Пагоҳ кадом ниҳодҳо нишасти хабарӣ доранд?
2 феврал Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2020 нишасти матбуотӣ доир менамоянд.
Нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳал соати 09:00 дар Кумитаи рушди маҳал, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ соати 09:00 дар бинои Хадамоти мазкур нишаст мегузаронанд.
Прокуратураи генералӣ нишасти матбуотиро соати 10:00 дар Прокуратураи генералӣ барпо менамояд.
Нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зист соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Кумитаи мазкур доир мешавад
.
DPF
01.02.2021 17:07
158
Хабарҳо