Таъсиси боз ду ТВ дар Тоҷикистон: Теъдод меафзояд, муҳтаво чӣ?
     TJ RU EN
01:49 / 2024-12-20

Таъсиси боз ду ТВ дар Тоҷикистон: Теъдод меафзояд, муҳтаво чӣ?

Дар Тоҷикистон ният дорандду телевизиони давлатии нав – «Илм ва табиат» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро таъсис диҳанд. Интизор меравад, якумӣ то ҷашни Наврўз ба фаъолият оғоз намояд ва ҳуҷҷатҳои дуввумӣ барои баррасӣ дар ҳукумати кишвар қарор доранд. Назари коршиносон ба ин мухталиф аст: як қисм аз сарфи беҳудаи пулу вақт мегўянд, дигарон аз васеъ шудани ҷаҳонбинӣ ва дониш…

Таърихи таъсиси шабакаҳо

Телевизион ба ҳудуди Тоҷикистони имрӯза дар охири солҳои 50-уми асри гузашта, замоне ки мамлакат дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ворид буд, омадааст. Бори аввал дар эфир телевизиони тоҷик 3 октябри соли 1959 аз студияи Сталинобод (ҳоло Душанбе) пахш гардид.

«Телевизиони Тоҷикистон» (дар солҳои гуногун ТВТ, Шабакаи аввал, ТВ «Тоҷикистон») солҳои тўлонӣ ҳамчун ягона шабакаи ватании телевизионӣ хизмат кардааст. Баъдан, моҳи сентябри соли 2005, аввалин телевизиони алтернативӣ ба ТВТ – ТВ “Сафина” фаъол гардид. Соле пас телевизиони кӯдаконаи “Баҳористон” ва соли 2008 ТВ “Ҷаҳоннамо” рӯи кор омаданд. 8 ва 9 сол пас боз 4 шабакаи дигар низ пайдо шуд.

Н. Саид, сардори Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ, дар рафти нишасти матбуотии ба наздикӣ доиршуда хабар дод, ки айни замон дар кишвар 13 шабакаи телевизионии давлатӣ (8 шабакаи умумимиллӣ ва 5-то маҳаллӣ – эзоҳи Nuqta.tj)  ва 33 шабакаи хусусӣ фаъолият мекунад. Бо пахши рақамӣ 72% кишвар фаро гирифта шуд (қаблан 65.8% буд).

Пас аз рўи кор омадани шабакаҳои нави гуногунсамт мардум интизор доштанд, ки дар муҳтавои шабакаҳо низ акнун дигаргунӣ пайдо мешавад. Он чӣ, ки ба гуфтаи коршиносон, ҳеч иттифоқ наафтод…

Баҳси муҳтавои шабакаҳои фаъолияткунанда

Дар бораи мазмуну муҳтавои барномаҳои телевизионии кишвар гоҳ-гоҳ дар доираҳои касбӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳо ба миён меояд. Хоса, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои мустақил матолиб ва баҳсҳое пайдо мешаванд, ки зимни онҳо корбарон аз тамошо накардани барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ва муҳтавои пасти барномаҳои он мегӯянд.

Ин дар ҳолест, ки барои аксарияти аҳолии Тоҷикистон телевизион манбаи асосии иттилоот боқӣ мемонад.

Моҳи октябри соли 2019 як навори кутоҳи кинояомез нашр гардид, ки дар он шеваи кор ва бархе аз намоишҳои шабакаҳои телевизионӣ ба боди танз кашида мешуданд. Нашри ин навори 15-дақиқагӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ҳамовозии корбаронро ба бор овард ва аксарият ба ҷонибдорӣ аз муаллифи ин навор навиштанд, муҳтавои барномаҳои шабакаҳои телевизионҳои давлатии Тоҷикистон шавқовар набуда, бештар дилгиркунанада аст ва муаллифон масъалаҳои доғи рӯзро канор гузошта, ба мавзӯъҳои камарзиш рӯ меоранд.

Сомонаи «Хабарнигори муосир» (Новый репортёр), ки ду соли охир мониторинги фаъолияти телевизионҳои кишварро анҷом медиҳад, пайваста сифати барномаҳои телевизонии кишваро зери танқид қарор медиҳад. Аз ҷумла, дар мавриди он, ки чӣ гуна дар шабакаҳои давлатии кишвар ахбори хориҷиро пахш мекунанд, сомона менависад: «Дар сужаҳои хабарии шабакаҳои телевизионҳои давлатии Тоҷикистон қариб ҳеҷ гуна маълумотро дар бораи ҳамсояҳои наздиктарин – Қазоқистон ё Қирғизистон пайдо карда наметавонед. Ба ҷои ин ҳаррўза рӯзноманигорон ба мардуми тоҷик тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ дар бораи рўйдодҳои Гондурас, Мозамбик ё Танзания хабар медиҳанд…».

Мисоли дигар. Чанд соли охир дар телевизионҳои давлатӣ мавзўи, ба қавле, зиндагии маҳрамонаи муллоҳо доғ буд. Бисёр коршиносон ин навъ барномаҳоро дур аз меъёрҳои умумибашарии ахлоқию ҳуқуқӣ медонанд.

Ба талабот ҷавобгў нестанд…

Коршиносон аз таваҷҷуҳи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ба барномаҳои шабакаҳои телевизионии Русия ва кишварҳои ҳамсоя мегўянд. Афкори ҷомеа асосан таҳти таъсири шабакаҳои русӣ шакл мегирад, ки дар Тоҷикистон тариқи телевизони маҳвораӣ, кабелӣ ва интернет дастрасанд.

Журналист Абдуқодир Талбаков, ки чанд сол роҳбарии яке аз телевизионҳоро ба уҳда дошт, мегўяд, барномаҳои телевизионҳои миллӣ ҷавобгўи завқу табъи аксари бинандагон нестанд. Онҳо рақобатро бо шабакаҳои телевизионии хориҷие, ки дар фазои иттилоотии кишвар амал мекунанд, бой додаанд. Ба гуфтаи вай, омилҳои асосӣ ҷалб накардани мутахассисони қавӣ ва заъфи молиявии шабакаҳо аст.

Ба таъкиди Талбаков, ҳоло ба кор дар аксари шабакаҳои миллии мо бештар донишҷўён ҷалб мешаванд ва роҳбарони шабакаҳо пайи ҳусни коргар мегарданд, на савод ва таҷрибаи онҳо. Ҳол он ки, ба гуфтаи ин журналисти тоҷик, чеҳраи телевизионӣ бояд як тани журналист бошад.

Рўзноманигори маъруф Ҷовид Муқим дар маҷмўъ муқобили таъсиси шабакаҳои нав нест: «Бигзор бошанд, ман зид нестам. Чизи наве мешавад, ҷойҳои корӣ барои журналистон ташкил мешаванд. Бо дарназардошти имкониятҳои маҳдуди журналистони телевизионҳои навтаъсис, онҳо мебояд барномаҳои шабакаҳои «National Geographic» ва «BBC»-ро бо забони тоҷикӣ тарҷума намуда, пешкаши бинандагони тоҷик намоянд, вале ҳуқуқи муаллифонро ҳифз кунанд».

Дар баробари ин коршинос гуфт, то ҳанўз телевизионҳои мо «сетка»-и пахши барномаҳои худро надоранд, чунки барномаҳояшон доимӣ нестанд ва ҳар вақте хоҳанд, мувофиқи завқи роҳбаронашон барномаҳоро дар «сетка» ҷой медиҳанд.

Ҷовид Муқим дар мавриди таъсиси телевизионҳои нав гуфт, бояд талаботи аудиторияро ба назар гирифт ва мувофиқи завқи бинанда барнома пахш намуд. Чизе ки, ба гуфтаи ў, дар мо ба эътибор гирифта намешавад.

Шабакаҳои нав: ҳадаф миқдор аст?

Инак, 2 ҳафта қабл масъулини Кумитаи телевизион ва радиои ҶТ аз таъсисёбии ду шабакаи нави телевизион – «Илм ва табиат» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» хабар доданд. «Илм ва табиат» то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба фаъолият шурӯъ менамояд, ҳуҷҷатҳои зарурии марбут ба «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои баррасӣ ба Ҳукумат пешниҳод шудаанд.

Бархе аз коршиносони соҳа бо ишора ба кунд рушд намудани илм ва соҳаи сайёҳӣ дар кишвар, мегўянд, ин телевизионҳо маҷбур мешаванд «сетка»-и барномаҳои худро аз ҳисоби телевизионҳои хориҷӣ пур кунанд. Аз назари онҳо, ба сурати умум телевизионҳои Тоҷикистон наметавонанд ҳамчун манбаи мустақили хабарӣ хидмат кунанд, зеро шабакаҳои давлатӣ бештар тарғибгари сисёатҳо ва идеологияи ҳукумат ҳастанд.

Муҳаррири сомонаи интернетӣ Манижа Қурбонова, ки тўли як соли охир фаъолияти телевизионҳои тоҷикро мониторинг мекунад, гуфт зарурати таъсиси ин ду телевизионро имрўз дар кишвар намебинад. Ба андешаи ў, вазъи иқтисодии кишвар хароҷоти зиёдро намебардорад ва дар ҳоли ҳозир маблағҳои буҷетиро бояд сарфа намуд.

– Агар, ба таври мисол, ҳар кадоми онҳо 14-16-соатӣ барнома омода кунад, зўрашон намерасад, маҷбур мешаванд боз аз расонаҳои телевизионии хориҷӣ “дузданд”,- мегўяд М. Қурбонова.

Ба гуфтаи ин журналисти тоҷик, барномаҳое, ки бояд телевизионҳои навтаъсис намоиш диҳанд, имрўз Телевизиони «Тоҷикистон», ТВ «Сафина» ва ТВ «Синамо» метавонанд пешниҳоди бинандагон кунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки, мегўяд ў, барномаҳои ТВ-ҳои марказии Тоҷикистон дар аксар маврид такрорӣ ҳам мебошанд ва ин ҳолат аксар дар таҳияи барномаҳои иттилоотӣ ва фарҳангӣ мушоҳида мешавад.

Мавсуф дар мавриди муҳтавои барномаҳои телевизионӣ гуфт, пеш аз ҳама ба сифати барномаҳои таҳияшаванда аҳамияти ҷиддӣ дода шавад, то онҳо дилбазану якранг набошанд.

– Дуруст аст, ки таъсиси шабакаҳои телевизионии нав боиси бо ҷои кор таъмин шудани журналистон мешавад. Вале аз ҳама муҳим дарёфти мавқеи телевизион дар фазои итилоотии кишвар ва берун аз он мебошад, – мегўяд М. Қурбонова.

Ба андешаҳои М. Қурбонова директори ТҶ «Медиа консалтинг» Набӣ Юсупов ҳамовоз аст. «Касе таҳқиқоти маркетингие анҷом надодааст, ки зарурати таъсиси телевизионҳои навро ошкор карда бошад. Агар мушаххасан дар бораи «Илм ва табиат» гўем, ба назари ман, мо ҳанўз ба сатҳе нарасидаем, ки шабакаи алоҳидаи илмӣ-оммавӣ дошта бошем. Барои ин на шумораи кофии рўзноманигоронро дорем, на олимонро, на кашфу ихтирооти илмие, ки барои мураттаб кардани муҳтавои босифат кофӣ бошанд. Зарфиятҳои мавҷуда, эҳтимол, танҳо барои кушодани шуъба (студия)-и истеҳсоли филму барномаҳои илмӣ-оммавӣ кифоят кунад».  Аммо ин гуна шуъба дар назди ТВ «Тоҷикистон» ва ё «Ҷаҳоннамо» низ метавонад вуҷуд дошта бошад.

Илова бар ин, Н. Юсупов қайд намуд, ки ба гумон аст, шабакаҳо лоақал 10 ҳазор бинанда ҷалб карда тавонанд. «Мувофиқи омор, тақрибан 76% аҳолии мо сокинони деҳот мебошанд. Ва наздики 25% аҳолии шаҳр дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад, – мегўяд коршиноси соҳа. – Рақобат калон аст, бинобар ин тарзи пешкаши барномаҳо бояд ҷаззоб, замонавӣ, эҷодкорона бошад. Вале оё чунин мешавад? Дар зимн, илми мо дар даҳсолаҳои охир чандон бо дастоварду кашфиёти муҳим шодамон накардааст, аз ин рў аз таваҷҷуҳи зиёди мардум ба илм ҷои гуфтан нест. Баръакс, ба воситаи интишороти сершумори сомонаи dissernet.org мо аз зиёд олимони қалбакӣ доштанамон хабар ёфтем, ки «асарҳои илмӣ»-ашон дар заминаи дуздии бозёфтҳои илмии дигарон «эҷод» шудаанд. Ин таваҷҷуҳи одамонро ба илм боз бештар коҳиш дод.

Пас ин шабакаҳои ТВ барои кӣ таъсис меёбанд? Онҳоро кӣ нигоҳ мекунад?

«Илм ва табиат» ҷаҳонбинӣ ва донишҳоро васеъ мекунад?

Намояндаи илм ба ақидаи рўзноманигорон розӣ нест. Олими ҷавон ва яке аз ҷонибдорони таъсиси телевизиони «Илм ва табиат» Ризо Баҳромзод мегўяд, ин телевизион бояд бо таҳияи барномаҳои илмӣ-оммавӣ, суҳбат бо олимони шинохта, барномаҳо доир ба кашфиётҳои муҳими илмиву техникӣ дар рушди ҷаҳонбинии мардум ва баланд бардоштани саводи онҳо хидмат кунад.

Ҳамчунин, ба таъкиди вай, муаррифии дастовардҳои илми тоҷик ва шиносоии олимони тоҷик ба ҷомеа бояд яке аз ҳадафҳои асосии ин телевизион бошад.

– Илм моли тамоми инсоният аст ва ба халқу миллатҳои алоҳидае маҳдуд намешавад. Шабакаи “Илм ва табиат” низ набояд танҳо бо дастовардҳои олимони тоҷик ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон маҳдуд шавад. Бигзор дар марҳилаи аввал барномаҳоро аз телевизионҳои хориҷӣ тарҷума кунанд, зеро на ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ба шабакаҳои хориҷӣ дастрасӣ доранд ва забони онҳоро медонанд,-мегўяд ин олими ҷавон.

Аммо рўзноманигор Ҷовид Муқим дар муқобил мегўяд, ки «иҷборан ба сари бинанда бор кардани он, ки бояд ҳамон чизро тамошо кунед, хуб нест. Ин ба он оварда мерасонад, ки аудитория аз мо мегурезад. Имрўз имконияти дастрасӣ ба телевизионҳои дигар зиёд аст ва мо аз нигоҳи тахассус ва кайфияти барномаҳо ба он телевизионҳо рақобат карда наметавонем. Ин чизро бояд ҳангоми таъсиси телевизиони нав ба назар бигирем».

Вале журналист Абдуқодир Талбаков пешниҳоди дигар дорад: ба ҷои телевизиони «Илм ва табиат» телевизиони «Маориф» таъсис дода шавад. Ба гуфтаи ў, чунин таҷриба дар дигар кишварҳо аллакай ҷорӣ шудааст ва натиҷааш мусбат аст.

Дар ин ҳолат, агар кор дуруст ба роҳ монда шавад, бинандагони асосии ин шабака ҳам хонандагони мактаб, ҳам донишҷўён ва ҳам худи олимон мешаванд, ки ин дар маҷмўъ метавонад тақрибан 25-30% аҳолиро ташкил диҳад.

Расонаҳо барои кистанд?

Дар Тоҷикистон шабакаҳои телевизионии муваффақу мустақиле, ки дар тамоми ҷумҳурӣ пахш мешаванд, нестанд. Кӯшишҳои таъсиси чунин телевизионҳо то имрӯз бенатиҷа мондаанд. Аммо, пас аз таъсиси ду шабакаи нави телевизионӣ, шумораи шабакаҳои телевизионӣ дар кишвар ба 10 расид. Ҳамин тариқ, дар якҷоягӣ бо панҷ шабакаи минтақавӣ 15 шабакаи давлатии телевизионӣ мавҷуд аст, ки ба ақидаи коршиносони расонавӣ, ба талаботи бинандагони телевизионҳои кишвар ҷавобгӯ нестанд.

Пас, ин шабакаҳои телевизионӣ барои кӣ таъсис дода мешаванд? Бо ифтитоҳи чунин ВАО-и нодаркор ва серхароҷот мо чиро исбот карданӣ ҳастем ва ба кӣ? Шояд, воқеан ба ақидаи мутахассисон бояд гӯш диҳем ва таваҷҷуҳро ба миқдор неву ба сифат равона созем?

Дар хориҷи кишвар, шабакаҳои телевизионӣ ҳамеша талаботи бинандагонро тадқиқ мекунанд ва ба афкори онҳо гӯш медиҳанд, то ки доираи бузургтари бинандагонро ҷалб созанд. Бино бар ин, шаҳрвандони онҳо ба шабакаҳои телевизионии кишварҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи зиёд надоранд ва онҳо боми биноҳои баландошёнаҳоро бо мавҷгирҳои сершумори маҳвораӣ пур намекунанд, то ки мавҷҳои ТВ ва радиои бегонаро қабул кунанд. Ва баръакс, ҳукуматҳои онон тавассути муҳтавои ВАО вазъи кишвар, афкори ҷамъиятиро пайгирӣ намуда, ба хатарҳо зуд вокуниш менамоянд, тасмимҳои заруриеро меандешанд, ки мушкилотро бартараф сохта кишварро ҳамаҷониба рушд медиҳанд.

Шояд барои мо низ вақти он расидааст, ки бо ҳамин гуна қоидаҳо зиндагӣ карданро ёд гирем?

https://nuqta.tj/tj/tasisi-boz-du-tv-dar-to-ikiston-tedod-meafzoyad-mu-tavo-ch/


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2020 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31      
     
    Пайвандҳои лозима