Аз 16-уми январ дар Тоҷикистон иловаи Кодекси андоз, мавсум ба “андози Google” ҳукми қонунро мегирад. Бар пояи он хадамоти пулакии инетернетӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон уҳдадор мешаванд, аз даромади худ 18 дарсад “андози арзиши иловашуда” супоранд.
Вокуниши ширкатҳои азими интернетӣ ба ин дигаргунӣ дастрас ё расонаӣ нашудааст, вале бархе аз бонкҳои Тоҷикистон бо ирсоли паёмак муштариёни худро аз ин навигарӣ огоҳ кардаанд ва дар остонаи қатъи чунин додуситадҳоянд.
Дар Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 13-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ширкатҳои хориҷӣ, агар мол ё хадамоти худро бевосита ё тавассути миёнравҳо дар Тоҷикистон ба фурӯш мебароранд, бояд ин андозро супоранд. Барои ин онҳоро зарур аст, дар сомонаи Кумитаи андоз худро ба таври бархат ё онлайн номнавис кунанд.
Бинобар тафсири нозирон, “андози Google” танҳо аз молу маводи маҷозӣ ситонида мешавад, на моддӣ. Яъне агар ширкат ё шаҳрванд дар Facebook, Google, Mail.ru, Telegram, Viber, Play market, App Store, Booking.com ва пойгоҳҳои ҳамсони онҳо барои ёфтани муштарӣ дар Тоҷикистон реклама паҳн кунад ё ба воситаи интернет моле фурӯхта, аз Тоҷикистон даромад ба даст орад, бояд аз он андоз диҳад. То кунун ин аз ин додуситадҳо андоз ситонида намешуд.
Вале агар шаҳрвандони Тоҷикистон аз бозорҳои онлайнӣ ягон молу ашё, барои намуна, телефон ва ё дучарха харанд, “андози Google” ба онҳо дахл нахоҳад дошт, зеро ҳангоми ворид шудани мол дар марзи Тоҷикистон аз он боҷи гумрукӣ ситонида мешавад.
Дар Кумитаи андози Тоҷикистон ба суоли он ки агар ин ширкатҳо, ки асосан хориҷиянд, худро дар феҳристи ин кумита номнавис накунанд, чӣ ҳолате пеш хоҳад омад, посух надоданд.
Корманди яке аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад, чун масъулияти изҳороти расмиро надорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ахиран Кумитаи андоз бо ирсоли нома аз тағйироти охир бонкҳоро дар ҷараён гузошт.
Ӯ гуфт, “агар бонкҳо иҷозат диҳанд, ки тавассути қартаҳои бонкӣ муштариён пули хадамоти ширкатҳои хориҷиро пардозанд, он гоҳ хатаре вуҷуд дорад, ки нозирони кумита пардохти андозро аз бонк ҳамчун миёнрав талаб кунанд. Аз ин рӯ, бонкҳо бо назардошти ин риск муваққатан чунин хидматрасониро маҳдуд мекунанд”.
Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ афзуд, вақте ширкатҳои хориҷӣ худро дар феҳристи Кумитаи андоз ба қайд гиранд ва ё намояндагонашон дар Тоҷикистон ҳузур пайдо кунанду сабти ном шаванд он гоҳ додуситадҳо мисли пешин барқарор хоҳад гашт.
Аммо ба суоли кай ин ҳамсуҳбати мо посух гуфта натвонист, чун мегӯяд маълум нест, оё ширкатҳои азиме чун Facebook, Google ва монанди онҳо ба ин талаби Тоҷикистон эътино зоҳир мекунанд ва ё на? Чун ба таъкиди ӯ бозори Тоҷикистон хеле хурд аст ва ширкатҳои азим аз ҷо чандон даромаде намегиранд, ки қобили мулоҳиза бошад.
Аҳлиддин Салимов, коршиноси фановариҳои иттилоотӣ, ки ҳоло муқими Ню- Йорки Амрикост, мегӯяд, идеяи андозситонӣ аз ширкатҳои бузурге чун Facebook, Google ва ҳамтоёнашон дуруст аст.
“Андозситонӣ аз даромади ширкатҳои азими хориҷӣ, ки аз ҳисоби реклама ба мухотабон дар Тоҷикистон даромад мегиранд, мантиқӣ ва саривақтӣ аст. Буҷаи Тоҷикистон аз ин манбаъҳо метавонад солона садҳо ҳазор доллар даромад гирад. Аммо муҳим шеваи иҷрои ин кор аст”,-афзуд ӯ.
Салимов мегӯяд, Тоҷикистон бояд талош кунад, ки ширкатҳои азимро ба бозори худ ҷалб намояд ва барои онҳо шароити хубу осони пардохтани андозҳоро фароҳам оварад.
“Тоҷикистон на танҳо шароити ситонидани андоз аз сомонаҳое, мисли Facebook, Google ва дигар шабакаҳои иҷтимоиро беҳтар ва осон кунад, балки бояд заминаҳои ҷалби фурӯшгоҳҳои онлайнии мисли “Амазон” ва “Али-Бобо”, “eBay” -ро фароҳам кунад. Ин метавонад солона миллионҳо доллар ба буҷаи давлат ва беҳтар кардани шароити иқтисодии мардум боис шавад,»-афзуд Аҳлиддин Салимов.
Дар ҳамин ҳол, Салимов таъкид мекунад вақте Тоҷикистон аз хидматрасониҳои онлайнӣ андоз талаб мекунад, бояд сифат ва суръати хуби интернетро фароҳам кунад.
Ҳоло суръати интернет дар Тоҷикистон яке аз сустаринҳо дар ҷаҳон ва нархаш нисбат ба ҳама кишварҳои минтақа гаронтар аст.
Дар шеваи андозситонӣ аз Facebook, Google ва ширкатҳои азими дигари мухобиротӣ Тоҷикистон ба таҷрибаи Русия, Испания ва Узбекистон такя кардааст.
Масъулони андоз мегӯянд, Русия аз ҳисоби чунин андозҳо солона беш аз 3 миллиард доллар даромад мегирад ва дар идораи андози ин кишвар беш аз 2000 ҳазор ширкати мухобиротӣ худро сабти ном кардаанд.
Гирифтани андоз аз ширкатҳои бузурге ба мисли Гугл ва Фейсбук ҳанӯз соли 2017 аз забони Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон садо дода буд. Давлатзода он вақт гуфта буд, дар нома ба президенти Тоҷикистон ба таҷрубаи ба қавли ӯ, босамари Русия ишора кардааст.
Аммо дар қиёс бо ин кишварҳо бозори дохилии Тоҷикистон ниҳоят хурд ва қобилияти харидории мардум хеле паст аст. Маълум нест, ширкатҳои азим оғози иҷрои тағйири қонуни андози Тоҷикистонро чӣ гуна мепазиранд.
Кумитаи андоз дар як изҳорот 15 номгӯи амалиёти онлайниеро номбар кардааст, ки ширкатҳои хориҷӣ барои анҷоми он дар Тоҷикистон бояд андоз супоранд. Хадамоте, ки акнун аз он андоз ситонида мешавад аз ин қарор аст: