Арзиши паёмакҳо баъди ба ихтиёри як ширкат гузаштани сервис метавонад 60 баробар боло равад.
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ба инҳисор (монополия) кардани хизматрасонӣ (сервис)-и паёмакҳои кӯтоҳ (SMS-паёмак) ба манфиати як ширкати ноошнои оффшории Айрис» (IRIS) оғоз кард, хабар доданд ба “Азия-Плюс” бозигарони ин бозор, ки нахостанд ному насабашон ифшо шавад.
Ин ҷо гап сари SMS-паёмакҳо меравад, ки таксиву бонкҳо, онлайн-хизматрасониҳо, букмекерҳо ва дигар ташкилоту ширкатҳо онро тариқи SMPP-шлюзҳои операторони мобилӣ ба муштариёни худ ирсол мекунанд.
Операторони мобилии Тоҷикистон аллакай шарикони худ - иштирокчиёни бозорро дар бораи оғози қатъҳо огоҳ намуда, тавсия медиҳанд, ки барои пайваст аз рӯйи шлюз (банд, дарвоза)-и ягонаи ширкати “Айрис” ба Хадамоти алоқа муроҷиат кунанд.
Тамосҳо қимат мешавад
Иштирокчиёни бозор акнун бо ин ширкати оффшорӣ тибқи баъзе маълумот, ки алҳол дастрасии маълумоти кофӣ дар бораи он муяссар намешавад, бояд шартнома имзо кунанд.
Дар натиҷаи монополия кардани бозор SMS-паёмакҳо тибқи маълумоти гуногун, то 60 баробар боло рафта метавонанд: аз 0,5 дирам то 30 дирам барои 1 SMS. Ин маънои онро дорад, ки алоқаи мобилӣ барои ҳамаи корбарон қимат мешавад.
Нуқсон пайдо мешаванд
Дар ҳамин ҳол, аз пайдо шудани нуқсонҳои доимӣ интизорӣ меравад, зеро ба гумон аст, ки шлюзи ягона аз уҳдаи сариштаи ҷараёни бузурги огоҳиномаҳо баромада тавонад.
“Дар ҷумҳурӣ садҳо ширкат аз чунин сервисҳо истифода мебаранд, ҳаҷми SMS-паёмакҳо бениҳоят калон буда, шлюзи ягона ба ин миқдор сарборӣ тоб оварда наметавонад. Дар натиҷа доимо нуқсонҳо пайдо мешаванд”, - мегӯянд мутахассисони соҳа.
Маълумот дар бораи шумо боз мемонад
Лекин мушкили асосӣ сари он аст, ки ширкати номаълум ба маълумоти шахсӣ, мукотибаи ҳар кадоме аз корбари интернет дастрасӣ пайдо мекунад.
Хадамоти алоқа рад мекунад
Дар ҳамин ҳол, дар Хадамоти алоқа монополия кардани ин бозорро қатъиян рад мекунанд. “Ин маълумоти бардурӯғ (фейк) аст, ман дар ин бора чизе намедонам. Аз ҷониби кӣ паҳн шудани чунин маълумоти бардурӯғро фаҳмидан даркор аст”, - гуфт ба “Азия-Плюс” муовини сардори Хадамоти алоқа Илҳом Атоев.
Қобили зикр аст, ки айни замон ирсоли SMS-паёмакҳои ширкату ташкилотҳо тариқи SMPP-шлюзҳои операторони алоқаи мобилӣ сурат мегирад. Дар вақти “соатҳои шиддатнок” (пиковые часы) ноқисиву дермониҳо пайдо мешаванд, лекин танҳо баъзан, чунки зерсохтори чор оператор ва даҳҳо ширкатҳои хусусӣ, ки чунин хизматрасониро пешниҳод мекунанд, хеле бузургу пуриқтидор аст.