Аз аввали соли ҷорӣ қимати дарёфти муҷаввизи фаъолият барои истгоҳҳои радио ва шабакаҳои телевизионии хусусӣ дар Тоҷикистон то 20 маротиба афзоиш ёфта, ниҳоди назоратӣ дар симои Кумитаи радио ва телевизион, ҳаққи мудохила ба корҳои идории онҳоро пайдо кардааст.
Ҳамзамон радио ва телевизионҳои хусусӣ вазифадор шудаанд, то як дарсади фоидаи худро ба ҳисоби ин кумита интиқол диҳанд. Соҳибназарон ин амрро монеи ҷиддӣ дар озодии баён ва рушди шабакаҳои иттилоърасонии кишвар унвон мекунанд.
Нуриддин Саид: "Мо кори худро мекунем"
Беш аз сӣ шабакаи мустақили радио ва телевизиони Тоҷикистон дар остонаи замони тамдиди муҷаввизи фаъолияти худ огаҳӣ ёфтанд, ки арзиши ин санад то бист маротиба боло рафтааст. Ҳамзамон, Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба сурати иҷборӣ аз онҳо имзои қарордоди наверо талаб мекунад, ки тибқи он расонаҳои хусусии электронӣ вазифадор мешаванд то як дарсади даромади худро ба ин кумита интиқол диҳанд.
Ҳарчанд, намояндагони ширкатҳои хусусии радио ва телевизион аз хавфи дарёфт накардани тамдиди муҷаввизи фаъолият нахостанд бо Радиои Озодӣ дар ин бора сӯҳбат кунанд, нусхае аз ин қарордод ба дасти мо расид. Тибқи яке аз муқаррароти он, шабакаҳои радиоӣ, ки ба забони русӣ гузоришҳо пахш мекунанд, қабл аз пахши ин мавод бояд масъулини кумитаро бо муҳтавои он ошно созанд.
Нуриддин Саид, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "наметавонад дар ин бора телефонӣ сӯҳбат кунад". Вақте дубора аз қабулгоҳи ин идора бо Нуриддин Саид дар тамос шуда, хостори шарҳи ин мавзӯъ шудем, гуфт, ки "мо кори худро мекунем, шумо аз пайи кори худ бошед".
Назари дигари вакили порлумон
Аммо, дар маҳофили бахшида ба рӯзи озодии баён дар Тоҷикистон ин мушкил аз сӯи бархе аз соҳибназарон матраҳ шуд.
Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон дар як суҳбати худ дар ин робита гуфт, аз тағйирот -- талаботи нав барои дарёфти муҷаввизи телевизиону радиоҳои мустақил огаҳии комил надорад, вале чунин талабот ва гароншавии қиммати дарёфти муҷаввизро истиқбол намекунад. Вай изҳор дошт, ки ин мавзӯъро бо ниҳодҳои марбутаи ҳукуматӣ баррасӣ хоҳад кард:
"Вазифаи давлат, вазифаи ҳукумат ин нест, ки мо матбуоти худро буғӣ кунем. Мо бояд руйрост гӯем. Мақсади мо ин аст, ки матбуоти мо инкишоф ёбад, мардуми мо дастрасиро ба иттилоот пурра пайдо намояд. Дар он ҷое, ки маълумот пурра аст, мардум ҳам ором аст. Қарорҳои дуруст ҳам қабул карда мешавад",--гуфт ӯ.
Боло рафтани боҷи парвона ё муҷаввизи кор ва тағйир ёфтани қоидаҳои нави ҳамкории телевизион ва радиоҳои мустақил бо Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон сабаби нигаронии моликони шабакаҳои электронии ғайридавлатӣ ва ҷомеаи журналистии кишвар шудааст.
Дахолат ба сиёсати идории радио ва телевизионҳои хусусӣ
Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Нуриддин Қаршибоев қонунмандии ин дигаргуниҳоро зери суол бурд: "Ин навовариҳо нафақат хилофи меъёрҳои байналмилалӣ ё таҷрибаи пешқадами рушди радиову телевизион, балки вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи рақобат аст. Яъне, Кумитаи телевизион ва радиои ҳукумати Тоҷикистон аз ҳуқуқи монополии худ истифода бурда, озодиҳои радио ва телевизионҳои ғайриҳукуматиро маҳдуд мекунад".
Бар асоси яке аз талаботи нави қарордод бо Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, истгоҳҳои хусусии радио ва телевизион ҳақ надоранд бе иҷозати ин кумита бо расонаҳо ё созмонҳои хориҷӣ қарордодҳои ҳамкорӣ дошта бошанд. Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, ҳарчанд Қонуни Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавӣ ин ҳуқуқро ба шабакаҳои мустақили радио ва телевизион кафолат додааст. Ба эътиқоди ҷаноби Қаршибоев, "ин кор дахолат ба сиёсати идории радио ва телевизионҳои ғайриҳукуматӣ аст, ки ин чизро низ дар чаҳорчӯбаи талаботу меъёрҳои қонунгузории ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ хилоф аст".
Бархе аз соҳибназарон чунин маҳдудсозӣ ва ҳақситонии иҷборӣ дар пасманзари ҳаводиси ахири марзиро фишор дар дарёфту нашри ахбори дақиқ унвон мекунанд. Ба эътиқоди Абдумалик Қодиров, раиси созмони "Медиа-Алянс"-и Тоҷикистон, ин ҳама муқаррарот метавонад дар ин шароит боиси муфлисшавии расонаҳои мустақили электронӣ гардад.
Як дарсад барои чӣ?
Дар матни шартномаи кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ки ба дасти Радиои Озодӣ расидааст, гуфта мешавад, ки пардохти як дарсади даромад аз сӯи телевизион ва радиои мустақил барои хизматрасониҳои ин кумита ва рушду пешрафти бахши телевизион ва радио муқаррар шудааст. Ранжет Ятимов, ҳуқуқдони Созмони ҷамъиятии “Хома” бар ин бовар аст, ки муқаррароти ин қарордод комилан ғайриқонунӣ аст.
Ӯ гуфт: "Ҳамин ҳуҷҷатҳоро мо дида баромадем, таҳлил кардем, ҳам шартнома ва ҳам аттестатсияе, ки онҳо мегӯянд, ин ғайриқонунӣ аст. Яъне, ба талаботи қонун дар бораи гирифтани иҷозатнома ва талаботи худи қонун дар бораи телевизион ва радио мухолифат мекунад."
Феълан дар Тоҷикистон беш аз 30 телевизион ва радиои мустақил фаъолият дорад, ки ҳар панҷ сол бояд муҷаввизи фаъолияти худро дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон тамдид кунанд. То оғози соли 2021 боҷи парвонаи кори телевизион ва радиоҳои мустақил бештар аз 700 сомонӣ буд. Акнун ин маблағ то ба беш аз 13 ҳазор сомонӣ боло бурда мешавад. Телевизионҳои давлатӣ аз гирифтани иҷозатномаи кор ва пардохти маблағи боҷи парвона озод шудаанд.