Иқбол Тешаев (Иқбол Илёсозода), хабарнигори тоҷик ва сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара рӯзи 5-уми апрел бар асари беморӣ дар сини 51-солагӣ даргузашт. Ӯ аз камшумор сухангӯёни ҳукуматҳои маҳаллӣ буд, ки ҳамеша бо расонаҳо суҳбат мекард.
Таибиддин Муҳаммедов, сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Исфара дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Иқбол Тешаевро субҳи имруз дар ҳолати вазнин ба манзилаш ба бемористон оварданд. Ба гуфтаи ӯ, пизишкон талош карданд, ки ӯро наҷот диҳанд, аммо талоши табибон бенатиҷа буд.
Сардухтури беморхонаи шаҳри Исфара ваъда дод, ки дертар дар ин бора шарҳи бештар хоҳад дод
Хуршеди Атовуллоҳ, раиси Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки Иқбол Тешаев чанд вақти ахир бо он ҳамкорӣ дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маросими хоксупории Иқбол Тешаев имруз дар Ворухи Исфара баргузор мешавад.
https://www.ozodi.org/a/31187231.html?fbclid=IwAR3uh9FqoWThGDw_Joba4L8VAsGDC-e-jUUhv4t3CqzMyHfbL0WU2_izEl4