Муколамаи кушоди Русия ва Тоҷикистон: журналистика, расонаҳо ва форматҳо
     TJ RU EN
07:22 / 2024-11-16

Муколамаи кушоди Русия ва Тоҷикистон: журналистика, расонаҳо ва форматҳо

24-уми июни соли 2021 дар Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе (МИФР) мизи мудаввари «Муколамаи кушоди Русия ва Тоҷикистон: журналистика, расонаҳо ва форматҳо» бо иштироки рӯзноманигорони Русия ва Тоҷикистон, намояндагони миссияи сафорати Русия дар кишвар, Россотрудничество ва профессорон — ҳайати омӯзгорӣ баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи барнома бо сухани муқаддимавӣ Иван Сергеевич Иванов — роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вера Александровна Анисимова — котиби дуюми Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карданд. Барандаи барнома директори МИТ ДДМ ба номи М. В. Ломоносов Дария Юревна Чижова буд.

Чорабинии мазкур ба иштирокчиёни барнома имкон медиҳад, ки малакаҳои касбии худро такмил дода, донишҳояшонро амиқ созанд ва барои коромӯзӣ дар самти таҳлили публитсистӣ даст ёбанд.

Сухангӯёни чорабинӣ Кирилл Сергеевич Кривошеев — хабарнигори рӯзномаи «Коммерсант» (Русия) ва Олга Юревна Вихрова — доктори илмҳои филологӣ, директори Маркази Авруосиёии тадқиқоти васоити ахбори оммаи факултаи журналистикаи ДДМ ба номи М. В. Ломоносов (Русия) буданд.

Иштирокдорони чорабинӣ мавзуҳои зеринро баррасӣ карданд: «Кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ — чӣ гуна трафики бомуваффақияти SMM-ро ҷой додан мумкин аст»; «Матнҳои дилгиркунанда — мо воқеан бояд ба матолиби кӯтоҳ гузарем»; «Форматҳои нав: оё YouTube ғолиби матнҳо хоҳад шуд?»; “Худсонсур ва ВАО”.

Дар охири чорабинӣ махсус барои иштирокчиён фуршет ташкил карда шуд.

http://farazh.tj/habari-ruz/mukolamai-kushodi-rusija-va-tojikiston-zhurnalistika-rasonaho-va-formatho/


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2020 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31      
     
    Пайвандҳои лозима