Сайёфи Мизроб: Худсензурӣ дар ҳама давру замон буд, ҳаст, мемонад
     TJ RU EN
06:30 / 2024-11-16

Сайёфи Мизроб: Худсензурӣ дар ҳама давру замон буд, ҳаст, мемонад

Журналист ҳамон ҳангом журналист аст, ки дар байни халқ, дар майдони кишт, дар сари сӯхтор, дар дохили ҷанг бошад, бевосита ҳаводисро бубинад ва дурусту дақиқ инъикос намояд…

Идомаи сӯҳбат бо журналист ва публитсисти варзида ва чеҳраи ошнои матбуоти даврони истиқлоли тоҷик, сардабири ҳафтаномаи «СССР» Сайёфи Мизроб, ки бахшида ба 55-умин солгардаш ороста шуда, перомуни фаъолияти эҷодии ӯ ва журналистикаи муосир ҷараён ёфт, пешкаши хонандагон мегардад.

Журналистика: пайравии беморӣ

— Устод, дар байни фарзандон танҳо духтари Шумо пайравиатонро кард ва ба журналистика омад: мегӯянд, Шумо дар аввал зид будед…

— Дуруст, аслан, зид будам, ки ба касби ман касе аз аҳли байтам ёр гардад. Чун журналистика беморист. Маризиест, ки дар ҳоли ҷо шудан дар рагу пайванд, бо ҷон мебарояд ва то баромадан бисёр рӯзҳо, ҳодисаҳо, фоҷеаҳо, андешаҳо, андаки хушӣ ва аксари нохушиҳои рӯзгорро ба сарат меоварад, ки фикр дорам, ҳаёти одамӣ кирои он набувад, ки хешро ин қадар озор динӣ.

Ҳеҷ мувофиқ набудам, ки духтарчаи хурдиям Омирона роҳи тайкардаи падарро пеш гирад. Аммо ӯ худ пофишорона ба ин ҷода омад. Ҳамон замон гуфтамаш, дар ин роҳ ман туро ҳеҷ намуд дастгирие намекунам ва дар ҳоли ба мушкилие дучор омадан, коре надорамат. Лек худ ин касбро интихоб намуд, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи журналистика супорид, хонд ва ба итмом расонид.

Имрӯз ҳам гарчанде дар идораи ҳафтаномаи мо фаъолият мекунад, аммо ҳеҷ дастгирӣ ва ё ба истилоҳи дигар бартарие ба ў дода намешавад ва ҳатто иҷозат намедиҳам, ки дар редаксия маро дадаҷон садо занад.

Журналист — рав, муаллима шав

— Сухани Воҳид Асрорӣ буда, ки «журналистика кори занона нест!». Пас Шумо ҳам бар ин ақидаед?

— Ёдам меояд, муаллим Асрорӣ, устоди Донишгоҳи мо буданд ва ҳамеша духтаронро мегуфтанд, «Равед, муаллима шавед! Журналистика кори занона нест!». Ин гоҳ духтарон ба ҳар ангеза пофишорӣ мекарданд, ки «не, мо журналист шудан мехоҳем!». Устод мегуфтанд:

— Агар аз редаксия супориш шавад, ки бирав ва аз фалон чӯпони болои кӯҳи Бадахшон интервю гирифта ор, оё рафта метавонед?

— Бале, меравем, — мегуфтанд духтарҳо.

— Аммо шавҳарҳоятон иҷоза медиҳад, ки ба кӯҳ бароед ва бо марде чанд шаб якҷо бошед?

— Мо шавҳаронамонро розӣ мекунонем, — дағдаға мекарданд онҳо.

Асрорӣ он гаҳ хеле оддӣ мегуфтанд: — он шавҳаре, ки розӣ мешавад занаш дар кӯҳсор бо марде танҳо вохӯрад, мард нест!

Лекин дар журналистикаи имрӯз ин гуна мушкилот нест. Журналистони имрӯзаи мо хело танбал шудаанд. 90-дарсад аз кабинет ё аз хонаи худ намебароянд: иттилоотро аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебардоранду матлабе омода мекунанд, ки аксар дархурди ҷомеа нест. Журналист ҳамон ҳангом журналист аст, ки дар байни халқ, дар майдони кишт, дар сари сӯхтор, дар дохили ҷанг бошад, бевосита ҳаводисро бубинад ва дурусту дақиқ инъикос намояд.

Акбари Бузург — нобиғаи журналистика

— Дарвоқеъ, таъбиратон, ки «дар рӯзҳои душанбеву сеншанбе журналист ҳуқуқи мурдан надорад!»-ро шарҳ медиҳед?

— Аслан, инро раҳматии Акбари Саттор мегуфт, ки «агар дар ин рӯзҳо бимиред, донед, ки дар ҷанозаатон ягон журналист намеояд». Таъбир ишора ба он ки рӯзҳои пуркории журналистон рӯзи чопи газета — душанбеву сешанбест. Имрӯз ман низ нимшӯхиву нимҷиддӣ ба кормандонам таъкид мекунам, ки агар бимиред, супоришҳои редаксияро иҷро карда, пас бимиред, вагарна дар ҷанозаатон касе ҳам намераваду аз паси тобутатон гап ҳам мешунавед, ки «мемурд, ягон рўзи дигар мемурд!»…

— Чун аз Акбари Саттор ёд намудед, ба гуфтаи ҳамаи журналистон, ӯ рӯҳи журналистикаро бедор кард. Баъд журналистика ба чӣ гирифтор шуд, ки имрӯз норизоӣ дар ҳар боби ин дафтар беш аст?

— Медонед, Парвардигор ба ҳар касбу пеша дар ҳар ҳазор сол як нобиға ҳадя мекунад ва сад дар сад гуфта метавонам, ки нобиғаи журналистикаи ин аср Акбаралӣ Сатторов буд. Баъди реҳлати ӯ мо Акбаргуна журналисте пайдо накардем ва пайдо нахоҳем кард. Ҷои Акбар холист…

Он шукӯҳу шаҳомате, ки Иттифоқи журналистон дар давраи раҳбарии Акбар дошт, дар ягон давра надошт. Он солҳо давраи нумӯи журналистикаи тоҷик буд ва ба он Акбар нур мебахшид. Қалби журналист ва журналистика пур буд, ки дар ҳоли бархӯрди проблемае мо Акбар дорем, ки мушкилии моро, баъд аз Худо, осон мекунад. Чун ӯ ҳам бо Ҳукумат забон меёфт, ҳам бо мухолифон ва инсоне буд забонширин, ситорагарм ва чеҳракушод, ки бар қалби ҳар нафаре ба осонӣ ҷой пайдо мекард.

Як нуктаи дигарро мегӯям, ки Акбар 3 вежагие дошт, ки дигарон надоштанд:

— Аввал, ӯ худ аз журналистикаи тахассусӣ ба ин самт омада буд ва пуле гашт миёни журналистикаи тахассусиву расмӣ, шахсиву ҳукуматӣ, ки ононро ба ҳам пайваст;

— Дигар, Акбар марди сарватманд буд ва ниёз ба ҳеҷ чиз надошт. Ӯ худ танҳо метавонист тамоми журналистони тоҷикро аз ҳисобаш солҳо серу пур нигаҳ дорад ва аз ин рӯ пеши касе сархам набуду намегашт. Хеле марди баномус ва сахїбуд ва бисёр мехост журналистикаи тоҷикро сархами нафаре набинад;

— Ва саввум, бисёр обурӯи баланд дар назди Ҳукумати марказӣ дошт ва суханаш дар ҳақиқат сухан буд;

Дарзимн, «Чархи гардун»-и ӯ замоне ба миён омад, ки журналистикаи тоҷик дар вазъи ногувор қарор дошт ва халқ аз журналистика фарсахҳо дур шуда буд. Акбари Бузург тавонист бо «Чархи гардун»-аш гардиши вазъро бозтобад ба сӯи журналистика ва дигарбора миллати тоҷикро рӯзномахон кунад.

Акбар қалбу рӯҳу нангу номуси журналистикаи тоҷик буд ва нисфи инро ӯ бо худ бурд… Журналистикаи тоҷик дигар Акбаргуна намеёбад.

 

Буду набуд якест

— …ба фаъолияти имрӯзи ниҳодҳои журналистӣ, аз ҷумла ИЖТ, Шӯрои ВАО, Академияи ВАО ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ чӣ назар доред: онҳо то чӣ ҳад вазифаи худро ба сомон мерасонанд?

— Шахсан ман мавҷудияти ин ҳама созмону ташкилотҳоро тамоман эҳсос намекунам ва ба мисли ман аксари рӯзноманигорон бар ин назаранд. Мо чӣ гуна ҳис кунем вуҷуди ИЖТ, Шӯрои ВАО ё Академияи ВАО-еро, ки тамоман аз мавҷудияти худ дарак намедиҳанд ва боре нашунидем, ки бар ин ё он масъалае ин ниҳодҳо ва ба монанди ин дигар ташкилоту созмонҳо садо баланд карда бошанд. Ҳамин қадар маълум аст, ки чанд нафаре дар курсиҳои нарм нишастаанду ба ном вазифа доранд, халос. Бо ин ҳама умедворам, баъди дар раъси Академияи ВАО омадани Саъдии Маҳдӣ — нафари патриот, ақаллан кор дар ин самт ранги дигар гирад. Дар ҳар сурат омадани Саъдии Маҳдиро фоли нек донем, чун ў проектҳои хуберо ба кор дароварданист.

— Пас, ба андешаатон бозори иттиллотии кишвар имрӯз ба кадом вазъ аст?

— Ба ҳар ҳол, дар сатҳе қарор надорем, ки аз он бинолем. Имрӯз имконият беш шуда истодааст ва наметавон кореро пинҳон кард: фарзи мисол, агар газетаи «СССР» вазъеро нагӯяд, як расонаи дигар мегӯяд, агар расона ҳам худсензуриро пеш гирад, шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, гарчанде, ки фейкҳо зиёданд. Бинобар ин бозори иттилоотии кишвар ба ҳар навъе набошад, пур аст.

Ман доим мегӯям ва «СССР»-ро ҳам бар ин самт равона кардаам, ки мо танқидро аз забони худ бишнавем. Дар ҳоле ки мо пинҳон мекунем, рӯзе не рӯзе газетаву расонаву сайти хориҷӣ мегӯяд, ки баъдан ба мо бад мерасад.

Озодӣ ва демократия

— Дар зимн, имрӯз ба озодии сухан ва озодии матбуот чӣ садгузор мешавад: сензураи «ғайрирасмӣ», худсензураи шахсӣ ё дигаре?

— Худсензурӣ дар ҳама давру замон буд, ҳаст, мемонад. Ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз он – дар Амрикову Аврупои демократ. Мо фикр мекунем, ки дар он қитъа демократия ҳасту дар ин қитъа нест ва ё дар фалон мамлакат озодии баён вуҷуд дораду дар фалони дигараш не. Аммо Шумо кай дар «Озодӣ» ё «BBC» ва «Франс Пресс» ё «Евронюс» хондаед, дидаед, ҳақиқати талхи кишвардории спонсорҳояшонро зери суол кашида бошанд? Бинед, тӯли 10-соли ахир беш аз 10 миллион инсонро дар қораи Араб НАТО бомбаборон намуда кушт, ҳамин қадарро бехонаву дар кард, 10 кишвари бутуни мусалмониро аз беху бун канд ва ин раванд идома дорад. Аммо дар ин боб ин расонаҳое, ки номашон рафт, магар як матлаб навиштаанд? Не ва ҳаргиз наменавсианд!

Ё метавонем ягон расонаи русиро мисол оварем, ки аз сиёсати ғосибонаи Кремл сухан ронда бошад? Нест! Демократияи имрӯз ҳамин гуна шудааст, ки рус амрикоиро танқид мекунад, амрикоӣ русро ва ғ.

Аз ин рӯ, бидонед, ки демократияву озодӣ ҳама вақт нисбист ва бидуни маҳдуда одамӣ ором зиндагӣ карда наметавонад.

ВАО-и миллӣ ва ВАО-и хориҷӣ: касбият зебоист, на сурат

— Ёдам омад, журналист ва публитсисти шинохтае чанде пеш дар сӯҳбат гуфт, «мо зери таъсири иттилооти шабакаҳои русӣ будем, ҳастем, хоҳем монд». Ба назари Шумо таъсири ВАО-и Русия дар фазои иттилоотии мо ҳоло чӣ андоза аст?

— Дар ҳақиқат зиёд аст. Аммо бадбахтона боз пайравии кӯркӯрона дорем. Имрӯз ба боварӣ гуфта наметавонем, ки мо дар расонаҳои худ, сар аз рӯзномаву маҷалла то телевизионҳои давлатӣ, журналистони собиқадори аз ҷониби ҷомеа шинохтаву пазируфташуда дорем. Ҳастанд, аммо ангуштшумор. Мутаассифона, журналистикаи давлатии моро гурӯҳе тасниф кардаанд: журналисти ҷавон ва журналисти пир. Ҷавононро бо худ медоранд, яъне кадри нав гуфта, ва собиқадоронро бемулоҳиза «хуш омадед» мегӯянд. Ин дар ҳолест, ки 80-фисади «кадрҳои нав» ҷое ба кор намеоянд. Инсоне баркамол гуфтугузору табсираҳои сиёсии онҳоро дида, дар ҳолати шок меафтад ва намедонад,бихандад ё бигиряд. Боястӣ, ҷавононро зери қаноти собиқадорон бигзорем, чун ҳар кӣ набошад, ин роҳро чандсолаҳо тай намудаасту шебу фарози онро медонад.

Журналистӣ, табибӣ, ҳунармандӣ, сарояндагӣ ин ҳама самте ҳастанд, ки сол то сол равандаи роҳро ба сӯи касбият мебаранд,яънепирнашавандаанд. Аммо мутаассифона, ҳамон нафарони тасодуфӣ, ки як муддате раҳбариро бар зери даст гирифтанд, полезро вайрон карданду собиқадоронро ба нафақа гусел, то «ҷавонони зебои хушсурат» даврон ронанд. Бояд дарк кард, ки зебоии журналист касбияти ӯст, на чеҳраву сураташ!

— Устод, таъсири ВАО-и хориҷа то чӣ ҳад хуб ва ё бад буда метавонад?

— Таъсири ягон ВАО-и хориҷа ҳеҷ вақт хуб буда наметавонад. Бар ин мисол меоварам: дар Шветсия то солҳои 90-уми қарни гузашта фикр мекарданд, ки мо бо Англяву Германия ягон мушкилӣ надорем ва корбасти расонаҳои ин кишварҳоро озод мегузоштанд. Аммо баъдан хатои бузурги худро дарк намуданд, ки мардуми мамлакат ба сӯи фаҳмишу фарҳанги дигар кишварҳо моил мешаванд ва ин ба рӯзе оварда мерасонад, ки бар рағми сиёсати давлат ва Ҳукумати марказӣ мешӯранд. Бо ҳамин истифодаи матбуоти берунаро манъ намуданд.

Боз якмисоли барҷастаи дигаре биорам?

-Ку,бишнавем?

— Қирғизистон ба мо дўсту бародар буд? Буд! Вале бинед, ки дар тўли 4 рўзаке, расонаҳои ин кишвар сари давлати мо он қадар бӯҳтону дурӯғ рехтанд, ки матбуоти советӣ бар зидди Германияи фашистӣ ва баракс нарехта буданд.

Пас, дилхоҳ давлат бояд такя ба хаймаи журналистикаи миллӣ занад. Мисолҳои боло ба аҳли фаҳм кофист.

— Метавонед гӯед, ки мо тақрибан чанд соли дигар журналистикаи миллии худро сохта метавонем, ки холӣ аз таъсири беруна бошад?

— Агар имрӯз собиқадорон ва профессионалҳо ба журналистика баргарданд, пас аз шаш моҳ ВАО-и Тоҷикистон ВАО-и тозаимиллӣ мешавад! Дар сурати акс-ҳич гоҳ!!!

Ман ба Шумо мисоли баде меоварам: имрӯз тамоми ҷануби Тоҷикистон телевизионҳои Афғонистон, аз ҷумла телевизиони «Тулӯъ»-ро тамошо мекунанд. Шимоли кишвар телевизионҳои Ӯзбекистон ва маркази мамлакат шабакаҳои русиро мебинанд. Пас саволе ба миён меояд, ки он ҳама маблағе, ки барои ВАО-и миллӣ ҷудо мешавад, ба кадом самт ҳаллу фасл мегардад, ки аҳолии кишвар такя ба ВАО-и беруна мекунанд?! Мониторинге сода ва тоза дар байни омма гузаронидан мебояд, ки дар натиҷаи он раванди фаъолияти ВАО-и миллӣ, алалхусус телевизионҳои давлатӣ тағйир ёбад.

Матбуот, пойдорӣ ва ниёзи он

— Мунаққидон бар ин назаранд, ки нашрияҳо сол то сол ҷойгоҳ ва мавқеи худро аз даст медиҳанд ва ҳатто ақидае ҳам пайдост ки «умри матбуоти чопӣ ба итмом расида»… Матбуот, махсусан нашрияҳои хусусӣ то кай пойдор мемонанд?

— Ман аз вақти донишҷӯ шуданам, аз соли 1983 инҷониб ин суханро мешунавам, ки «матбуоти чопӣ аз байн меравад». Аммо чуноне, ки мебинем, дар давраи тараққиёти ҷаҳон, дар пойдории интернет, ки сония ба сония аз иттилоот огаҳ мекунад, матбуот боқист.

Матбуот, ба ақидаам, то ҳаёт ҳаст, пойдор мемонад!

Матбуот хусусӣ шавад…

— Матбуоти хусусӣ чӣ, устод?

— Матбуоти хусусӣ имрӯз воқеан ниёз пайдо кардааст ба дастгириву имтиёздиҳии давлат. Дар ин замон ба матбуот дар Амрикову Аврупо ва ҳатто Ҷопон, ки дар он ҷойҳо матбуоти давлатӣ несту ҳама хусусиянд, супсидия — грандпулиҳо ҷудо мешавад. Имрӯз бояд дар мамлакати мо низ ин зарурият дарк шавад!

Ва масъалаи дигар ин аст, дар ҳоле, ки заводу фабрику колхозу совхозњо, мағозаву бозору майдонҳои варзишӣ хусусӣ шудаанд, чаро кулли матбуот хусусӣ нашавад? Барои пайдо шудани рақобати солим ва пурсамар бояд тамоми матбуот хусусӣ ва ё ақаллан саҳҳомӣ бишаванд. Танҳо дар ин сурат ҳар як редаксия барои аз даст надодани аудиторияи худ тамоми талошашро мекунад ва дар натиҷа матбуот мавқеъ пайдо мекунад, ВАО-и миллӣ ба вуҷуд меояд ва мамлакат ба сӯи пешрафт ҳаракат мекунад.

— Рӯзномаҳои хусусӣ бояд ба феҳристи обунаи давлатӣ ворид гарданд, пешниҳоди Шумо буд. Аммо намеандешед, ки ин боз пойбанд кардани худ бо дасти худ аст?

-Не, чунин нест. Рӯзномаҳои хусусӣ ба феҳристи обунаи давлатӣ ворид гарданд ва хонанда ихтиёр пайдо кунад, ки ба кадоме — ба «СССР» ё «Садои мардум», ба «Самак» ё «Минбари халқ» обуна шаванд, чӣ пойбандкарданист?

— Ҳарчанд ҳунармандон аз барпоии театр ва журналистон аз қиёми матбуот мегӯянд, аммо рӯз то рӯз шумораи бинандаи театр ва хонандаи матбуот коҳиш меёбад. Як сабаби камхонанда гардидани рӯзнома ба фикри Шумо?

— Шояд ба таблиғ беш рӯ овардани редаксияҳо бошад.

— Роҳи пешрафт ку?

— Профессионал будан ва ба халқ наздик шудан.

 

Мунаққид — душман

— Меоваранд, ки 10 ва ҳатто 5 соли пеш матбуот ранги дигар дошт, аммо «мақомот то ҳол ВАО-ро чун як бародар ва ё дастёри беминнат қабул надоштанд ва надоранд». Ихтилоф аз куҷо?

— Мутаассифона, мақомоти давлатии мо на танҳо журналистикаи хусусӣ, ҳатто журналистикаи давлатиро бар худ душман меҳисобанд. Мунаққид — душман, ин гуна фаҳм шудааст, ки боиси таассуф аст.

— Техника ба фикри шумо ёридиҳандаи матбуот шуд ва ё ба пои он зад?

— Не, хонандаи матбуотро коҳиш дод.

— Намеандешед, ки беҳтар аст, воситаҳои электронии ахборро беш кунем?

-Он ҳам дар баробари матбуоти даврӣ.

— Ҷамъе ақида доранд, ки «гӯши суханшунав дар ҷамъияти мо нест»…

-Мутаассифона, он ҷамъ дуруст мегӯянд.

— Мушкилии асосии имрӯзи журналист ва журналистика?

— Ноиттифоқ будани ҳамкасбони мо.

Пушаймонӣ ва ҷасорат

— Чанд бор шуда, ки аз умри гузашта дар журналистика пушаймонӣ карда бошед?

— Ман як умр аз ба журналистика омаданам пушаймонам.

— Ним аср зиёд умр дидед, аммо чаро то ҳол тарона менависед?

-Сину сол то рафт боло меравад, андешаҳо ба рӯи қоғаз мепошанд.

— Ҳоло ҳам ошиқ шудан имкон дорад?

-Бале.

— Журналисте гуфта, ки ҷасорати қаламкаш ӯро рӯзе бар ҳуҷраи ҷарроҳӣ мебарад… Шмо ҳам аз ин ҳуҷра гузаштаед, аммо сабаб чи буд?

— Ба ман борҳо ҳамла овардаанд ва ҳатто суиқасд бар ҷонам ҳам шудааст. Сабаб ҳамин қалам, ки гоҳо бад тез мешавад… Аммо ҳар он нафаре, ки журналисти олӣ не, журналисти хуб шудан мехоҳад, бидонад, ки рӯзе аз ин ҳуҷраи гуфтаи Шумо мегузарад.

— Хуршеди Атовулло мегӯяд, вақте маводи ман ба касе писанд несту мавриди накӯҳиш қарор мегирад, бигзор нахонад. Шумо чӣ мегӯед?

— Ман ҳам! Чӣ зӯр омадааст ба нафароне, ки моро намехоҳанду мавриди писандашон нестем, матолиби моро бихонанду боз аз паси мо ғайбату бӯҳтон бизананд?

— Марги тадриҷӣ ба журналист чист?

-Танбалӣ. Журналист бояд ба он ҳадде қувва дошта бошад, ки ҳам бо сухан ва ҳам бо тану ҷисм худро ҳимоя бикунад.

— Додоҷони Атовулло барои Шумо кист?

— Бузургтарин тоҷик, ҳампеша, дӯст ва шахсияте, ки ҳеҷ вақт мавқеи худро иваз накардааст. Борҳо шудааст, ки аз мақомот матлабҳои зидди Додоҷон овардаву таҳдид кардаанд, ки он бояд ба нашр равад. Аммо ман ҳиҷ вақт ин корро, на дар ҳаққи Додоҷон ва на ба рағми журналисте дигар анҷом надодам ва намедиҳам, вале ба шарте, ки мухотаб воқеан рӯзноманигор бошад, на сафсатанигор.

— Ҳар гоҳе раиси ниҳоди расмие ба истеъфо меравад, овозаҳо ба миён меояд, ки Сайёфи Мизроб ивазкунандаи он мешавад. Аммо бо гузашти ин қадар сол Шумо ба мақоми давлатие нарафтед. Омил чист ва ин овозаҳо аз куҷост?

— Гоҳо ба гӯши ман ҳам омада мерасад… Овозаҳо аз ҷониби ҳамон нафаронест, ки онро гоҳ барои гӯё манфиати ман ва гоҳо бар зиддам пахш мекунанд. Аммо ман шахси ворастаам ва фикр мекунам бузургтарин мансаб дар ҷомеа пазируфта шудан аст, ки ман каму беш инро дорам ва аз ин болотар мансабе нест ва агар бошад, лозимам нест.

 

Андеша ва гуфтор

— Дар танҳоӣ ба чӣ меандешед?

— Вобаста ба рӯҳияи ҳамон шабу рӯз: гоҳо дар фикри рӯзгор, гоҳи дигар кор ва баъзан андешаҳои ошиқӣ…

— Тарси Шумо бештар аз чист?

-Аз он ки мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон бозӣ мекунаду ман он рӯз нестам…

— Аз кадом амали хеш пушаймонед?

-Аз журналист шудан.

— Бедорхобиатон аз пушти журналистика то чӣ ҳад аст?Ва умуман бедорхобӣмекашед?

-Дар синну соли ман то доруи хоб нахӯрӣ, хобат намебарад.

— Лаҳзаҳое буданд дар зиндагӣ, ки мехоҳед фаромӯшаш кунед?

-Не. Ҳар чӣ ки бар сарам омад, аз тақдир дидам ва дар ёд дораму бо ман ба хок мераванд.

— Акардион навохта метавонед?

-Дар ҳадди як-ду оҳанг. Аммо таблро хуб мезанам.

— Кадом телевизион ва кадом барномаро пайваста тамошо мекунед?

— Пайваста ҳамаи шабакаҳои футболиро ва ҳамчунин «Евронюс»-ро.

— Имзои мустаор доштед: чӣ буд?

-Бале. Имзои мустаъор барои ҳамин аст, ки фошаш накунем…

— 55-умин солгард муборак!

— Саломат бошед!

http://farazh.tj/musohiba/sajjofi-mizrob-hudsenzury-dar-hama-davru-zamon-bud-hast-memonad/

Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима