Дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ҷашн гирифта шуд
     TJ RU EN
07:25 / 2024-11-16

Дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ҷашн гирифта шуд

5-уми май дар Душанбе мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот (РҶОМ) бо иштироки рӯзноманигорон, коршиносон ва намояндагони васоити ахбори омма, созмонҳои ҷамъиятӣ, мақомоти давлатӣ, инчунин ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндагони агентиҳои СММ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Дафтари ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо UNHCR, ЮНЕСКО ва ташкилоти ҷамъиятии “Хома” ташкил карда шуда, ба таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот бахшида шуда буд. Дар ҷараёни чорабинӣ, иштирокчиён назари худро оид ба таъмини дастрасӣ ба маълумоти тасдиқшуда, воқеӣ ва боэътимод дар даврони COVID19 ҳамчун беҳбудии ҷамъиятӣ, ки ба барқарор кардани ҷомеаҳои тобовар дар саросари ҷаҳон нигаронида шудааст, иброз доштанд.

Дар сухани ифтитоҳии худ, ҷаноби Саидмурод Фаттоҳзода, вакили парлумон, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, аҳамияти ҳамкорӣ бо ВАО-ро қайд кард ва тарафдориро оиди боз ҳам беҳтар намудани вазъи дастрасӣ ба иттилооти босифат ва саривақтӣ барои манфиати ҷамъиятӣ қайд намуд.

Хонум Сезин Синанолу, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, дар сухани ифтитоҳии худ гуфт: “Дар асри 21, ки давраи иттилоотӣ ва рақамисозӣ аст, дастрасии пурра ва бехатар ба ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои дониши дастаҷамъӣ ва фароҳам овардани шукуфоии муштарак муҳим аст. Ғайр аз он, пандемияи COVID-19 муҳим будани дастрасиро ба маълумоти боэътимод барои наҷоти ҳаёт нишон дод. Биёед ҳамкориро баҳри баланд бардоштани дастрасии ВАО ба маълумоти дақиқ бо мақсади таъмини ҳуқуқи ҳар як фард ба гирифтани иттилоот вусъат бахшем.”

Дар ҷараёни мулоқот якчанд презентатсияҳо дар мавзӯъҳои мубрам, аз қабили механизмҳои ҳуқуқи инсон ва дастрасӣ ба иттилоот; дастрасӣ ба иттилооти расмӣ ва мубодилаи маълумоти дақиқ ва қобилияти истифодаи ВАО дар давраи COVID19 пешниҳод гардиданд. Иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки гузариш ба ВАО-и онлайн ва иштироки васеи шабакаҳои иҷтимоӣ набояд монеаҳоро барои дастрасӣ ба иттилоот тавассути ВАО-и анъанавӣ эҷод кунад. Бояд кӯшишҳо оид ба баланд бардоштани савияи иттилоотӣ ва маърифати рақамии аҳолӣ ҳамчун яке аз салоҳиятҳои асосии ҷаҳони муосир, ки ба онҳо имконияти фарқ кадрани хабарҳои бардурӯғ ё ғалат ва истифодаи маълумоти боэътимодро медиҳад, ба роҳ монда шаванд.

Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ соли 1993 пас аз музокирот дар конфронси ЮНЕСКО дар Виндхук, Намибия дар соли 1991 эълон карда шудааст. Он ҳамчун воситаи огоҳ кардани шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқи онҳо ба озодии баён ва мушкилоти марбут ба татбиқи ин ҳуқуқ дар саросари ҷаҳон хизмат мекунад. Соли 2021, ки 30-солагии Конфронси Виндхук таҷлил мегардар, Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ба масъалаҳои муосири озодии баён, дастрасӣ ба иттилоот ва нақши рӯзноманигорӣ дар хидмати давлатӣ дар системаи экосистемаи тағирёфта бахшида шудааст.

http://farazh.tj/habari-ruz/dar-tojikiston-ruzi-jahonii-ozodii-matbuot-jashn-girifta-shud/


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима