Далер Шарифов: Маҳрум кардан аз озодӣ, агар ноҳақ бошад, мусибат аст.
     TJ RU EN
06:39 / 2024-11-16

Далер Шарифов: Маҳрум кардан аз озодӣ, агар ноҳақ бошад, мусибат аст.

Далер Шарифов,рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, пас аз адои давраи ҷазо рӯзи 29-уми январ аз маҳбаси ноҳияи Ёвон озод шуд ва ба хонааш, дар шаҳри Ваҳдат, баргашт.

Ӯро моҳи январи соли гузашта дастгир ва бо айби "барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ" ба як сол зиндон маҳкум карданд, ҳарчанд хабарнигор иттиҳомро напазируфт ва ҳомиёни ҳуқуқ ба маҳбас андохтани ӯро кӯшише барои бастани даҳони дигарандешон донистанд.

Шарифов дар аввалин вокунишаш баъди раҳоӣ гуфт, як соли умр пушти милаҳои зиндон барояш сахт гузашт ва беасар набуд. Вай рӯзи 29-уми январ зиёд дар бораи як соли зиндонӣ буданаш суҳбат накард, танҳо гуфт, агар зиндон барои бархе ҷазо аст, барои гуруҳи дигар мактаб.

"Ин мактабро, мумкин аст, ҳар кас гузарад. Гузаштан аз он роҳҳои душвор ва хатарнок дорад. Маҳрум кардан аз озодӣ ба ноҳақ агар бошад хеле мусибат аст, барои ҳар фарде", -- афзуд рӯзноманигор.

Аз озодии Далер Шарифов беш аз ҳама фарзандони ӯ – Муборизу Нуронӣ – хурсандӣ доранд. Рӯзноманигори тоҷик ҳам гуфт, ҳоло мехоҳад дар канори азизонаш бошад, чун аз ҳама бештар ба ин ниёз дорад ва пазмон шудааст.

"Аз ҳамаи нафароне миннатдорам, ки ба ҳар тариқе ба мо кумак карданд, аз хонаводаи мо хабар гирифтанд ва дар паҳлӯи мо буданд. Ва ташаккур ба афроде, ки дар дохили ҳамин мақомот буданд ва аз хостаҳои дигарон пайравӣ накарданд ва ба мо ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамчун фарди тоҷики мусалмон муносибат карданд", -- афзуд Далер Шарифов.

Ин рӯзноманигори тоҷик гуфт, ҳоло мехоҳад як муддат табобат гирад.

Далер Шарифов як сол қабл бо иттиҳоми "барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ", ба як сол зиндон маҳкум шуд. Наздиконашу ҳомиёни ҳуқуқ боздошту маҳкумияти ӯро ба фаъолиятҳои хабарнигорияш рабт доданд, ки дар аксар матолиб ошкоро аз камбудҳои мақомот мегуфт.

Ӯ дар оғоз дар яке аз боздоштгоҳҳои муваққатӣ дар Душанбе нигаҳдорӣ мешуд ва сипас ба зиндони Ёвон интиқол ёфт. Хабарнигори 33-солаи тоҷик 28-уми январ соли 2020 боздошт шуд ва Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯзи 16-уми апрели ҳамон сол ӯро барои як сол аз озодӣ маҳрум кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон он замон дар ин робита гуфта буд, ки хабарнигор аз соли 2013 то соли 2019 "200 матлабу мақолае нашр кардааст, ки дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ ҳастанд" ва "ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ равона шудаанд". Худи Далер ва наздиконаш гуфтанд, иттиҳом асос надорад.

Ҳомиёни ҳуқуқу озодии баён ва ҳамкорони собиқаш ҳам гуфтанд, Далер Шарифовро мақомот барои дигарандешиву интиқодҳояш аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон ба додгоҳ кашидаанд, то ба ин васила ӯро "сокит кунанд" ва ба дигарон "ҳушдор бидиҳанд".

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар, Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон борҳо аз ҳукумат хостанд, Далер Шарифовро озод кунад.

Идораи зиндонҳои Тоҷикистон низ дар охири соли гузашта рафтори ӯро дар зиндон хуб арзёбӣ карда, аз Додситонии кул хост, ба маҳбаси сукунатӣ гузарананд, вале Додситонӣ дар номае раҳоии ӯро "барои ҷомеа хатарнок" номид, агарчи далели возеҳе наовард.

Далер Шарифов дар гузашта дар телевизиони давлатии "Сафина" ва ҳафтаномаи мустақили "Озодагон" ва расонаҳои дигари мустақил кор ва ё ҳамкорӣ кардааст.

https://www.ozodi.org/a/31075320.html


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима