Далер Шарифов шомили маҳбусоне, ки Эмомалӣ Раҳмон бахшид, нашуд
     TJ RU EN
10:17 / 2024-12-20

Далер Шарифов шомили маҳбусоне, ки Эмомалӣ Раҳмон бахшид, нашуд

Ӯ то поёни давраи маҳбасӣ, се моҳи дигар дар зиндон хоҳад буд.

Далер Шарифов, рӯзноманигори зиндонии тоҷик, ки рӯзи 28-уми январи 2020 аз сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт ва 16-уми апрели имсол аз сӯйи додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт барои “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” муҷрим шинохта шуд, миёни 378 маҳбусе, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуданд, нест.

Саида Қурбонова, ҳамсари Далер, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Далер се моҳи дигар дар Муассисаи ислоҳии 3/6-и ноҳияи Ёвон мемонад. Ба гуфтаи Қурбонова, онҳо умед доштанд, ки номи Далер Шарифов низ дар рӯихати бахшидашудагон шомил мегардад, чун муҳлати адои ҷазои хеле кам дорад.

“Умед доштем, ки номи Далер низ дар рӯихати бахшидашудагон аст, вале мутаассифона набудааст. То ҳол сабаби ворид нашудан ба рӯихатро намедонем, вале бо муҳлати адои ҷазое, ки ӯ дорад бояд озод мешуд”, - илова кард Саида Қурбонова.

Дар мавриди чаро шомил нашудани ному насаби Далер Шарифов ба рӯихати бахшидашудагон Давлатмурод Хоҷаев сардори Муассисаи ислоҳии 3/6-и ноҳияи Ёвон аз суҳбат худдорӣ кард.

Ба гуфтаи ҳамсари рӯзноманигори зиндонӣ, рӯзи 22-юми сентябр вобаста ба рад шудани пешниҳоди пеш аз муҳлат озод кардани Далер Шарифов ба Додситонии кулл, Кумитаи давлатии амният ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дархост пешниҳод намуда буданд, вале баъдан ҷавоби рад гирифтанд. Қаблан низ рӯзи 18-уми сентябр, дархости Муассисаи ислоҳии 3/6-и ноҳияи Ёвон барои пеш аз муҳлат озод кардани Далер Шарифов аз сӯйи Идораи зиндонҳои Вазорати адлияи кишвар рад шуда буд.

Хотиррасон мешавем, ки Далер Шарифов, 28-уми январи 2020 аз сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрел ӯро барои “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” муҷрим шинохт.

Баъди боздошти Далер Шарифов дар баробари созмонҳои миллӣ, ҳамчунин созмонҳои Дидбони Ҳуқуқи Башар, Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвежии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон борҳо аз ҳукумат хостаанд, Далер Шарифовро озод кунад. Ҳатто созмони ҳомии ҳуқуқи Freedom-Now ба як гурӯҳи махсуси Созмони Милали муттаҳид расман муроҷиат кардааст, ки то куҷо қонунӣ будани боздошт ва зиндонӣ кардани Далер Шарифовро таҳқиқ кунад ва хулосаҳояшро бигӯяд.

Ёдрас мешавем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 октябр пас аз маросими расмии савгандёдкунӣ ба унвони дигарбора интихоб шудан, фармони аввали худро дар бораи бахшидани 378 нафар маҳкумшуда ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ “Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд” дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон 378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуд.

Аммо то кунун барои расонаҳо маълум нест, ки 378 нафари бахшидашуда киҳоянд ва чаро маҳз онҳо бахшида шудаанд. Талошҳои "Азия-Плюс" то ин дам барои дарёфти иттилои бештар дар бораи ин 378 нафар бенатиҷа будааст.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20201104/rznomanigor-daler-sharifov-shomili-bahshidashudaoi-emomal-ramon-nashud


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима