Филми рӯзноманигорони тоҷик ба Ҷашнвораи филмҳои мустанади Русия раҳ ёфт
     TJ RU EN
09:31 / 2024-11-16

Филми рӯзноманигорони тоҷик ба Ҷашнвораи филмҳои мустанади Русия раҳ ёфт

Филми "Шуроб” соли гузашта дар толори кинотеатри “Зебуниссо” ба намоиш гузошта шуд.

Филми таҳиякардаи рӯзноманигор Далер Имомалӣ ва Дилошуб Орифзода бо номи “Шуроб” ба барномаи озмуни Ҷашнвораи бози филмҳои мутсанади “Русия” (Открытого фестиваля документального кино "Россия" ) шомил гардидааст. Дар ин бора Лилия Гейсина корманди масъули "Интернюс" дар Тоҷикистон дар фейсбук хабар додааст. Ба гуфтаи Лилия филми мазкур соли 2019 аз сӯйи студияи Art-Vision Акмал Ҳасанов ба навор гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки филм дар бораи шаҳраки партобшудаи Шӯроби шаҳри Исфараи вилояти Суғд буда, гурӯҳи наворбардории студияи Art-Vision як моҳ дар ин деҳа зиндагӣ карда, бо дастгирии Интернюс филми мустанади "Шӯроб" -ро дар бораи ҳаёти ҳаррӯзаи деҳ ба навор гирифтанд. Дар деҳаи Шӯроби шимоли Тоҷикистон, аз соли 2006 инҷониб барои аҳолӣ оби нӯшокӣ мавҷуд нест. Замоне дар ин ҷо 15 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд, ҳоло на бештар аз се ҳазор нафар боқӣ мондаанд, ки онҳо имкони рафтан аз ин маконро надоранд. Тавре “Интернюс”-и Тоҷикистон менависад, умуман, деҳаи Шуроб танҳо аз соли 1952 то 2006 мақоми шаҳракро гирифта, обод ва шукуфон буд, ки дар он бисёр сокинони ҳавмонвақтаи  Тоҷикистони орзуи зиндагӣ  мекарданд. Ва танҳо  соли 2005 мақоми деҳаро гирифт. То ҳол сокинони деҳа дар бораи замонҳои гузашта, вақте ки об буд, музди мӯътадил ва деҳа - шаҳри воқеӣ ҳарф мезананд. “Рӯзноманигорони тоҷик на як бору ду бор дар бораи шаҳраки Шӯроб ва мушкилоти асосии он навиштаанд, аммо гурӯҳи иборат аз шаш нафараи Дилошӯб тасмим гирифтанд, ки зиндагии ин мардумро ба таври возеҳ нишон диҳанд. Ва онҳо дар ин деҳа тақрибан як моҳ зиндагӣ карданд. Коргардон шарҳ медиҳад, ки дар аввал сокинон намехостанд дар бораи мушкилоти худ ҳарф зананд, аммо баъдан ба умеди он ки ин филм метавонад зиндагии онҳоро тағйир диҳад, розӣ шуданд, ки дар наворбардорӣ ширкат кунанд”, - навиштааст Интернюс. Ёдрас мешавем, ки филми мустанади 33-дақиқаии "Шӯроб" рӯзи 12 ноябри соли 2019 дар толори кинотеатри “Зебуниссо” дар Душанбе бори нахуст намоиш дода шуда буд. https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20201113/filmi-rznomanigoroni-toik-ba-ashnvorai-filmoi-mustanadi-rusiya-ra-yoft

Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима