Дар робита ба омодагиҳо дар мамлакат барои ташрифи роҳбари Ӯзбекистон, котиботи Вазорати умури хориҷа менависад, ки номнависи хабарнигорони хориҷу дохил оғоз гардидааст.
Ҳамчунин, вазорат мегӯяд, намояндагони ВАО - и ватанӣ ва хориҷӣ, ки дар Вазорати умури хориҷа аккредитатсия доранд, бояд ному насаб, вазифа, номи расона, аксу суроғаи электрониро ба ин ниҳод ирсол кунанд.
Қаблан гуфта шуд, ки Шавкат Мирзиёев дар доираи сафараш ба Тоҷикистон аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд боздид мекунад.
https://sputnik-tj.com/20210528/tojikiston-tashrif-mirziyoev-omodagi-1039816996.html