21 июл оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва оберии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соати 08:00 дар Агентии мазкур доир мегардад.
БДА «Амонатбонк» нишасти матбуотиро соати 09:00 дар бонки мазкур баргузор менамояд.
Нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа соати 10:00 дар Агентии мазкур (кӯчаи Лоҳутӣ, 24 собиқ бинои БДА «Амонатбонк») доир мегардад.
Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотиро соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» баргузор менамояд.
Нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ соати 14:00 дар Кумитаи мазкур мегузарад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-54-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.