Радио ва телевизионҳои хусуии Тоҷикистон пурра таҳти назорат қарор мегиранд
     TJ RU EN
06:28 / 2024-11-16

Радио ва телевизионҳои хусуии Тоҷикистон пурра таҳти назорат қарор мегиранд

Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон фаъолияти истгоҳҳои радио ва шабакаҳои телевизионии хусусиро дар кишвар пурра таҳти назорат гирифт.

Дар қарордоди нави тамдиди парвона ё муҷаввизи кор барои истгоҳҳои радио ва шабакаҳои телевизионии хусусӣ дар Тоҷикистон омадааст, ки минбаъд онҳо матни гузоришу маводи худ ба забони хориҷӣ, аз ҷумла русӣ бояд бо кумита мувофиқа намуда, ҳамзамон вазифадор ҳастанд, ки дар бахши иттилоот "дар доираи сиёсати давлатӣ" кор кунанд.

Дар сурати имзо накардани ин қарордод радио ва шабакаҳои телевизионии хусусии кишвар аз муҷаввизи кор маҳрум хоҳанд шуд.

Муҷаввизи солонаи кори радиову телевизионҳои хусусии кишвар ҳамасола дар охири мавсими баҳор ва аввали тобистон тамдид карда мешавад. Масъулони радиову телевизионҳо гуфтанд, имсол барои тамдиди муҷаввизи фаъолият қарордоди навро дарёфт карданд.

Радиову телевизионҳои хусусии кишвар дар баробари мувофиқаи матни гузоришу маводи худ ҳамчунин вазифадор карда шудаанд, ки намояндагони худро ба ҳамаи ҷаласа ва чорабиниҳои Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон фиристанд. Ба ҷуз ин, онҳо муваззаф хоҳанд буд, ки маводи расонаҳои давлатиро пахш кунанд.

Қарордоди нав радиову телевизионҳои хусусии кишварро аз бастани созишномаи ҳамкорӣ бо расонаҳои хориҷӣ ва нашри матлабҳои онҳо низ бидуни иҷозати кумита маҳрум менамояд. Ба ҷуз ин, онҳо бояд ба ҳамаи тарҳои тиҷории худ расонаҳои давлатиро ҷалб намоянд. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин иқдом "беҳсозии сифати кори радио ва телевизионҳои ғайридавлатӣ аст. Вале коршиносон бар инанд, ки иқдоми мазкур шароти кории рӯзноманигорон ва вазъи озодии баёнро дар Тоҷикистон бадтар меамояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар Шохиси солонаи озодии матбуот имсол дар миёни 180 кишвар мақоми 162-ро гирифтааст.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз 30 телевизион ва радиои мустақил фаъолият дорад, ки ҳар панҷ сол бояд муҷаввизи фаъолияти худро дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон тамдид кунанд. То оғози соли 2021 боҷи парвонаи кори телевизион ва радиоҳои мустақил бештар аз 700 сомонӣ буд. Акнун ин маблағ то ба беш аз 13 ҳазор сомонӣ боло бурда мешавад. Телевизионҳои давлатӣ аз гирифтани иҷозатномаи кор ва пардохти маблағи боҷи парвона озод шудаанд.

https://www.centralasian.org/a/31248268.html?ltflags=mailer&fbclid=IwAR0AlkZO7C6c_JEV2TIOYm_bgjX-U5O4XmC_83DHG91eYjRZlwdv9dHJUMY


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима