Омӯзиш баҳри рушди иҷтимоии маҳалҳо
     TJ RU EN
12:24 / 2024-12-20

Омӯзиш баҳри рушди иҷтимоии маҳалҳо

Дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Анҷумани миллии Воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) барои журналистон ва  намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мавзӯи “Журналистика ва ҷомеаи шаҳрвандӣ: фаъолияти якҷоя барои аҳолии маҳаллӣ” омӯзиш баргузор гардида истодааст. Мақсади омӯзиши мазкур ба роҳ мондан ва рушди ҳамкорӣ байни журналистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, тӯли се рӯз иштирокчиён масъалаҳои мушкили  дастрасӣ ба иттилоот, рушди ҳамкорӣ байни ВАО ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ баҳри манфиати аҳолӣ, инъикоси масоили марбут ба маҳал ва ҷомеа, дарёфти иттилооти дақиқ аз сарчашмаҳои маъмулиро меомӯзанд. Лоиҳаи “Нигоҳ доштани тавозун:таҳкими устуворӣ ва аҳамиятнокии ВАО-и мутсақил дар Тоҷикистон” аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, АМВАОМТ (НАНСМИТ) ва Бунёди Томсон онро амалӣ мегардонанд. Дар омӯзиш 15 нафар журналистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат доранд.  

Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима