10 феврал - идомаи нишастҳои матбуотии ниҳодҳо
10 феврал оид ба ҷамъбасти соли 2020 Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»
нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Кумитаи мазкур доир мегардад.
Кумитаи телевизион ва радио соати 10:00 дар бинои Кумита ва Суди Олии иқтисодӣ соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
МД «Телевизиони Сафина» соати 13:00 дар бинои худ ва Бонки миллӣ соати 14:00 дар бинои Бонки миллӣ (хиёбони Рӯдакӣ,23/2, рӯ ба рӯи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ) нишасти матбуотӣ доир менамоянд.
https://khovar.tj/2021/02/10-fevral-bonki-millii-to-ikiston-kumitai-din-tanzimi-anana-va-ashnu-marosim-sudi-olii-i-tisod-kumitai-televizion-va-radio-md-televizioni-safina-nishasti-matbuot-barguzor-menamoyand/
DPF
09.02.2021 17:02
143
Хабарҳо