Шиносоии рӯзноманигорон бо Маркази таълимии КҲФ
     TJ RU EN
11:06 / 2024-12-20

Шиносоии рӯзноманигорон бо Маркази таълимии КҲФ

Созмони ҷамъиятии “Хома” барномаеро роҳандозӣ кардааст, ки рӯзноманигорон метавонанд бо роҳбарону намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ вохӯрда, ба суолҳои хеш посух гиранд. Чунин нишастҳо, ба фарқ аз нишастҳои матбуотие, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар як сол ду маротиба ба нақша гирифта мешавад, дар худи ниҳодҳои давлатӣ баргузор гардида, илова бар ин, рӯзноманигорон бо фаъолияти рӯзмарраи онҳо шинос мешаванд.

Нишасти матбуотӣ ва пресс-тури рӯзноманигорон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии  омори назди Президенти кишвар рӯзи гузашта, 12 уми ноябр, доир гардид, ки наздик ба 20 нафар намояндаи воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Ҷонишини раиси КҲФ полковник Муҳаммадҷон Салимзода зимни нишаст бо рӯзноманигорон, ки дар Маркази таълимии Кумитаи мазкур дар Душанбе доир гардид, дар бораи вазифаҳо, сохтор, ҳамкориҳои байналмилалӣ, парки техникӣ ва дурнамои рушди Кумита муфассал иттилоъ дод. Баъдан хабарнигорон ба суолҳои худ вобаста ба фаъолияти Кумита посухҳои мушаххас гирифтанд. Пас аз нишаст намояндагони ВАО амалан бо кори Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии КҲФ, техника ва таҷҳизоти махсуси ин ниҳод, имконияту зарфиятҳои КҲФ барои вокуниши саривақтӣ ба хавфҳои эҳтимолии фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ошно гардиданд. Ҳамчунин, хабарнигорон бо амалисозии «Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ», ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад, шинос шуданд.

Намоиши таълимии амалиёти интиқоли зарардидагон бо истифода аз таҷҳизоти наҷотдиҳӣ ва воситаҳои махсуси техникӣ хеле диққатҷалбкунанда буд.

Ҷонишини раиси КҲФ Салимзода М. аз иқдоми пешгирифтаи ТҶ “Хома” изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, маркази матбуоти Кумита ҳамеша фаъол аст ва хабарнигорон метавонанд ҳамавақт бо суолҳои вобаста ба ин ниҳод муроҷиат намоянд.

https://faraj.tj/habari-ruz/shinosoii-ruznomanigoron-bo-markazi-talimii-k-f-navor/


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима