Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодиро дар Душанбе ҷиддӣ таҳқиқ карда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашанд.
Муллораҷаб Юсуфӣ ва Шаҳло Абдуллоева рӯзи 4-уми март ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи болоравии нархи бензин дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар пойтахт ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.
Мақомоти пулиси Душанбе гуфтанд, қазияро таҳқиқ мекунанд ва, бино бар хабари "Азия-Плюс", гумонбар гуё дастгир шудааст, аммо бо гузашти панҷ рӯз аз ҳодиса тафсилоте дар ин замина дастрас нашуд.
Кумитаи дифоъ аз журналистон низ мегӯяд, барои шарҳи масъала тавассути имейл ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиат кард, вале посух нагирифт.
Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Кумитаи дифоъ аз журналистон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, рӯзи 8-уми март дар эъломияе гуфт, "хабарнигорон дар Тоҷикистон бояд бе тарсу ҳарос имкони иҷрои корашонро дошта бошанд. Ва бисёр муҳим аст, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ба онҳо чунин шароитро фароҳам биоваранд."
Ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи афзоиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, хабарнигорони Радиои Озодӣ – Муллораҷаб Юсуфӣ ва Шаҳло Абдуллоева – ҳадафи ҳамла ва зарбулат қарор гирифтанд. Ҳодиса рӯзи 4-уми март дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе ва дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Соро Ойл" рух дод.
Хабарнигорон гуфтанд, дар ҳоле ки онҳо назари як ронандаро ба гарон шудани нархи газу бензин мепурсиданд, як корманди ширкати "Соро Ойл" қатъи наворгириро талаб кард ва наворбардор Шаҳло Абдуллоевaро базарб тела дода, пеши роҳи дурбини видеоро гирифт.
Дар ҳоле ки ҳамкори дигари мо, Муллораҷаб Юсуфӣ, аз ин амалкард эътироз намуда, хостааст, саҳнаро телефонӣ ба навор гирад, ин мард ҳамла намуд ва ба ҷоғи ӯ мушт зад.
Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 5-уми март ҳамла ба ду хабарнигори бахши тоҷикии радиоро дар Душанбе маҳкум кард. Ҷеймӣ Флай гуфт, "интизор дорем, пулиси Тоҷикистон ҳодисаро пурра тафтиш мекунад ва замонат медиҳад, ки ҳаққи хабарнигорон барои гузориш додани ошкоро ва бидуни монеа ҳоло ва дар оянда риоят шавад."
https://www.ozodi.org/a/31141479.html