Дар Тоҷикистон суръати интернет дар ду сол афзоиш ёфт. Дар ин бора муовини роҳбари Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев зимни нишасти хабарии ин ниҳод ттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз дар соли 2019 суръати интернет дар кишвар аз 20 гигабит дар як сония зиёд набуд ва ҳоло он ба 70 гигабит расидааст.
Атоев таъкид кард, ки дар ин самт мушкилоти ҷиддие вуҷуд надорад ва мутахассисон барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта талош доранд.
Дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати Интернет бисёр барномаҳои миллӣ ва байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд, гуфт намояндаи Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ.
Атоев гуфт, ки кормандони ин ниҳод вазъи кори Шабакаи Умумиҷаҳонии Интернетро дар кишвар назорат мекунанд. Дар сурати мушкилот бо Интернет, ӯ аз сокинон даъват кард, ки аз провайдерҳо шарҳ талаб кунанд.
Беҳтар шудани сифати алоқа ба назар намоён аст: соли 2021 дар Тоҷикистон бисёр чорабиниҳои назаррас дар формати онлайн бидуни қатъ баргузор шуданд, таъкид кард Атоев.
Ғайр аз он, намояндаи Хадамоти алоқа афзоиши суръати Интернети мобилӣ ва ҷорӣ намудани тарофаҳои нисбатан муфид ва арзон аз ҷониби операторонро қайд кард.
Инчунин дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Атоев аз сокинони кишвар даъват кард, ки сабти номи дубораи симкортҳоро пешакӣ оғоз кунанд, ки мӯҳлати он пас аз ҳашт моҳ ба поён мерасад.
https://sputnik-tj.com/20210712/hadamoti-aloqa-surat-internet-tojikiston-behtar-1040819567.html