Чаро Facebook дар Тоҷикистон фалаҷ шуд?
     TJ RU EN
07:40 / 2024-11-16

Чаро Facebook дар Тоҷикистон фалаҷ шуд?

Чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба як мушкили ғайримаъмулӣ рӯ ба рӯ шудааст. Бархе корбарони Фейсбук аз он шикоят доранд, ки паёмрасони ин шабака дуруст кор намекунад ва баъзан хабарҳои саҳифаи асосӣ нав намешаванд. Мақомот мушкилро рад мекунанд, вале мутахассисон мегӯянд, мушкил эҳтимолан аз Маркази ягонаи комутатсионӣ аст, ки чанд сол пеш Хадамоти алоқа сохта буд.

Ҳасан Аҳмадов, сокини шаҳри Душанбе панҷ сол аст, ки дар Фейсбук саҳифа дорад. Мегӯяд, се рӯз пеш вақте вориди ин шабакаи иҷтимоӣ шуд, хабарҳои саҳифаи асосӣ нав намешуданд. “Фейсбук маҳкам буд ва даромадан намешуд. Сабабашро ҳам касе нагуфт. Аз хешу табор дар Русия пурсидам, гуфтанд, ки дар инҷо Фейсбук ягон мушкил надорад.”-, иброз дошт ӯ.

Ба ин монанд чанд корбари дигар низ гуфтанд, мессенҷер ё паёмрасони Фейсбук аз рӯзи сешанбе ба ин тараф дуруст кор намекунад. Корбарон мегӯянд, ин мушкил асосан дар вақти ворид шудан ба Фейсбук аз тариқи компютер пеш меояд. Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ вуҷуд доштани мушкил дар дастрасӣ ба Фейсбукро рад карданд.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа гуфт, “шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар ҳудуди Тоҷикистон фаъол аст.”

Вале санҷиши хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки шикояти корбарон дар масдуд шудани паёмрасони Фейсбук беасос нест. Барои фаҳмидани вазъ, мо аз тариқи паёмрасони Фейсбук аз компютер ба чанд нафар паём навиштем, аммо ин паёмҳо ирсол нашуданд. Дар вақти боз кардан, паёмрасон ё мессенҷер нишон медод, ки интернет пайваст нест. Вале вақте филтиршикан ё VPN-ро дар компютер фаъол кардем, паёмрасони Фейсбук бе мушкилӣ кор мекард.

Дар ҳамин ҳол, масъули як ширкати интернетрасон бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан дастрасӣ ба Фейсбук ва бахусус паёмрасони он мушкил дорад. Вале ин масъул мегӯяд, ҳалли ин мушкил аз ширкатҳои интернетрасон вобаста нест. Бархе мутахассисон пеш омадани чунин вазъро ба Маркази ягонаи коммутатсионӣ рабт медиҳанд. Далели ин кор, ба гуфтаи коршиноси масоили фанноварӣ Рустам Гулов ин аст, ки интернети ҳамаи ширкатҳо аз тариқи маркази ягонаи комутатсионӣ мегузарад.

“Вақте як мушкил дар провайдерҳои гуногун пайдо мешаваду мушкил якхел аст ва бо назардошти онки ҳамаи ширкатҳо интернетро аз як ширкати монополисти давлатӣ мегиранд, пас бо эҳтимолияти зиёд гуфтан мумкин аст, ки гап дар сари маркази ягонаи комутатсионӣ меравад. Чунки мушкил дар онҷо пайдо шуд, мушкил дар ҳама провайдерҳо пайдо мешавад”-,афзуд Гулов.

Соли 2016 Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Маркази ягонаи коммутатсионӣ таъсис дод, ки трафики интернет ва зангҳои хориҷӣ тариқи он мегузарад. Мутахассисон таъсиси ин марказ ва зери монополияи давлатӣ қарор гирифтани воридоти интернетро танқид карда буданд, аммо мақомот онро кори дуруст медонанд.

Маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон бори аввал нест. Бештар аз панҷ сол аст, ки гоҳ-гоҳ дастрасӣ ба шабакаи Фейсбук ва сомонаҳои хабарие чун “Озодӣ” ва “Азия-плюс” маҳдуд мешавад. Аз ҷумла аз моҳи апрел ба ин тараф дастрасӣ ба сомонаи “Радиои Озодӣ” дар Тоҷикистон маҳдуд аст. Мақомот ҳеҷ гоҳ сайтбандиро эътироф накардаанд.

Вале корбароне ба монанди Ҳасан Аҳмадов масдуд шудани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабариро қабул надоранд ва мегӯянд, набояд чунин бошад. “Ин технологияи асри 21 аст ва мо аз ин тариқ хабарҳои муҳимро мешунавем,”-мегӯяд ҳамсуҳбати мо Ҳасан Аҳмадов.

https://www.ozodi.org/a/31337706.html


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима