То анҷоми муҳлати сабти дубораи симкортҳо тибқи ID-шиносномаҳо 8 моҳ вақт боқӣ монд.
Дар Тоҷикистон то ҳол 2 млн 444 ҳазор симкорти алоқаи мобилӣ мувофиқи шиносномаи намунаи соли 2014 сабти дубора нашудаанд.
Зимни нишасти хабарии имрӯза, 12 июл муовини сардори Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ Илҳомҷон Атоев изҳор намуд, ки то имрӯз ҳамагӣ 4 млн 960 ҳазор симкортҳо ба қайди дубора гузошта шудаанд.
Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, айни замон дар Тоҷикистон 7 млн 571 ҳазор муштариён аз алоқаи мобилӣ истифода мебаранд, ки 5 млн 144 ҳазори онҳо муштариёни фаъол мебошанд.
То анҷоми муҳлати сабти дубораи симкортҳо тибқи ID-шиносномаҳо 8 моҳ - то 15 феврали соли 2022 вақт боқӣ монд. Агар муштариён саривақт дубора худро ба қайд нагузоранд, рақамҳои онҳо ғайрифаъол мешаванд.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони Хадамоти алоқа аз рӯзноманигорон дархост намуданд, ки моҳи ахирро интизор нашуда, ба муштариён аз пешакӣ сабти дубора кардан хабар диҳанд.
“То ки баъд дар мизҳои шиносномадиҳӣ ва дафтарҳои кории ширкатҳои мобилӣ навбатпойиҳоиҳои ҳазорнафарӣ ба вуҷуд наояд”, - гуфтанд онҳо.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади амалисозии Қарори ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ҷиҳати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 сабтином шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15-уми августи соли 2019 аз нав ба қайд мегирифтанд. Он замон ба мизҳои шиносномадиҳӣ наздик шудан имкон надошт, чунки ҳазорон нафар навбат мепоийиданд.
Нимаи моҳи феврали соли 2020 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи дароз кардани муҳлати қайди дубораи симкортҳоро бо шиносномаи намунаи нави ID то 15-уми феврали соли 2022 ба имзо расонид. То ин дам 3,8 млн нафар корбарони алоқаи мобилӣ сабти дубора накарда буданд.
Аввали моҳи феврал ВКД ва Хадамоти алоқа ба Дастгоҳи иҷроияи президент бо дархости бори дигар дароз кардани муҳлаи сабти дубораи симкортҳо мактуб навиштанд.