Қатъи дастрасӣ, акнун талаби кӯчидан... Лекин мо таслим нашуда, идома медиҳем
     TJ RU EN
04:36 / 2024-12-20

Қатъи дастрасӣ, акнун талаби кӯчидан... Лекин мо таслим нашуда, идома медиҳем

Аз замони қатъи дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс” имрӯз ду сол пур мешавад ва акнун моро аз дафтари корӣ ҳам маҳрум карданианд.

Ду сол пеш - рӯзи 29 ноябри соли 2018 дастрасӣ ба писандидатарин расонаи иттилоотии Тоҷикистон “Азия-Плюс” - www.news.tj – қатъ шуд.

Пештар ҳам чунин қатъшавиҳо баъзан сурат мегирифтанд, лекин муддати аз якчанд рӯз то ду моҳ давом мекарданд. Қатъи дастрасии ҳозира бесобиқа аст – он аллакай 730 (!) рӯз инҷониб идома дорад, бо имкони дастрасиҳо ё худ танаффусҳое барои якчанд дақиқаву соат ва рӯз. Дастрасӣ ба дигар доменҳо ҳам қатъ шудааст.

Акнун моро аз дафтари корие, ки бо воситаву маблағи худ таъмиру бароҳат кардему 20 сол инҷониб кор мекунем, ба ҷойи дигар кӯчониданианд!

Кӣ дастрасиро қатъ мекунад?

Дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон касе қатъ накардааст, домени асосӣ - news.tj низ шикаставу корношоям нест. Ба дархостҳои идораи “Азия-Плюс” ниҳоди масъули танзими масоили телекоммуникатсионӣ дар кишвари мо – Хадамоти алоқа посух медиҳад, ки онҳо дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс”-ро қатъ накардаанд ва сабабаш ба гумони ғолиб, “мушкили техникӣ аст”.

Бо вуҷуди ин, сомона танҳо тариқи VPN дастрас аст. Аз ин рӯ, ба ҳар ҳол, дастрасӣ ба онро касе қатъ кардааст, лекин аз эътирофи он метарсад, зеро медонад, ки ин қонуншиканӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, дар торнамои “Азия-Плюс” нисбат ба ҳукумат қариб ягон мавод бо интиқоди шадид ҷой надорад.

Баръакс, қисмати назарраси муҳтавои сомонаро маводу хабарҳо дар бораи фаъолияти президенту ҳукумат ва дигар сохторҳои давлатӣ дар бар мегирад. Маводи боқимонда фарогири мавзӯъҳои фарҳангиву фароғатианд.

Чаро дастрасиро қатъ мекунанд?

Ба гуфтаи сардабир Умед Бобохонов, сабаби қатъи дастрасӣ шояд дар он бошад, ки идораи расона нашри маводи пастсифати ташвиқотиеро, ки ба идораи “Азия-Плюс” аз баъзе сохторҳо пешниҳод мешуданд, рад кард.

“Бо ҳукумат барои ҳамкорӣ омодаем ва инро муддати 25 соли таърихи фаъолияти худ анҷом медиҳем, лекин дар ҳамин ҳол, ба касб ва хонандагони худ арҷ гузошта, бинобар ин, аз нашри чунин мавод худдорӣ мекунем. Бигзор ҳама ба кори худ машғул шавад”, - мегӯяд ӯ.

Қатъи дастрасӣ ба чӣ боис гардид?

Қатъи дастрасӣ ба сомона идораи расонаро ба коре водор намуд, ки барои он пештар доимо вақт ёфт намешуд – таваҷҷуҳи бештар додан ба рушди аккаунтҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мо ин корро ба сомон расонидем.

Муддати ду сол “Азия-Плююс” якчанд маротиба обуначиёни худро дар Facebook – аз 25 ҳазор то 111 ҳазор, дар Instagram – аз чандсад нафар то зиёда аз 190 ҳазор нафар зиёд кард. Аудитория дар YouTube аз 15 ҳазор то ба 105 ҳазор нафар афзуд. Корбарони шабакаи Telegram-и “Азия-Плюс” қариб 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки сершумортарин дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ба рушди бахши тоҷикиии сомона ҳам аҳаммият додем – саҳифа ва гурӯҳҳои “Азия-Плюс” бо забони тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз аз сифр дар Facebook – қариб 13 ҳазор нафар, Instagram – зиёда аз 20 ҳазор нафар ва Telegram – беш аз 8 ҳазор нафар корбаронро гирдиҳам оварданд.

Ба ин тариқ, сафи корбарон (аудитория)-и “Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ним миллион – 500 ҳазор нафар расид, ки ду сол пеш тасаввурнокарданӣ буд. Шумори корбарон дар “Одноклассники”, “ВКонтакте”, Яндекс-Дезн”... низ мудом дар ҳоли афзоиш аст.

Барои ҳамаи ин комёбиҳо ҳайати кормандони “Азия-Плюс” бори дигар ба “хайрхоҳон”-и номаълум, ки дастрасиро ба сомона қатъ карданду ғайри ихтиёри худ ба рушди нашрия дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар пойгоҳу самтҳо такон бахшидаву мусоидат карданд, изҳори миннатдорӣ менамояд.

Дар робита ба сомонаи дастрасиаш қатъшуда бошад, корбарони он бо воқеъияти нав мутобиқ шуда, акнун аз VPN истифода мебаранд. Дар натиҷа, сафи корбарони сомона ба нишондиҳандаҳои пешина бармегардад.

Шумори моҳонаи боздидкунандагони мавод дар сомонаи дастрасиаш қатъшудаи "Asia-Plus" зиёда аз 1 МИЛЛИОН нафарро ташкил медиҳад!

Имрӯз моро ба дигар ҷой кӯчониданианд...

Имрӯз моро аз дафтари корие, ки онро худ таъмир кардаву барои кор тамоми шароитҳоро фароҳам сохтаем ва 20 сол инҷониб дар он фаъолият дорем, ба дигар ҷой кӯчониданианд. Чаро? Танҳо барои он, ки ин дафтари кории муҳайё бо тамоми шароитро ба ихтиёри агентии миллии иттилоотии “ХОВАР” доданианд. Ба онҳо дафтари кории ҷудошуда дар ошёнаи 13-уми Комплекси табъу нашр, ки ба қавли раҳбарияти “Шарқи озод”, “он ҷо ҳам ҳамин хел шароит фароҳам аст”, маъқул нашудааст.

Айни замон мо ба мактуби расмӣ ба роҳбари Дастгоҳи президент – Озода Раҳмон муроҷиат намудем ва интизори посухем. Умедворем, ки адолат то ҳол побарҷо аст!

Ҳатто агар дафтари кориамонро  аз даст диҳем ҳам, “Азия-Плюс” илоҷи корро хоҳад ёфт: сохтмон дар шаҳр хеле зиёду бино ва дафтарҳои корӣ ҳам бисёранд. Илова бар ин, пандемияи коронавирус ба мо бисёр сабақҳо дод: сарфи назар аз ҳама чиз, фаврияту кор дар ҳама гуна шароит ва кори пурсамари дур аз дафтари корӣ бидуни талафот.

Аз ин рӯ, барои хонандагони “Азия-Плюс” чизе тағйир намеёбад: мо рисолати худ -  иттилоърасонӣ, таҳлил, гуфтану навиштан ва эҷодро иҷро хоҳем кард.

Фардо чӣ мешавад?

Имрӯз “Азия-Плюс” дар шароити каме душвор фаъолият дошта бошад ҳам, лекин дар реҷаи муътадил ба кори худ идома медиҳад ва дар соли нав низ минбаъд рушди расонаро дар нақша дорад.

Аз корбарони худ, ки сарфи назар аз мушкилоти техникӣ бо мо ҳастанд, самимона ва беҳад миннатпазирем. Мо ҷиҳати  таҳияи маводи хушсифату гуногун дар шаклҳои наву шавқовар, роҳандозии лоиҳаҳои нав, ки ба рушди соҳаҳои гуногуни кишвар ва ҳамаи ҷомеаи Тоҷикистон равона шудаанд, талош хоҳем варзид.

Барои тоҷирону соҳибкорони ватанӣ ва шарикони рекламадеҳ восита ва платформаҳои пурсамар ҷиҳати пешбурду таблиғи маҳсулот ва хизматгузориҳои онҳо дарёфт хоҳем кард. Итминон дорем, ки танҳо тиҷорати хусусӣ метавонад муҳаррики рушди иқтисоди миллӣ гардад ва хостори мусоидати ҳамаҷонибаи он ҳастем. Ба дастгирии соҳибкорони ҷавон ва навкорон (стартаперҳо) идома медиҳем.

Дафтари корӣ, қатъи дастрасӣ бо чӣ меанҷомад? Ба ростӣ, мо намедонем. Шахсоне, ки солҳои охир ба рушди мо монеъа эҷод карданианд, минбаъд ҳам, бархилофи ақли солим метавонанд дастрасиро ба сомонаи писандидатарини иттилоотии кишвар қатъ намуда, фарогирии корбаронро ба торнамоҳои на он қадр боэътимод ва касбӣ васеъ кунанд.

Лекин дарк карда ҳам метавонанд, ки ин барои ҷомеа хатар дорад, мухолифи манфиатҳои миллии мо ва худи ҳукумат аст.

Дер ё зуд ба ҳамаи мо лозим мешавад, ки барои ҳар як тасмими худ ҷавоб бигӯем. Мо бошем, идома медиҳем – моро хонеду гӯш андозеду тамошо ва пайгирӣ кунед. Шиори мо – “Ояндаро ҳамроҳ месозем” ва мо инро амалӣ мекунем!

 https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20201129/ati-dastras-aknun-talabi-kchidan-lekin-mo-taslim-nashuda-idoma-mediem


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима