Facebook дар Тоҷикистон чун андозсупоранда расман сабти ном шудааст. Дар ин бора Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои Кумитаи андоз "аз 2 марти соли 2021, ширкатҳое Facebook Ireland Ltd, Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla (USA) Inc дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сомонаи расмии www.andoz.tj ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шудаанд".
Кумитаи андоз бо эълони ин хабар дар сомонаи расмияш гуфтааст, ки "омодагии худро барои кумак ба шахсони хориҷӣ дар риояи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ изҳор намуда, дар ҳолати зарурӣ ҷомеаи соҳибкоронро бо маълумоти зарурӣ таъмин менамояд".
Мутобиқи тағйирот ба қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 декабри соли 2020 шахсони хориҷии хизматрасониҳои электронӣ мустақиман ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар асоси пешниҳоди ариза дар шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта шаванд.
Баҳси андозбандии ширкатҳое, ки хизматрасонии электронӣ пешниҳод мекунанд дар Тоҷикисон дар поёни соли гузашта доғ шуд. Тоҷикистон мехоҳад ин ширкатҳо барои корҳое, ки аз он даромад мебинанд андоз супоранд.
https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20210303/facebook-dar-toikiston-andozsuporanda-shud