Моҳи майи имсол бо қарори Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон кафедраи «Технологияи ВАО» бо ихтисосхои «ВЕБ-журналистика», «РR-робита бо ҷомеа» ва «Кинотелеоператор» таъсис ёфт. Кафедраи нав аз моҳи августи имсол ба фаъолият шурӯъ намуда, ба он устодони ҳирфаии соҳа ҷалб карда хоҳанд шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишкадаи мазкур Муҳриддин Низомӣ иттилоъ дод.
Ба зикри мавсуф, имрӯз дар донишкада 2 лоиҳаи грантӣ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегарданд ва 4 лоиҳаи илмӣ бо маблағгузории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд.
Ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо 28 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ ба роҳ монда, 87 нафар донишҷӯ аз хориҷи мамлакат дар шакли рӯзона ва ғоибона ба таҳсил дар донишкада фаро гирифта шудаанд.
«Дар даври ноҳиявии озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», ки 10 июни соли равон дар Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ҷамъбаст гардид,15 нафар устодону донишҷӯёни донишкада ғолиб омаданд. Аз ин миён 5 нафар сазовори ҷойи якум, 5 нафар ҷойи дуюм ва 5 нафар ғолиби ҷойи сеюм гардиданд»,- гуфт ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон.
Инчунин бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 110- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо ибтикори роҳбарияти донишкада дар саҳни муассиса гулгашт бунёд гардида, дар он нимпайкараи нави устод Мирзо Турсунзода гузошта шуд.