Рӯзноманигорон мегӯянд дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон мушкил аст, мансабдорон бо рӯзноманигорон суҳбат намекунанд, аксари дархостҳои журналистӣ беҷавоб мемонанд ва ё посухҳо хушк ва бе факту далел пешниҳод мешаванд. Муноқишаи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон бори дигар заъфи фаъолияти мақомоти марбутаро дар самти дастрасӣ ба иттилоот дар кишвар нишон дод.
Санаи 28-29 апрели соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зад. Ниҳодҳои дахлдор иттилоъ дар бораи ин ҳодиса, шумораи қурбониён ва ҷабрдидагонро расман пахш намекарданд ва маҳз ҳамин сабаб гардид, то хабарҳои бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд паҳн шуданд. Фақат баъди муддати тӯлонӣ, мақомот баъзе иттилоотро пахш карданду халос.
Риоя нашудани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот дар кишвар ҳамеша ба назар мерасид. Мансабдорони давлатӣ то ҳол ҷиддияти ин масъаларо эҳсос накардаанд. Мутааасифона, масъулин ҳақиқати оддӣ - ба ҳақиқат мубаддал гардидани хабари бардурӯғе, ки тули 24 соат инкор ё рад карда намешавад, дарк намекунанд.
Дар баробари ин зикр бояд кард, ки эҳтимол ҳолати изтирории фавкуззикр боиси ҳушдор ёфтани мақомоти низомӣ гардид, ки дар дар ҷараёни ҳодисаҳои марзи Точикистону Афғонистон Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ иттилоотро ба расонаҳо оҷилан дастрас намуд, ки боиси таҳсин аст. То кадом андоза судманд будани ин сабақро вакт нишон медиҳад.
Ҳамзамон АМВАОМТ ба воситаи платформаи дастрасӣ ба иттилоот мунтазам барои дастрас намудани маълумот ба ниҳодҳои давлатӣ дархости журналистӣ ирсол менамояд.Зикр бояд кард, ки журналистони мустақил низ тавассути платформаи мазкур, ки АМВАОМТ онро роҳандозӣ намудааст, ба ниҳодҳои давлатӣ дархости журналистӣ равон карда, иттилооти заруриро ба даст меоранд.
Дар моҳи июн АМВАОМТ ба чор ниҳоди байналмилалӣ – Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ ва Интерньюс дархости иттилоот аз тариқи почтаи электронӣ дар бораи барномащои грантии ин созмонҳо фиристод. Масъулини ин созмонҳо дар тули 1-3 руз на фақат омодагиашонро барои посух додан, балки мулоқот намуда шарҳ додани масоили марбут ба барномаҳои грантӣ иброз доштанд. Дар натиҷа, мо ба ҳамаи суолҳои худ посухи муфассал гирифтем.
Дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ба ниҳодҳои давлатӣ ва созмону ташкилотҳои гуногун, барои дастрас намудани иттиллот, ки барои истифода ва интишор зарур аст, дархости журналистӣ ирсол намуд. Пайгирии ин дархостҳо нишон медихад, ки дар аксар ҳолатҳо меъёри қонун дар бораи мӯҳлати посух риоя намегардад. Тибқи муқаррароти қонун ба дархости журналистӣ бояд дар муддати 3 рӯзи корӣ посух дода шавад. Дар сурати имконнопазир будани посух ба дархост, мақомот бояд дар бораи ба таъхир гузоштани он ба дархосткунанда хабарнома фиристад.
Санаи 4 марти соли ҷорӣ барои дастрас намудани омори 5 соли охири хушунати хонаводагӣ ба Кумитаи кор ба занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда шуд. Бо гузашти қариб 4 моҳ кумита ба дархсоти АМВАОМТ посух надодааст.
Барои дастрас намудани омори 5 – солаи худкушии занон санаи 1 июни соли равон аз ҷониби журналисти мустақил Фарзонаи Умаралӣ ба Кумитаи кор бо занон ва оила дархости журналистӣ ирсол карда шуд. Ба ин дархост низ кумитаи мазкур то ҳол посух надодааст.
24 июни соли ҷорӣ ба кумитаи мазкур вобаста ба омори заноне, ки ба танфурӯшӣ машғул ҳастанд, дархсоти журналистӣ ирсол карда шуд, аммо ин дархост ҳам то ҳанӯз бе посух мондааст.
Дар робита ба супоридани тест барои муайян кардани бемории COVID-19 рӯзи 16 апрел ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости журналистӣ ирсол шуд. Аммо ин вазорат ба дархости АМВАОМТ то ҳанӯз посух надодааст.
Санаи 7 майи соли равон ба Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ вобаста ба то куҷо ҳақиқат будани ихроҷи шаҳрвандони Қирғизистон аз қаламрави Тоҷикистон дархост ирсол карда шуд. Аммо аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ ба дархости АМВАОМТ посух ирсол нагардид. Айнан бо ҳамин мазмун дархости журналистӣ ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ирсол карда шуд, аммо ВКД низ ба дархости мо посух надод.
Мутаассифона ВКД, ки қаблан дар посух додан ба дархости журналистон фаъол буд, дар ду моҳи охир ба дархостҳои журналистӣ посух намедиҳад.
Тӯли 6 моҳ АМВАОМТ ва журналистони мустақил ба ниҳодҳои давлатӣ ва созмону ташкилотҳои алоҳида 29 дархости журналистӣ ирсол намудааст ва ба 7 дархост то ҳол ҷавоб нагирифтааст.
Барои беҳтар шудани сифати посухи дархостҳо журналистонро мебояд ҳарчӣ бештар аз ҳуқуқи худ вобаста ба иттиллоот истифода намоянд. Дар навбати худ мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои дигар барои таъмини шаффофияти фаълияти худ тибқи талаботи қонунгузории кишвар ба дархостҳо посухи қаноатбахш бидиҳанд.
Хадамоти мониторинги АМВАОМТ