9 феврал Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» оид ба ҷамъбасти соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
БДА «Амонатбонк» нишасти матбуотиро соати 09:00 дар бонки мазкур баргузор менамояд.
Нишасти матбуотии Иттифоқи «Тоҷикматлубот» соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи «Тоҷикматлубот баргузор шуда, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соати 11:00 дар агентии мазкур нишасти матбуотӣ доир менамояд.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа соати 14:00 дар Агентии мазкур ва Вазорати кишоварзӣ соати 15:00 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.