Як шеъру як навиштаи фейсбукӣ ҳуқуқшинос Ризоевро 5,5 сол пушти зиндон бурд
     TJ RU EN
07:39 / 2024-11-16

Як шеъру як навиштаи фейсбукӣ ҳуқуқшинос Ризоевро 5,5 сол пушти зиндон бурд

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳуқуқшиноси ҷавон Абдулмаҷид Ризоевро бо гумони “даъвати пинҳонкорона ба терроризм” гунаҳкор дониста, ӯро 5,5 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора вакили дифои  Ризоев Дилафрӯз Самадова хабар дод. Ҳукми додгоҳ рӯзи 14-уми июн содир шуд.

Манбаъ гуфт, ки парвандаи зерҳимояаш бар асоси моддаи 307, иловаи 1, қисми 2 “даъвати оммавӣ ба фаъолияти ифротӣ бо истифода аз матбуот ё шабакаи интернет” баррасӣ шуда, ӯ ба муддати 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Дилафрӯз Самадова гуфт, додситонӣ чанд навиштаи саҳифаи Фейсбукии ӯро таҳлил карда, Ризоевро дар “даъватҳои пардапӯшонаи оммавӣ ҷиҳати ба амал ба баровардани фаъолияти ифротгароӣ, ки ба ноустувор сохтани амнияти миллӣ мерасонад", айбдор кардааст. Аз ҷумла, бознашри андешаи “Ҳукумати оқил бо решаҳои эътироз мубориза мекунад, ҳукумати нодон бо эътирозгарон”-ро прокуратура андешаи ифротгароёна хондааст.

Худи Абдулмаҷид Ризоев, ки дар созмони ҷамъиятии “Дурахшон гуруҳ” созмоне, ки ба корафтодагон машварати ҳуқуқӣ медод кор мекард, ҳукми нисбаташ эълоншударо рад карда, онро ғаразнок унвон кардааст. Ӯ гуфтааст, ин ҳукм ба фаъолияти кориаш рабт дорад, чун пеш аз боздошт ӯ ба ҳимояи ҳуқуқи сокинони бинои №49 дар кӯчаи Бухорои Душанбе машғул буд.

- Парвандаи ҷиноятӣ бар асоси аризаи ҶДММ “Пулоди Плаза” боз шудааст. Онҳо ду рӯз пеш аз боздоштам бо ман вохӯрданд ва таҳдиди намуданд, ки дар сурати бозпас нагирифтани аризаам, маро маҳкам мекунанд,-гуфтааст А. Ризоев.

Ҳуқуқшиноси маҳкумшуда мегӯяд, воқеан, як рӯз пеш аз боз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ризоев аз номи роҳбари ҶДММ “Пулоди Плаза” ба  Прокуратураи генералӣ шикоят ворид шудааст. Парвандаи ҷиноятиро Прокуратураи генералӣ боз намудааст.

Ба қавли Дилафрӯз Самадова, Ризоев дар суд баромад карда гуфтааст, ки “ҳеҷ гоҳ экстримист набуд ва буда ҳам наметавонад, ӯ ҳимоятгар ва ҳуқуқшинос аст.

https://www.asiaplustj.info/news/tajikistan/laworder/20210616/yak-sheru-yak-navishtai-feisbuk-uushinos-rizoevro-55-sol-pushti-zindon-burd


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима