмоилзода: андозро аз ВАО бардорем ё…
     TJ RU EN
10:02 / 2024-12-20

Зинатулло Исмоилзода: андозро аз ВАО бардорем ё…

Дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо ташаббуси ҷонишини вазири фарҳанг Давлат Сафар як ҳамоише бо иштироки рӯзноманигорон ва кормандони ВАО ва роҳбарони ташкилоту муасисаҳои рӯзноманигорӣ доир гардид.

Пайи андешарониҳо Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода чанд таклифи хешро барои беҳбуд бахшидан ба раванди кори рӯзноманигорӣ баён дошт. Номбурда афзуд, ки ҳангоми кор дар Академияи ВАО бо зарурияти корӣ ба зиёда аз 58 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сафар кардааст ва бо мушкилоти рӯзноманигорони маҳаллӣ аз наздик ошноӣ пайдо кардааст. Ва бо таассуф гуфт, ки вазъи ВАО-и маҳаллӣ басо нигарон кунанда аст. Онҳо дар ҳолатҳои басо ногувор кору фаъолият доранд, ки онҳоро бояд дастгирӣ намуд. Ва Вазорати фарҳанг бояд ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор бидиҳад.

Ва дар чунин шароити басо вазнини иқтисодиву ин вабои аср-коронавирус ва ҳаводиси дигар бояд сари масъалаи андозбании ВАО чораҳои заруриро андешид. Бояд бо дастгири Вазорати фарҳанг мо бояд аз Ҳукумати кишвар дархост намоем, ки барои ВАО – и хусусӣ чун дигар кишварҳо грантҳои хайрхоҳона ҷудо намоянд. ВАО-и хусусӣ дар ин нобасомониҳо ниёз ба кӯмакҳову қарзҳои имтиёзнок дорад, ки мо бояд барои дастрасӣ пайдо кардани ВАО ба он мусоидат намоем. Чун вазъи иқтисодӣ баъзе аз ин ВАО бисёр нигарон кунандааст. Масалан дар кишвари ҳамсояи мо Қазоқистон ҳамасола барои ВАО-и хусуси кишвараш адар ками 49 миллион танга барои грантҳову қарзҳои имтиёзнок ҷудо менамояд.

https://pressa.tj/news_tj/zinatullo-ismoilzoda-andozro-az-vao-bardorem-yo-2/


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима