15 июл кадом ниҳодҳо нишасти хабарӣ доранд?
Пагоҳ, 15 июл Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Палатаи ҳисоб соати
08:00 дар бинои ҳамин ниҳод ва Агентии назорати маводи нашъаовар соати
09:00 дар Агентии мазкур баргузор мешаванд.
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ нишасти матбуотиро соати
10:00 дар Кумитаи мазкур доир менамояд.
Нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соати
11:00 дар мақомоти мазкур баргузор мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои
238-54-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.
https://khovar.tj/2021/07/pago-kumitai-behatarii-ozu-avor-agentii-nazorati-mavodi-nashaovar-palatai-isob-vakolatdor-oid-ba-u-u-i-inson-nishasti-matbuot-barguzor-menamoyand/
DPF
14.07.2021 14:50
129
Хабарҳо