Имсол ҷоизаи ба номи Бӯринисо Бердиева (сардабири вақти рӯзномаи "Маориф ва маданият" ва қаҳрамони Наврӯз)-ро ба сардабири нашрияи "Вечерка", Гулнора Амиршоева, доданд.
Эътилофи бонувони рӯзноманигор дар Тоҷикистон гуфт, Амиршоева барои саҳмаш дар рушди хабарнигорӣ дар соли 2020 ҷоизаро соҳиб шуд. Баъзе аз рӯзноманигорон барои, ба гуфтаи худашон, ҳифзи якдигарфаҳмӣ дар ҷомеаи журналистӣ масъаларо шарҳ надоданд, вале зоҳиран норозиён низ буданд.
Наргис Қосимова, роҳбари Эътилофи бонувони журналист дар Тоҷикистон, рӯзи 8-уми март гуфт: "Соли 2020 соли бисёр мушкил буд ва бонувони журналист дар ин давра, воқеан, қаҳрамонӣ нишон доданд”.
Раиси Эътилофи бонувони журналист афзуд, баҳодиҳӣ аз сӯйи ҳайати доварон "воқеъбинона сурат гирифт". Дар ҳамин ҳол, баъзе аз мунаққидони матбуот қарори доваронро дар мавриди тақдими Ҷоизаи ба номи Бӯринисо Бердиева танқид карданд, вале хостанд, номашон зикр нашавад.
Яке аз барандагони ҷоизаҳои Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон низ дар суҳбати бидуни микрофон низ гуфт, “дар аҳди пандемия бонувони зиёди рӯзноманигор дар рушди соҳа хидмати бузургтаре карданд ва мебоист қадрдонӣ мешуданд.” Вале, ба қавли худаш, барои ҳифзи якдигарфаҳмӣ дар ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон аз касе ном нагирифт.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, "шояд довталабони дигар ҳам бошанд, ки сазовори ин мукофотанд, вале кам андар кам занҳои журналист ҳастанд, ки мактаби худро доранд ё ҳадди ақал соҳиби расона ҳастанд. Гулнора Амиршоева аз ҳамон занҳоест, ки расонаи худро дорад ва ҳамеша саъй мекунад, масъалаҳои муҳими ҷомеаро муҳокима ва расонаӣ кунад."
Ҳангоми эълони барандаи ҷоизаи ба номи Бӯринисо Бердиева гуфта шуд, “Гулнора Амиршоева дар соли 2020 дар баробари фаъолияти пурсамари рӯзноманигориаш ба даъвоҳои додгоҳӣ рӯ ба рӯ буд ва ҳамчунин яке аз фаъолони ҷамъиятӣ аст.”
Худи ӯ дар посух ба ин суол, ки барои иштирок дар озмун чӣ матлабе пешниҳод кардааст, гуфт, “мо лоиҳаи худро пешниҳод кардем. Ин лоиҳа “Хонае, ки дар он дарди фаромӯшношуда зиндагӣ мекунад” ном дорад. Ин лоиҳа дар бораи занҳое аст, ки қурбонии хушунат шудаанд.”
Ҳамзамон Мафтуна Шукурова дар бахши телевизион, Даря Христолюбова дар бахши радио ва Ҷамила Мирбозхонова дар бахши матбуоти чопиву онлайн соҳиби ҷоизаҳои ифтихорӣ шуданд.
Ҷамила Мирбозхонова, хабарнигори нашрияи "Фараж", гуфт, барояш на ҷоиза, балки баҳои мардум муҳим аст. "Фикр мекунам, агар журналист дар ин ё он мавзуъ нависад, ба таҳқир роҳ надиҳаду сохтакорӣ накунад, аз “шантаж” истифода накунад, ба ҳеч мушкил мувоҷеҳ намешавад ва ҳатто нафареро ҳам, ки танқид мекунӣ, ба навиштаат розӣ мешавад", -- афзуд ӯ.
Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон бо кумаки кумаки созмонҳои байнулмилалӣ фаъолият мекунад. Онро соли 2016 бо ҳадафи пуштибонӣ аз занони хабарнигор ва кормандони матбуот таъсис доданд.
https://www.ozodi.org/a/31139697.html