“Кам-кам гӯш мекунем”, “не, радио гӯш намекунам”, “гӯш мекунам, махсусан барномаҳои Субҳон Ҷалиловро”, “аз радиоҳои ҷумҳурӣ бештар барномаҳои табрикотиро мешунавам”… ин ҷумлаҳои пароканда ҷавобҳои сокинони Душанбе ҳастанд, ки ба саволи “оё радио гӯш мекунед?” ҷавоб гуфтаанд.
7 май Рӯзи умумиҷаҳонии радио аст ва имрӯзро аксари кормандон ва ҳаводорони радио медонанду ба тарзҳои гуногун якдигарро табрик мекунанд. Ба ин муносибат хабарнигори Pressa.tj дар кӯчаҳои Душанбе аз роҳгузорон пурсид, ки оё радиои кишварро мешунаванд ва кадом барномаҳоро медонанд.
Видеои мазкурро ин ҷо метавонед бубинед:
https://pressa.tj/literature_tj/r%d3%afzi-radio-oyo-sokinoni-dushanbe-barnomai-d%d3%afstdoshtai-hudro-dorand/