Дастрасӣ ба иттилооти расмӣ: мушкил ҳанӯз боқӣ мондааст
     TJ RU EN
07:45 / 2024-11-16

Дастрасӣ ба иттилооти расмӣ: мушкил ҳанӯз боқӣ мондааст

Масъалаи дастрасӣ ба иттилооти расмӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам мушкил боқӣ мондааст. Рӯзноманигорон мегӯянд, ниҳодҳои давлатӣ аз тафсилоти ин ё он хабар хеле эҳтиёткор шудаанд ва аз додани иттилоъ худдорӣ менамоянд. Барои тасдиқ ё инкори маълумот дархости расмӣ талаб мекунанд, аммо ҷавоби дархостҳоро ё бо гузашти вақти зиёд ва ё бидуни тафсилоти аниқ равон мекунанд.

Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВОМТ) бо мақсади пайгирии аксуламали гирандагони дархостҳои журналистӣ ва натиҷаҳои он платформаи дастрасӣ ба иттилоотро ба роҳ мондааст. Ба платформаи дастрасӣ ба иттилоот дархостҳои журналистон, ки ба ниҳодҳои давлатӣ,  идораву ташкилотҳо ва шахсони мансабдори алоҳида равон намудаанд, ворид карда мешавад. Ба ҳамин васила АМВАОМТ иҷроиши дархостҳоро (ҷавоб ба дархост, муҳлати иҷроиши онҳо) тибқи меъёрҳои қонунгузории кишвар пайгирӣ менамояд ва ҳангоми ҷой доштани қонунвайронкунӣ дар ин самт дар сурати муроҷиати рӯзноманигор бо аризаи шикоятӣ ба ниҳоди марбута муроҷиат мекунад, то қонунвайронкунӣ бартараф карда шавад.

 Дар давоми соли 2020 АМВАОМТ  дар такя ба моддаи 30 Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 5,6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, моддаҳои 23 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО”  ба як қатор вазорату идораҳои давлатӣ барои дастрас намудани маълумотҳои зарурӣ, ки барои истифода ва интишор дар матбуот зарур аст,  84 дархост фиристода, ба 65 дархост посух гирифтааст. Тибқи муқаррароти қонун ба дархости журналистӣ  бояд дар муддати 3 рӯзи корӣ посух дода шавад. Дар сурати имконнопазир будани посух ба дархост, мақомот бояд дар бораи ба таъхир гузоштани он ба дархосткунанда хабарнома фиристад. Аз 84 дархости ирсолшуда  то имрӯз ба 19 дархост посух гардонида нашудааст. Мутаасифона, дар ин самт мақомоти прокуратура, ки масъули назорати яксони меъёрхои конун дар ҷумҳурӣ аст, бемасъулиятӣ зоҳир намуданд. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дархост дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 аз 21.08.2020,  Сарпрокуратураи ҳарбӣ ба дархост дар бораи  “облава”-и  ҷавонон аз 06.07.2020  то ҳол посух надоданд.

Ҳамзамон Вазорати молия ба дархост дар бораи ҷалби сармояи хориҷӣ барои сохтмони НБО-и Роғун аз 13.03.2020 ва якчанд дигар ниҳодҳо то ҳол ба дархости журналистии ирсолкардаи АМВАОМТ ва журналистони мустақил посух надодаанд.

Таҳлилҳои мо нишон медиҳад, ки баъзе ниҳодҳои давлатӣ ба дархостҳои журналистӣ нопурра, бе факту рақами муайян ва бо гузашти вақти зиёд посух медиҳанд. Рӯзноманигори мустақил Ёқуб Ҳалимов мегӯяд, ниҳодҳои давлатӣ ба дархостҳо на ҳамеша дар муддати муайяншуда посух медиҳанд. Хабарнигор бояд баъди ирсоли дархост пайваста ба ниҳоде, ки он ирсол шудааст, гушрас кунад: дархост чӣ шуд? кай посух мешавад? кадом раёсат посух медиҳад? “Вале бо ин вуҷуд на ҳамеша ба дархостҳо посухи комил дода мешавад. Посухҳо қолабӣ ва аз моддаи қонунҳо иборат ҳастанд”.

Ба гуфтаи Ҳалимов ниҳодҳои давлатӣ пушти дархости расмӣ худро пинҳон мекунанд ва аз посух додан ба суолҳои расонаҳо ва ҳисобот додан аз фаъолияти худ худдорӣ меварзанд. “Ба роҳ мондани дархости хаттӣ барои ниҳодҳову муассисаҳои давлатӣ, ки иттилои заруриро дар ихтиёр доранд, мисли "сипарест", ки раисону вазирон ва дигар масъулон пушти он пинҳон мешаванд. Бояд дар сатҳи қонунгузорӣ ин талабот бозбинӣ шавад ва дастрасии аҳли расонаҳо ба иттилоъ сабуктар гардад”- афзуд ӯ.

Дар ҳамин маврид  Фарзон Муҳаммадӣ, хабарнигори минтақавии Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳоло аксар сухангӯёни сохторҳои давлатӣ мегӯянд аз "боло" супориш гирифтаанд, ки барои ба кадом расона расман тааллуқ доштани ин ё он рӯзноманигор тибқи дархости расмӣ маълумот бидиҳанд. “Барои ман низ саривақт ё ба таври фаврӣ гирифтани иттилоъ бисёр мушкилҳо пеш меояд ва маҷбур мешавам номаи расмӣ бо саволҳо фиристам. Ҷавобҳо ба саволҳои ман хеле кӯтоҳ ва қариб ки бе тафсилот меояд. Ҳолатҳое шудаанд, ки ҷавоб намеоянд ё беш аз гузашти ҳафтаҳо меоянд. Пас гирифтани ҷавобҳои номушаххас ва кӯтоҳ барои таҳияи гузоришам маҷбур мешавам  аз манбаъҳоям бе зикри ном истифода кунам. Зеро агар номҳояшонро ошкор кунам барои бе мувофиқаи роҳбарият иттилоъ додан баёнот мегиранд ё аз кор меронанд”.

Барои беҳтар шудани сифати посухи дархостҳо журналистонро мебояд ҳарчӣ бештар аз ҳуқуқи худ вобаста ба иттиллоот  истифода намоянд. Дар навбати худ мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои дигар барои таъмини шаффофияти фаълияти худ тибқи талаботи қонунгузории кишвар ба дархостҳо посухи қаноатбахш бидиҳанд.

Хадамоти мониторингии АМВАОМТ


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима