Гугл ва Фейсбук оё ба Тоҷикистон андоз медиҳанд? Суоли дерина ҷавоб меҷӯяд
     TJ RU EN
06:50 / 2024-12-20

Гугл ва Фейсбук оё ба Тоҷикистон андоз медиҳанд? Суоли дерина ҷавоб меҷӯяд

Аз 16-уми январ дар Тоҷикистон иловаи Кодекси андоз, мавсум ба “андози Google” ҳукми қонунро мегирад. Бар пояи он хадамоти пулакии инетернетӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон уҳдадор мешаванд, аз даромади худ 18 дарсад “андози арзиши иловашуда” супоранд.

Вокуниши ширкатҳои азими интернетӣ ба ин дигаргунӣ дастрас ё расонаӣ нашудааст, вале бархе аз бонкҳои Тоҷикистон бо ирсоли паёмак муштариёни худро аз ин навигарӣ огоҳ кардаанд ва дар остонаи қатъи чунин додуситадҳоянд.

Дар Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 13-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ширкатҳои хориҷӣ, агар мол ё хадамоти худро бевосита ё тавассути миёнравҳо дар Тоҷикистон ба фурӯш мебароранд, бояд ин андозро супоранд. Барои ин онҳоро зарур аст, дар сомонаи Кумитаи андоз худро ба таври бархат ё онлайн номнавис кунанд.

Бинобар тафсири нозирон, “андози Google” танҳо аз молу маводи маҷозӣ ситонида мешавад, на моддӣ. Яъне агар ширкат ё шаҳрванд дар Facebook, Google, Mail.ru, Telegram, Viber, Play market, App Store, Booking.com ва пойгоҳҳои ҳамсони онҳо барои ёфтани муштарӣ дар Тоҷикистон реклама паҳн кунад ё ба воситаи интернет моле фурӯхта, аз Тоҷикистон даромад ба даст орад, бояд аз он андоз диҳад. То кунун ин аз ин додуситадҳо андоз ситонида намешуд.

Вале агар шаҳрвандони Тоҷикистон аз бозорҳои онлайнӣ ягон молу ашё, барои намуна, телефон ва ё дучарха харанд, “андози Google” ба онҳо дахл нахоҳад дошт, зеро ҳангоми ворид шудани мол дар марзи Тоҷикистон аз он боҷи гумрукӣ ситонида мешавад.

Дар Кумитаи андози Тоҷикистон ба суоли он ки агар ин ширкатҳо, ки асосан хориҷиянд, худро дар феҳристи ин кумита номнавис накунанд, чӣ ҳолате пеш хоҳад омад, посух надоданд.

Корманди яке аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад, чун масъулияти изҳороти расмиро надорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ахиран Кумитаи андоз бо ирсоли нома аз тағйироти охир бонкҳоро дар ҷараён гузошт.

Ӯ гуфт, “агар бонкҳо иҷозат диҳанд, ки тавассути қартаҳои бонкӣ муштариён пули хадамоти ширкатҳои хориҷиро пардозанд, он гоҳ хатаре вуҷуд дорад, ки нозирони кумита пардохти андозро аз бонк ҳамчун миёнрав талаб кунанд. Аз ин рӯ, бонкҳо бо назардошти ин риск муваққатан чунин хидматрасониро маҳдуд мекунанд”.

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ афзуд, вақте ширкатҳои хориҷӣ худро дар феҳристи Кумитаи андоз ба қайд гиранд ва ё намояндагонашон дар Тоҷикистон ҳузур пайдо кунанду сабти ном шаванд он гоҳ додуситадҳо мисли пешин барқарор хоҳад гашт.

Аммо ба суоли кай ин ҳамсуҳбати мо посух гуфта натвонист, чун мегӯяд маълум нест, оё ширкатҳои азиме чун Facebook, Google ва монанди онҳо ба ин талаби Тоҷикистон эътино зоҳир мекунанд ва ё на? Чун ба таъкиди ӯ бозори Тоҷикистон хеле хурд аст ва ширкатҳои азим аз ҷо чандон даромаде намегиранд, ки қобили мулоҳиза бошад.

Аҳлиддин Салимов, коршиноси фановариҳои иттилоотӣ, ки ҳоло муқими Ню- Йорки Амрикост, мегӯяд, идеяи андозситонӣ аз ширкатҳои бузурге чун Facebook, Google ва ҳамтоёнашон дуруст аст.

“Андозситонӣ аз даромади ширкатҳои азими хориҷӣ, ки аз ҳисоби реклама ба мухотабон дар Тоҷикистон даромад мегиранд, мантиқӣ ва саривақтӣ аст. Буҷаи Тоҷикистон аз ин манбаъҳо метавонад солона садҳо ҳазор доллар даромад гирад. Аммо муҳим шеваи иҷрои ин кор аст”,-афзуд ӯ.

Салимов мегӯяд, Тоҷикистон бояд талош кунад, ки ширкатҳои азимро ба бозори худ ҷалб намояд ва барои онҳо шароити хубу осони пардохтани андозҳоро фароҳам оварад.

“Тоҷикистон на танҳо шароити ситонидани андоз аз сомонаҳое, мисли Facebook, Google ва дигар шабакаҳои иҷтимоиро беҳтар ва осон кунад, балки бояд заминаҳои ҷалби фурӯшгоҳҳои онлайнии мисли “Амазон” ва “Али-Бобо”, “eBay” -ро фароҳам кунад. Ин метавонад солона миллионҳо доллар ба буҷаи давлат ва беҳтар кардани шароити иқтисодии мардум боис шавад,»-афзуд Аҳлиддин Салимов.

Дар ҳамин ҳол, Салимов таъкид мекунад вақте Тоҷикистон аз хидматрасониҳои онлайнӣ андоз талаб мекунад, бояд сифат ва суръати хуби интернетро фароҳам кунад.

Ҳоло суръати интернет дар Тоҷикистон яке аз сустаринҳо дар ҷаҳон ва нархаш нисбат ба ҳама кишварҳои минтақа гаронтар аст.

Дар шеваи андозситонӣ аз Facebook, Google ва ширкатҳои азими дигари мухобиротӣ Тоҷикистон ба таҷрибаи Русия, Испания ва Узбекистон такя кардааст.

Масъулони андоз мегӯянд, Русия аз ҳисоби чунин андозҳо солона беш аз 3 миллиард доллар даромад мегирад ва дар идораи андози ин кишвар беш аз 2000 ҳазор ширкати мухобиротӣ худро сабти ном кардаанд.

Гирифтани андоз аз ширкатҳои бузурге ба мисли Гугл ва Фейсбук ҳанӯз соли 2017 аз забони Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон садо дода буд. Давлатзода он вақт гуфта буд, дар нома ба президенти Тоҷикистон ба таҷрубаи ба қавли ӯ, босамари Русия ишора кардааст.

Аммо дар қиёс бо ин кишварҳо бозори дохилии Тоҷикистон ниҳоят хурд ва қобилияти харидории мардум хеле паст аст. Маълум нест, ширкатҳои азим оғози иҷрои тағйири қонуни андози Тоҷикистонро чӣ гуна мепазиранд.

Кумитаи андоз дар як изҳорот 15 номгӯи амалиёти онлайниеро номбар кардааст, ки ширкатҳои хориҷӣ барои анҷоми он дар Тоҷикистон бояд андоз супоранд. Хадамоте, ки акнун аз он андоз ситонида мешавад аз ин қарор аст:

  • Додани ҳуқуқи истифодабарии таъминоти барномавӣ барои мошинҳои электронии ҳисоббарор (аз ҷумла бозиҳои компютерӣ), махзани маълумот тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла додани дастрасии фосилавӣ ба онҳо, инчунин таҷдиди онҳо ва имкониятҳои иловагии функсионалӣ;
  • Амалӣ намудани хизматрасониҳои рекламавӣ дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла аз ҳисоби истифодаи таъминоти барномавӣ барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ё махзанҳои маълумоти дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ истифодашаванда, инчунин пешниҳоди майдонҳои рекламавӣ дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;
  • Анҷоми хизматрасониҳо оид ба ҷойгиркунии пешниҳодҳо дар бораи хариди (фурӯши) молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ва ҳуқуқҳои молумулкӣ дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;
  • Анҷом додани хизматрасонӣ тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ вобаста ба пешниҳодҳои техникӣ, ташкилӣ, иттилоотӣ ва имкониятҳои дигар, ки бо истифода аз система ва технологияҳои иттилоотӣ барои ташкил намудани алоқа ва бастани шартномаҳо (аҳдҳо) байни фурӯшандагон ва харидорон (тавассути майдонҳои савдои дар шабакаи интернет дар вақти воқеӣ амалкунанда, ки дар он ба харидорони воқеӣ арзиши молҳо (иҷрои кор, хизматрасонӣ) тавассути расмиёти худкор пешниҳод гардида, тарафҳо ҷиҳати ба савдо баровардани онҳо тариқи ташкили огоҳонии худкор хабардор мешаванд);
  • Таъмин, нигоҳдории фаъолияти иқтисодӣ, инчунин дастгирии захираҳои электронии истифодабарандагон, аз ҷумла сомонаҳо ва ё саҳифаҳои сомонаҳо дар шабакаи интернет, таъмини дастрасии истифодабарандагони дигар ба шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;
  • Бурдҳои интерактивӣ барои қиморбозӣ дар идораҳои букмекерӣ;
  • Таъмини дастрасӣ ба шабакаҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, ҳамчунин ба истифодабарандагон фароҳам овардани имконияти тағйир додани онҳо;
  • Ҳифз ва коркарди иттилоот ба шарте, ки шахси чунин иттилоотро пешниҳоднамуда имконияти дастрасӣ ба онро тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дошта бошад;
  • Дар низоми вақти воқеӣ пешниҳод намудани иқтидорҳои ҳисобкунӣ барои дар системаи иттилоотӣ ҷойгир намудани иттилоот;
  • Пешниҳоди номгузории доменҳо, хизматрасониҳои хостингӣ;
  • Пешниҳоди хизматрасониҳо оид ба маъмурикунонии низоми иттилоотӣ, сомонаҳо дар шабакаи интернет;
  • Пешниҳоди хизматрасоние, ки ҳангоми аз ҷониби харидори хизматрасонӣ ворид намудани маълумот ба воситаи шабакаи интернет тариқи худкор анҷом дода мешавад, хизматрасониҳои автоматикунонидашуда оид ба ҷустуҷӯи маълумот, интихоби маълумот аз рӯи дархостҳо, ба воситаи шабакаҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба истифодабарандагон пешниҳод намудани маълумоти мазкур (аз ҷумла маълумотномаи биржаи коғазҳои қиматнок дар реҷаи вақти воқеӣ, интиқоли худкор дар реҷаи вақти воқеӣ);
  • Додани ҳуқуқ барои истифодаи китобҳои электронӣ (нашрияҳо) ва нашрияҳои дигари электронӣ, маводи иттилоотию таълимӣ, тасвирҳои графикӣ, асарҳои мусиқӣ бо матн ё бе матн, асарҳои аудиовизуалӣ, аз ҷумла бо роҳи пешниҳоди дастрасии фосилавӣ ба онҳо ҷиҳати тамошо кардан ё шунидан тариқи шабакаи интернет;
  • Пешниҳоди хизматрасонӣ ба фармоишгар доир ба дарёфт ва ё пешниҳоди маълумот оид ба харидорони эҳтимолӣ;
  • Пешниҳоди дастрасӣ ба низоми ҷустуҷӯӣ дар шабакаи интернет;
  • Пешбурди омор дар сомонаҳои шабакаи интернет
  • https://www.ozodi.org/a/31045755.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2020 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4 5 6
    7 8 9 10 11 12 13
    14 15 16 17 18 19 20
    21 22 23 24 25 26 27
    28 29 30 31      
     
    Пайвандҳои лозима