АМВАОМТ барои рушди малакаи журналистони ҷавон шароит фароҳам меорад
     TJ RU EN
06:16 / 2024-11-16

АМВАОМТ барои рушди малакаи журналистони ҷавон шароит фароҳам меорад

12 марти соли равон дар толори конфронсҳои меҳмонхонаи “ Asia Grand Hotel” тренинги дурӯза дар доираи лоиҳаи “Таҳкими  иқтидори рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон” оғоз гардид. Тренинги омӯзишӣ аз ҷониби АМВАОМТ (НАНСМИТ) омода шудааст.

Дар Тренинги мазкур 12 нафар журналистони ҷавон аз шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок доранд. Тӯли ду рӯз рӯзноманигорон  масъалаҳои марбут ба  мушкили дастрасӣ ба иттилоот, тарзи дурусти таҳияи дархостҳои журналистӣ, фактчекинг ва дата- журналистикаро меомӯзанд. Дар назар аст баъди анҷоми тренинг рӯзноманигорон лоиҳаҳои худро барои омода намудани маводҳои журналистӣ пешниҳод намоянд. Лоиҳаҳое, ки аз ҷониби комиссияи грантӣ интихоб мегарданд, маблағгузорӣ карда мешаванд.

Лоиҳаи “Тахкими иқтидори рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон” аз ҷониби Институти “Ҷамъияти кушода” Бунёди мадад маблағгузорӣ шуда, АМВАОМТ (НАНСМИТ) онро амалӣ мегардонад. Мақсад аз татбиқи ин лоиҳа баланд бардоштани малакаи эҷодии рӯзноманигорони ҷавон тавассути фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ ва паст намудани худсенсорӣ мебошад.


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2020 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31      
     
    Пайвандҳои лозима