Суҳроб Рауфзода аз мақоми директори “Телевизиони Душанбе” барканор шуд
     TJ RU EN
07:41 / 2024-11-16

Суҳроб Рауфзода аз мақоми директори “Телевизиони Душанбе” барканор шуд

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ Маъруф Оқилов таъин шудааст.

Маъруф Оқилов то ин муддат дар МД “Телевизиони Варзиш” ба ҳайси муовини техникӣ фаъолият дошт.  Суҳроб Рауфзода бошад, аз 13-уми январи соли 2017 то 7 июли соли равон дар вазифаи директори “Телевизиони Душанбе” кор кард. Ҳоло  “Телевизиони Душанбе” дар баробари дигар шабакаҳои ҷумҳурӣ ба моҳвора пайваст аст ва барномаҳои онро имрӯз тамошобинон дар дохили мамлакат ва хориҷ аз он тамошо мекунанд. Муассис ва маблағгузори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад. https://pressa.tj/politic/su%d2%b3rob-raufzoda-az-ma%d2%9bomi-direktori-televizioni-dushanbe-barkanor-shud/


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима