Нӯъмонҷон Ғаффорӣ: Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ихтисоси журналист-омӯзгор таъсис дода мешавад
Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон нақша доранд, ки дар оянда ихтисоси журналист-омӯзгор таъсис диҳанд. Ҳамчунин дар донишгоҳ таъсиси «ТВ Донишгоҳи омӯзгорӣ» низ дар нақша аст.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳи мазкур, доктори илмҳои таърих, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд аз ҳисоби маблағҳои сармоягузории хориҷӣ роҳравҳои махсус бунёд шуда, ҳар моҳ ба онҳо сад сомонӣ кумак расонида мешавад.
Нӯъмонҷон Ғаффорӣ иброз дошт, ки дар донишгоҳ 20 нафар маъюбон фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, ки аз ин 8 нафар маъюби гурӯҳи дуюм ва 12 нафар маъюби гурӯҳи сеюм мебошанд. Барои онҳо тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, аз имтиёзҳои пешбинишуда бархурдоранд.
Зикр шуд, ки имсол 90-солагии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон таҷлил шуда, ба ин муносибат аз ҷониби Раёсати донишгоҳ «Энсеклопедияи Донишгоҳ» ва китобҳои «Қобуси Донишгоҳ», «Омӯзгор чароғи рӯзгор» чоп мегарданд.
https://khovar.tj/2021/07/n-mon-on-affor-dar-donishgo-i-davlatii-om-zgorii-to-ikiston-ihtisosi-zhurnalist-om-zgor-tasis-doda-meshavad/
DPF
13.07.2021 18:14
115
Хабарҳо