Як ҳайати рӯзноманигорони ӯзбек ба Тоҷикистон меоянд
Онҳо доир ба муносибатҳои дӯстонаи мардуми тоҷику ӯзбек як силсила гузориш таҳия мекунанд.
Имрӯз, 17 май як ҳайати рӯзноманигорони ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меоянд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҷамъияти ӯзбекони Тоҷикистон.
Рӯзноманигорони кишвари ҳамсоя ният доранд, ки дар бораи муносибатҳои дӯстонаи мардуми тоҷику ӯзбек барои 12 шабакаи телевизион ва 4 шабакаи радиои Ӯзбекистон як силсила гузоришҳо таҳия намоянд.
Давоми як ҳафта онҳо аз шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода, ноҳияҳои Қубодиён ва Спитамен боздид хоҳанд кард.
Аз ҷумла дар Душанбе онҳо ба тамошои Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Алишери Навоӣ ва “Кохи Борбад” рафта, бо ҳамтоёни тоҷики худ вомехӯранд ва меҳмони оилаҳои якҷояи тоҷикону ӯзбекон мешаванд.
Дар шаҳи Турсунзода доир ба дастовардҳои деҳқонон гузориш таҳия шуда, дар Қубодиён аз беморхонаву дар Спитамен аз мактаб, ки ин иншоот аз ҳисоби маблағгузории Ӯзбекистон, боздид хоҳанд кард.
Ҳамчунин рӯзноманигорони ӯзбек ният доранд, ки бо шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон суҳат кунанд.
https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20210517/yak-aiati-rznomanigoroni-zbek-ba-toikiston-meoyand?fbclid=IwAR2oj4xwAWStSAFAx8ZmvBhv7eRGVWv0CSPefNv3Cj93DcOl6y06sRSTfFU
DPF
17.05.2021 13:58
134
Хабарҳо