АМВАОМТ дар доираи аҳдофи оинномавиаш дар баробари кӯмаки ҳуқуқӣ ва маслиҳати касбӣ машварати равоншиносиро низ барои журналистон пешниҳод менамояд.
Ҳодисаҳои солҳои охир аз ҷумла, бемории ҳамагири COVID-19 ба фаъолияти рӯзноманигорон ва ВАО таъсири манфии худро расонид ва ҳолати рӯҳиву равонии онҳоро такон дод. Мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва муҳити номусоиди корӣ хоҳ нохоҳ шахсро гирифтори ҳолати сарбаставу ноумедӣ мекунад. Барои баромадан аз ин ҳолат дастгирии атрофиён хеле муҳим аст.
Бо ин мақсад АМВАОМТ барои журналистон расонидани кӯмаки равоншиносиро аз ҷониби мутахассисони варзида рохандозӣ намудааст. Аз кӯмаки равоншиносон тамоми рӯзноманигорон метавонанд ройгон истифода баранд. Машварати равоншинос ба таври инфиродӣ пешниход мешавад.
Шахсоне, ки барои машварати равоншиносон эҳтиёҷ доранд, метавонанд тариқи почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. дархости худро ирсол намоянд.
Иқдоми мазкур дар доираи лоиҳаи “Нигоҳ доштани тавозун: таҳкими устуворӣ ва аҳмиятнокии ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, АМВАОМТ онро амалӣ менамояд, роҳандозӣ мегардад.