Раҳнамо доир ба инъикоси мавзӯот ва мушкилоти марбут ба масоили марзӣ рӯи чоп омад.
     TJ RU EN
07:47 / 2024-11-16

Раҳнамо доир ба инъикоси мавзӯот ва мушкилоти марбут ба масоили марзӣ рӯи чоп омад.

АМВАОМТ дар ҳамбастагӣ бо ҳамтоёни Қирғизистонии худ дар доираи як лоиҳаи вижае барои рӯзноманигорон ва сардабирони ВАО раҳнамо доир ба инъикоси мавзӯот ва мушкилоти марбут ба масоили марзӣ омода намуд.

Дастур дар доираи лоиҳаи Академияи Мавҷи Олмон (Deutsche Welle Akademie) «Муттаҳидкунии рӯзноманигорон дар сарҳади Қирғизистон-Тоҷикистон» омода гардидааст.

Дар дастур маводҳои тадқиқот, мониторинги ВАО, тренингҳо, вохӯриҳои машваратӣ (мабоҳисавӣ), ки дар доираи лоиҳа доир гардидаанд, истифода шудааст.

Раҳнамо аз нигоҳи таҳририи Нуриддин Қаршибоев (Тоҷикистон) ва Элмира Токтогулова (Қирғизистон) гузаштааст.

Тарҷумаи матни раҳнамои мазкур аз забони русӣ ба тоҷикӣ аз ҷониби Қосим Бекмуҳаммад анҷом дода шуда, он бо дастгирии молии Академияи Мавҷи Олмон (Deutsche Welle Akademie) ба табъ расидааст.

Бо “Раҳнамо барои рӯзноманигорон ва сардабирони ВАО доир ба инъикоси мавзӯот ва мушкилоти марбут ба масоили марзӣ” шумо метавонед бо гузариш тариқи линки зер ошно гардед.

http://taj.nansmit.tj/ra%d2%b3namo-baroi-r%d3%afznomanigoron-va-sardabironi-vao-doir-ba-inikosi-mavz%d3%afot-va-mushkiloti-marbut-ba-masoili-marz%d3%a3-r%d3%afi-chop-omad/

Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2020 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31      
     
    Пайвандҳои лозима