Журналистони тоҷике, ки дар мавзӯъҳои динӣ менависанд, чиро бояд донанд?
     TJ RU EN
06:27 / 2024-11-16

Журналистони тоҷике, ки дар мавзӯъҳои динӣ менависанд, чиро бояд донанд?

Моҳи июни соли равон, дар доираи лоиҳаи «Дастгирии фарогирӣ ва таблиғи озодии эътиқод» Internews барои рӯзноманигороне, ки махсус бо мавзӯъҳои динӣ сару кор доранд, омӯзиш доир кард. Дар умум, ин омӯзиш ду давра дар давоми панҷ рӯз ба шакли онлайн баргузор мегардад.  Хатмкунандагони бомуваффақияти омӯзиш имконият доранд, ки дар барномаи стипендиягӣ ширкат варзанд: мувофиқи мавзӯъи омӯзиш идеяҳо пешниҳод кунанд ва барои татбиқи он то 6000 доллари амрикоӣ дастгирии молиявӣ ёбанд. Ба омӯзиш намояндагони расонаҳо, рӯзноманигорон, вебнависон ва фаъолони ҷомеаи  шаҳрвандӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карданд. Зеро омӯзиш дар ин мавзӯъ дар кишвар камшуморанд.

Қисми аввали омӯзиши онлайн аз 7 ум то 11 уми июни соли равон доир гардид.  Яке аз ҷаласаҳои омӯзиш ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ, ки соҳаи озодии диниро ба танзим медарорад, бахшида шуда буд. “Новый репортер” аз ҷараёни ҷаласа иқтибосҳои заруриро ҷамъ овард.

Дар Тоҷикистони навин аз рӯйи маълумоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4058 иттиҳодияи динӣ  расман ба қайд гирифта шудаанд. Миёни ин иттиҳодияҳо 65-тоаш иттиҳодияҳои ғайриисломӣ мебошанд. Инчунин дар кишвар ташкилотҳои шиъа, исмоилияҳо, насрониҳо (христианҳо), православҳо ва католикҳо низ ба қайд гирифта шудаанд. Бояд гуфт, ки католитсизмро ба Тоҷикистон олмониҳо овардаанд. Ҳамзамон 19 иттиҳодияе ҳастанд, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Фаъолияти ин иттиҳодияҳо дар кишвар ғайриқонунӣ ва мамнӯъ аст. Ба ғайр аз ин, дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати сомонаҳои мамнӯъ ҳам ҳаст, ки аз ин линк  шинос шуда метавонед.

Меъёрҳое ҳастанд, ки донистан ва ба он диққат додани рӯзноманигорон ҳангоми омода кардани мавод ҳатмӣ мебошад. Ин меъёрҳои зерин аст:

  • Қонунгузории миллӣ;
  • Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ;
  • Меъёрҳои ахлоқӣ;

Ҳангоми омода намудани мавод бояд бо ин меъёрҳо шинос шавед ва албатта бо риояи  қонунгузориву Меъёрҳои ахлоқии журналистон матлаби худро омода созед. Барои мисол, вақте рӯзноманигор меъёрҳои ахлоқии журналистиро риоя мекунад, ба қонунвайронкунӣ роҳ намедиҳад. Зеро меъёрҳо аз қонунгузориҳо асос ёфтаанд.

Тамоми заминаи ҳуқуқии ҷумҳурӣ барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи дин, дар асоси меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфтааст. Моддаҳои 1, 5, 8, 10, 14, 17, 26, 30 -и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита бо самти ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин алоқаманданд ва меъёрҳои онҳо таъсири мустақим доранд. Мисол, дар банди 1 моддаи 17 -и Конститутсияи ҶТ гуфта мешавад: “Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад». Дар ин асос, метавон гуфт, ки меъёрҳои Конститутсия дар танзими муносибатҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдону озодии эътиқод мавқеи асосиро ишғол мекунанд.

Рӯзноманигор дар бораи он, чизҳое, ки аз тарафи қонунгузорӣ маҳдуд карда шудааст, маълумот дошта бошад. Чун мегӯянд, надонистани қонун аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Барои мисол, дар банди дуюми моддаи 30, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфта мешавад: “Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.”. Ин меъёр на фақат ба озодии баён, балки ба ҳама озодиҳо дахл дорад. Яъне дар ин меъёр, ҳама гуна табъиз, ҳам бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва ҳам байналмилалӣ манъ аст.

Кадом қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии диниро дар кишвар ба танзим медарорад?

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»- аз ҳама қонуни асосӣ, ки сарчашмааш моддаи 26-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва масъалаҳои озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои диниро ба танзим медарорад, зиёда аз 22 моддаро дар бар мегирад.  Дар ин қонун ҳамаи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандон ва инчунин ташкилотҳо оид ба озодии виҷдон оварда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». Дар ин қонун чанд моддаҳо мавҷуданд, ки масъалаҳои вобаста ба диниро баррасӣ карда ба танзим медарорад. Ба монанди ҷашнгирии хатнасур, маросими дафну азодорӣ ва маросими ҳаҷ.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”. Моддаи 9 ин қонун волидайнро уҳдадор мекунад, ки пеш аз ба хориҷа равон кардани фарзандашон барои таълими динӣ гирифтан, ҳатман розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатиро дар соҳаи дин бигиранд. Ҳамчунин,  дар соҳаи маориф — Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соҳаи дин — Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки метавонанд иҷозати таҳсилро дода бошанд.

Дар ҷамъбасти омӯзиш коршиносон ба рӯзноманигорон тавсия доданд, ки пеш аз маводро таҳия кардан бо санадҳои меъёрҳои ҳуқуқии милливу байналмилалӣ шинос шуда, мафҳумҳое, ки дар қонунҳо истифода бурда мешаванд, аз онҳо истифода баранд. Меъёрҳои ахлоқии журналистиро низ фаромуш накунанд. Зеро ин меъёрҳо ба хотири роҳ надодан ба ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи ҷомеаи рӯзноманигорон қабул карда шудааст.

https://newreporter.org/tj/2021/06/30/zhurnalistoni-tojike-ki-dar-mavz%d3%afhoi-dinjj-menavisand-chiro-boyad-donand/


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2020 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31      
     
    Пайвандҳои лозима