Рангорангӣ дар «Тоҷикистон», қаҳрамонон дар «Сафина» ва дақиқкорӣ дар «Ҷаҳоннамо». Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 4 то 11 июл
     TJ RU EN
07:53 / 2024-11-16

Рангорангӣ дар «Тоҷикистон», қаҳрамонон дар «Сафина» ва дақиқкорӣ дар «Ҷаҳоннамо». Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 4 то 11 июл

Ҳафтаи сипаришуда телевизионҳои кишвар ҳамагӣ як гузориши расмӣ истифода карда, дар маводҳояшон бештар қаҳрамон доштанд, ки ин пешравиро нодида гирифтан мумкин нест.  Бо вуҷуди ин, бархе аз гузоришҳо аз камбудӣ орӣ набуданд.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»

Барнома аз гузориши расмӣ оғоз гардид. Хабар дода шуд, ки 5 июл таҳти раёсати президенти кишвар, ки ҳамзамон раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар баргузор гардид.

Дар ҷаласа вобаста ба мураккаб гаштани вазъ дар сарҳади Афғонистону Тоҷикистон масъалаи таъмини амният дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти кишвар ба роҳбарони сохторҳои низомӣ супоришҳои мушаххас дод, аз ҷумла, 20 ҳазор нафар низомиёни эҳтиётиро барои ҳифзи марз сафарбар намуд.

Баъд шарҳи телевизионии Маҳмадалии Сафар дар мавзӯъи нақши Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар мубориза бо зуҳуроти хатарнок пешниҳод гардид. Дар он коршинос Аслиддин Алимов дар бораи саҳми интегратсионии СААД дар ҳалли амнияти инсоният суханронӣ намуда, аз ҷумла дар бораи зарурати амнияти иттилоотӣ низ гуфта гузашт. Чун ҳарвақта нақши боризи Тоҷикистон дар созмони мазкур барои ба даст овардани амнияти дастаҷамъӣ таъкид гардид.

Дар иртибот бо ин, журналист Зафари Қайюм аз студия тариқи стендап дар бобати ҳуввияти миллӣ баромад намуда, бо истифода аз фикри коршиносон, аз қабили Зубайдулло Давлатов  таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон барои сулҳу пойдорӣ саҳми арзанда дорад. Коршиносони дигар Иззатулло Ҳабибзод ва Сайдулло Қувватзода бошанд, ҳангоми дар наворҳо нишон додани симои ҷавонон иброз доштанд, ки бояд онҳоро дар руҳияи ватандустӣ тарбия ва барои хизмат ба артиши миллӣ омода  намоем, то ки маҳз ин қишри муҳими аҳолии кишвар барои ҳимояи арзишҳои миллӣ саҳмгузор ва ҷояш ояд, фидокор бошанд.

Мавзӯъи шарҳи навбатӣ ба интернет ва ҷавонон бахшида шуда, онро Саидаҳмади Амин пешниҳод намуд. Гузориши ӯ бо истифода аз наворҳои аз сомонаҳои гуногуни хориҷӣ гирифташуда воҳиманок тофт. Муаллиф бори дигар тамошобинонро ҳушдор сохт, ки ба воситаи шабакаи ҷаҳонии интернет ба ҳар гуна  ташкилотҳои экстремистиву террористӣ шомил нагарданд. “Мутаассифона, хоинони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо интернетро барои андешаҳои нопоки худ истифода бурда, кушиш мекунанд фарҳанги бегонаро ба сари мо бор кунанд”, — иброз дошт муаллиф, аммо кушоду равшан нагуфт, ки киҳоро дар назар дошт. Аз ин гуна кинояҳо ва норавшан баён намудани фикр ҳусну қубҳи шарҳи мазкур, ки мавзӯяш рӯзмарра аст,  ба маротиб коҳид.

Шарҳи иқтисодии Фахриддини Муҳаммадюсуф ба баҳогузории Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ бахшида шуда буд. Дар он бо истифода аз фикри коршиносони масоили иқтисодӣ гуфта шуд, ки рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳо аз рӯи баҳогузории Бонки Ҷаҳонӣ соли гузашта 5,3% боло рафта, солҳои дигар умед аст то 6% мерасад ва сатҳи камбизоатӣ  то соли 2030 ду баробар поин меравад. Муаллиф рақамҳои бисёреро пеш оварда, бо онҳо рушди иқтисодиёти кишварро нишон медиҳад, ки падидаи хуб аст. Аммо беҳтар мебуд, дар оянда факту арқомро ба воситаи инструментҳои мултимедиавӣ, яъне замонавӣ карда, ба воситаи телеграфика нишон медоданд.

Яке аз гузоришҳо ба вазъияти таъмири роҳҳо дар вилояти Суғд (муаллиф Равзалӣ Амон) бахшида шуда буд ва бо истифода аз ҳамсӯҳбатони зиёд, аз қабили мутахассисон ва масъулони соҳа, инчунин  дар омади гап дар бораи саҳми сокини 91-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Турсуной Боқибоева хабар дод, ки ба ҷои сафари ҳаҷ пули мошингузари деҳаи худро таъмир намудааст. Агар муаллиф гузоришро на шаблонӣ, балки аз қиссаи ин қаҳрамон оғоз мекард, ба фикри банда, мавод ҳамовозӣ пайдо намуда, барои тамошобин пуртаъсиртар ва намунаи ибрат мегардид, чунки аз рӯи мушоҳида мардуми мо дар арафаи идҳои мусалмонӣ матраҳ намудани корҳои савобро дӯст медоранд ва чунин гузориш дар арафаи иди Қурбон нишонрас мегардид.

Дар муқоиса бо гузориши боло, дар маводи аз ноҳияи Ванҷ пешниҳодшуда, мушкилии набудани роҳи мошингард ва қувваи барқ дар деҳаи Зайҷи ҷамоати Язғулом баррасӣ гардид. Дар навор аз ҳолати кунунии деҳаи мазкур ва аз забони яке аз сокинони он, директори мактаб Азизбек Алиев маълум гардид, ки аз сабаби набудани қувваи барқ дар яке аз деҳаҳои дурдасттарини кишвар  алоқаи мобилӣ вуҷуд надорад ва чунин ҳолат боиси нигаронии сокинони он гаштааст, чунки онҳо аз вазъияти сиёсии на танҳо ҷумҳурӣ, балки дунё бехабаранд ва аз вазъи эпидемиологии вобаста ба куруно низ беташвишанд. Дар навор намояндаи гурӯҳи кории аз ҷониби ҳукумати ноҳия таъсисёфта хабар дод, ки гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳа мулоқот анҷом доданд ва барои ҳалли мушкилот чора меандешанд.

Гузориши навбатии Гулчеҳраи Саттор ба самаранок истифода бурдани қитъаҳои замин ва аз Абдурозиқи Азиз бошад, ба вазъи боғҳои фарҳангӣ-фароғатии вилояти Хатлон бахшида шуда буданд.

Камбудӣ ва умумияти гузоришҳои мазкур дар истифодаи матнҳои шаблонӣ  буд. Масалан, агар Гулчеҳра дар маводаш чун дар гузоришҳои пешинааш кишоварзонро васфу ситоиш намуда бошад, Абдурозиқ соҳибкоронеро, ки барои ободии боғи фароғатии ш. Бохтар саҳм гузоштаанд, “соҳибкорони бонангу номус” номидааст, ки аз рӯи мантиқ чандон дуруст нест.  Охир, агар мантиқан гирем, соҳибкорон боғҳои фароғатиро на барои бонанг буданашон, балки барои фоида гирифтан аз тиҷорат обод мекунанду дар он карусели  гуногуни кӯдакона ва қаҳвахонаю нуқтаҳои фурӯши яхмосро мегузоранд.  Ғайри ин, дар гузориш дар  бораи боғҳои фарҳангӣ сухан ронда,  сӯҳбати раиси  ҷамоати деҳоти Ваҳдати Левакантро истифода бурданд, ки дар бораи сохтмони 21 иншооти ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти кишвар мегӯяд, ки ба мавзӯъи баррасишуда чандон иртибот надорад.  Дар охир бошад, тарошаи аз бом афтода барин директори театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови ш. Бохтар Отахон Саидзода доир ба фаъолияти театр ва репертуари ҳарф зад ва боз дар анҷоми гузориш муаллиф ба мавзӯъи боғҳои фароғатӣ баргашта, таъкид намуд, ки имруз сокинон метавонанд дар ноҳияҳо (номи чанд ноҳияро гирифт) аз онҳо фаровон истифода бурда, истироҳат намоянд. Хуллас, гузоришгар аз мавзӯъ каме дур рафта, онро умуман ба масъалаи фарҳанг “часпонд”.

 «Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Хабари расмии баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистонро  барандаи доимии барнома Зубайдуллои Убайдулло хонда дод. Сипас, дар бораи фаъолияти ситоди шаҳрӣ  оид ба  пешгирӣ аз интиқол ва  паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Душанбе гузориш пешниҳод гардид, ки дар он аз ҷараёни гузаронидани рейдҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ  ва вохӯриҳо бо сокинони пойтахт хабар дода шуд.  Муаллифон аҳолии кишварро барои истифода набурдани ниқобҳои муҳофизатӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиву марказҳои савдо, боғу гулгашт, нақлиёти ҷамъиятӣ ва  бепарвоӣ танқид намуда, дар бораи хатари гирифторшавӣ бо коронавирус бори дигар гуфта гузаштанд. Дар наворҳо асосан шахсони дар ҷойҳои ҷамъияти бениқоббударо аз дурӣ ва фаъолияти гуруҳҳои кориро ҳангоми рейдҳо нишон доданд. Агар чунин наворҳоро бо истифода аз синхронҳо бо вайронкунандагони тартибот низ меоварданд, нишонрастар мебуд.

Гузоришҳои дигар ба муносибати омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шуда, яке аз онҳо дар бораи кушодашавии маркази бордоркунии сунъии чорво дар ҷамоати Мирзо Ризо ва дигаре  аз тармими роҳҳои байнидеҳавӣ дар ҷамоати Навободи ш. Ҳисор (Хуршед Ҳалимов) хабар доданд. Дар бахши кишоварзӣ бошад, гузоришҳо ба ҷамъоварии ғалладона дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Ширинҷон Сафарзода) ва  картошкапарварӣ дар минтақаи Рашт бахшида шуда буданд. Дар маводи аввалӣ муаллиф ба ҷузъиёти соҳавӣ бисёр дода шуда,  ҳатто кадом намуди ғаллаву ҷавро бояд кошт, номбар намуд, ки зиёдатӣ буд. Дар дуввумӣ бошад, баръакс  умумигуӣ зиёд буд.

Яке аз дастовардҳои барнома дар ҳафтаи сипаришуда ба воситаи қаҳрамонон дар бораи навгонӣ хабар додан аст. Гузориш аз ҷамоати Ҳалеварди ноҳияи Балхӣ дар бораи сардори хоҷагии деҳқонӣ Назрулло Шарифов буд. Марди деҳқон бо як ҳисси сарбаландӣ дар бораи боғдорӣ ва сабзавоткориаш ба тамошобин нақл намуд.  Муаллифи гузориш дар бораи қаҳрамони худ нақл карда, инчунин аз забони аъзои хоҷагӣ Наврӯз Салимов зикр намуд, ки  соҳиби ҷои кор асту даромади хуб ба даст меорад ва ҳосилро ба Русия интиқол медиҳад.

Қаҳрамони гузориши дигар аз Зафаробод, соҳибкори австралиягӣ, сардори фермаи инноватсионии бузпарварӣ Ҷэфри Дилон мебошад, ки дар борааш расонаҳои хусусии электронӣ бисёр навиштаанду навор пахш намудаанд. Ҷолибии гузориш ҳам дар қаҳрамони он аст: вай бо завҷааш Беттани, ки технологи соҳаи коркарди шир аст, озодона бо лаҳни тозаи тоҷикӣ гап мезаданд. Ҷэфри дар бораи хӯроки чорво, ки онро бо технологияи махсус дар заминҳои назди ферма парвариш мекунад, нақл карда, дигаронро низ бевосита ба ин иқдом даъват намуд.

Гузоришҳои ин нашри барнома дар умум рангоранг буданд, ки боиси таҳсин аст.

Яке аз онҳо ба дӯхтани либоси мактабӣ дар корхонаи дӯзандагии “Мавлуда”  аз ноҳияи Қубодиён буд. Қаҳрамони гузориш Мавлуда Турғунова, роҳбари коргоҳи дӯзандагии мазкур иброз дошт, ки дар ҳар ҷамоат панҷ  сехи дӯзандагӣ дорад ва 60% фармоиши умумии либоси мактабиро бо теъдоди 20 ҳазор ҷуфт барои мактабҳои ноҳия медӯзад.

Дар барномаи “Ҷамъбасти ҳафта” инчунин ба мавзӯъи доғ – зиёд шудани ҳолатҳои ғарқшавии ҷавонон аҳамият доданд ва дар ин бора муаллиф Хуршед Ҳалимов аз ш. Турсунзода гузориш омода намуд.

Анҷоми барнома бо гузориш аз мамнӯъгоҳи мавзеи Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҷамъбаст гардид. Дар он хабар дода шуд, ки барои олимону пажуҳишгарон парваришгоҳи бузҳои морхур ва нахчири пармашоҳ сохта шудааст ва онҳо метавонанд тадқиқотҳояшонро дар он ҷо гузаронанд. Дар баробари ин маълум нашуд, ки барои шаҳрвандони оддӣ низ ба ин мамнӯъгоҳ иҷозати даромад ҳаст ё не?

«Ҳафт руз» , ТВ «Ҷаҳоннамо» 

Барнома ғайриинтизор бе иштироки баранда ва бе истифодаи пешхабар пахш гардид. Аз нуқтаи назари дақиқу мубрам пешниҳод гардидани хабарҳо мисоли хуб буд.

Ин ҷо низ дар бораи ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар бо иштироки президент дар атрофи масъалаи марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар доданд.

Сипас силсилагузоришҳо дар бораи дар намоишгоҳи Тошканд баҳои баланд гирифтани мусофиркашонҳои истеҳсолнамудаи корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»,  сохтмону тармими 12 пули мошингузар дар минтақаи Рашт (гузориши Нилуфари Маҳмуд), ба истифода супоридани бинои идораи амволи ғайриманқул дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (Манучеҳри Ҷумъахон),  омодагиҳо ба ҷашни Истиқлол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Каримҷон Амроқулзода), рушди соҳаи саёҳии дохилӣ дар мисоли Панҷакенти бостонӣ (Ҳофизи Маҳмадалӣ),  ҷилавгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус дар вилояти Суғд нақл намуданд.

Бо вуҷуди кӯтоҳ ва мубрам пешниҳод кардани маводҳо, аксарияти гузоришҳо танҳо ҷанбаи хабарӣ доштанд, дар он таҳлил, қаҳрамон ва мусоҳибон кам истифода шуданд.

https://newreporter.org/tj/2021/07/13/rangorangjj-dar-tojikiston-qahramonon-dar-safina-va-daqiqkorjj-dar-jahonnamo-sharhi-xabarhoi-jambastjj-dar-shabakahoi-televizionii-tojikiston-az-4-to-11-iyul/


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2020 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31      
     
    Пайвандҳои лозима