Маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот хилофи манфиатҳои миллату давлат аст
     TJ RU EN
07:47 / 2024-11-16

Маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот хилофи манфиатҳои миллату давлат аст

Муноқишаҳои рӯзҳои ахир дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон бори дигар ҳолати ташвишовар ва паёмадҳои ногувори махдуд кардани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро дар кишвар баръало нишон доданд. Масалан, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи кишвар дар ин рӯзҳо ягон маълумоти расмӣ пахш накарданд ва ба зангҳои телефонии рӯзноманигорон ҷавоб надоданд.       (https://asiaplustj.info/ru/stories/20210429/297035).

Дар маълумоти пахшкардаи Қӯшунхои сарҳадии КДАМ, Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон иттилоъ дар бораи қурбониён ва ҷабрдидагон ҳодисахои марзии 29-30 апрели солди 2021 мавҷуд набуд. Ин ҳолат боиси паҳн гардидани иттилои бардуруғ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ гардида, эҳтимоли дар сабқати иттилоти дастболо шудани Қириғизистонро боло мебарад.  Далелсанҷҳои Тоҷикистон (Factcheck.tj) аллакай чанд ҳодисаи дасткорӣ ва паҳн кардани иттилои бардуруғро аз ҷониби кишвари хамсоя исбот карданд.

Риоя нашудани ҳуқуқи дастраси ба иттилоот дар кишвар ҳамеша ба назар мерасид,. Мутаассифона, мансабдорони давлатӣ то ҳол ҷиддияти ин масъаларо дарк накардаанд.

Дар давоми 4 моҳи соли ҷорӣ Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ба якчанд ниҳодҳои давлатӣ ва созмону ташкилотҳои гуногун, барои дастрас намудани иттиллот, ки барои истифода ва интишор зарур аст, дархости журналистӣ ирсол намуд. Пайгирии ин дархостҳо нишон медихад, ки дар аксар ҳолатҳо меъёри қонун дар бораи мӯҳлати посух риоя намегардад. Тибқи муқаррароти қонун ба дархости журналистӣ  бояд дар муддати 3 рӯзи корӣ посух дода шавад. Дар сурати имконнопазир будани посух ба дархост, мақомот бояд дар бораи ба таъхир гузоштани он ба дархосткунанда хабарнома фиристад.

Санаи 18 январи соли равон ба Раёсати вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вобаста ба мардумфиребиигурӯҳи мушаккили “Unique Finance”дархости журналистӣ ирсол карда шуд. РВКД дар вилояти 29 январ маълумотҳои дархостшударо пешниҳод намуд.

Айнан бо ҳамин мазмун ба прокуратура ва суди шаҳри Хуҷанд низ дархост ирсол карда шуд. Суди шаҳри Хуҷанд тибқи қонунгузорӣ дар муҳлати муайяншуда ҷавоби ин ниҳодро ирсол намуд, аммо прокуратураи шаҳри Хуҷанд то ҳол ба дархости АМВАОМТ посух надодааст. Бояд зикр намуд, ки Прокуратураи генералӣ низ ба чанд дархости журналистии АМВАОМТ то ҳол посух нагардонидааст.

Ба Дастгоҳи иҷроият президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 3 феврал доир ба масъалаи эмгузаронии аҳолӣ барои COVID-19 муроҷиат карда шуд. Дастгоҳи иҷроияи Президент тавассути Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба дархости АМВАОМТ посух ирсол намуд.

Дар робита ба супоридани тест барои муайян кардани бемории  COVID-19 рӯзи 16 апрел ба  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости журналистӣ ирсол шуд. Аммо ин вазорат ба дархости АМВАОМТ то ҳанӯз посух надодааст.

4 марти соли ҷорӣ ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба омори ҷудошавии оилаҳо, хушунати хонаводагӣ ва худкушии занон дархост ирсол шуд, аммо кумитаи мазкур бо гузашти зиёда аз ду моҳ ба дархости мазкур посух надодааст.

Айнан бо ҳамин мазмун ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда шуд. ВКД дар давоми се рӯз, тибқи муҳлати муайяннамудаи қонун посухи худро ба АМВАОМТ ирсол намуд.

Тӯли 4 моҳ АМВАОМТ ба ниҳодҳои давлатӣ ва созмону ташкилотҳои алоҳида 17 дархости журналистӣ ирсол намудааст ва ба 5 дархост то ҳол ҷавоб нагирифтааст. Зикр бояд кард, ки журналистони мустақил низ тавассути платформаи дастрасӣ ба иттилоот, ки АМВАОМТ онро роҳандозӣ намудааст, ба ниҳодҳои давлатӣ дархости журналистӣ равон карда, иттилооти заруриро ба даст оварданд.

Барои беҳтар шудани сифати посухи дархостҳо журналистонро мебояд ҳарчӣ бештар аз ҳуқуқи худ вобаста ба иттиллоот  истифода намоянд. Дар навбати худ мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои дигар барои таъмини шаффофияти фаълияти худ тибқи талаботи қонунгузории кишвар ба дархостҳо посухи қаноатбахш бидиҳанд.

 Хадамоти мониторинги АМВАОМТ


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2020 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31      
     
    Пайвандҳои лозима