Есенин орзу мекард, забони моро ёд гирад: Нуриддини Саид дар бораи лаҳҷа дар ТВ
     TJ RU EN
08:25 / 2024-11-16

Есенин орзу мекард, забони моро ёд гирад: Нуриддини Саид дар бораи лаҳҷа дар ТВ

Раиси Кумитаи телевизион ва радио, Нуриддин Саид гуфт ба ҳеҷ ваҷҳ набояд дар телевизион ба лаҳҷа суҳбат кард.

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки забони давлатии Тоҷикистон лаҳҷаҳои ҳамаи манотиқи кишварро дар бар мегирад.
Ӯ гуфт, ба ҳеҷ ваҳҷ намешавад, дар телевизион, ки онро кулли мардуми Тоҷикистон ва берун аз он тамошо мекунанд, бо лаҳҷа суҳбат кард, чун дар манотиқи гуногуни кишвар садокашиҳо фарқ мекунанд.
"Мо ноҳияе дорем, ки аҳолӣ он ҷо мукуют - рафтему, дидему, омадему, ноҳияе дорем, ки аҳолӣ окают рафтедо, омадедо, будедо, мо минтақае дорем, ки кукают, рафтемку, боз минтақае ҳаст, ки ос мекунад - рафтос омадос", - гуфт Нуриддин Саид.
Ба қавли раиси Кумита, забони тоҷикӣ қудрати бузург дорад ва маҳз ба ҳамин забон дурдонаҳои беназир офарида шудаанд.
Нуриддин Саид гуфт, ҳатто Есенин ва дигар бузургон орзу мекарданд, ки ба ин забони форсӣ-тоҷикӣ суҳбат кунад ва мисарҳоеро аз эҷодиёти ӯ мисол овард.
"Ты сказала, что Саади,
Целовал лишь только в грудь.
Подожди ты, Бога ради,
Обучусь когда-нибудь!
Ту гуфтӣ: Саъдии оқил,
Фақат аз сина мебӯсид
Худоро сабр кун охир,
Зи ман ҳам он тавонӣ дид ", - иқтибос овард Нуриддин Саид аз шеърҳои Саъдӣ Шерозӣ ва шоири рус Сергей Есенин.

Ӯ хулоса кард, ки мардуми тоҷик имрӯз ба забони Рӯдакию Фирдавӣ суҳбат мекунад ва набояд дар телевизион забони лаҳҷа истифода шавад.

https://sputnik-tj.com/20210722/esenin-orzu-mekard-ki-zaboni-moro-yod-girad-nuriddini-said-dar-borai-lahja-dar-televizion-1041097837.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2020 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31      
     
    Пайвандҳои лозима