Мавлуда Рофиева, рӯзноманигоре, ки то охир ба рисолаташ содиқ монд.
     TJ RU EN
04:41 / 2024-12-20

Мавлуда Рофиева, рӯзноманигоре, ки то охир ба рисолаташ содиқ монд.

Ҷасади Мавлуда Рофиева, хабарнигори оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс"-ро рӯзи 14-уми октябр зери чораҳои сахти беҳдоштӣ дар оромгоҳи шаҳри Гулистон дафн карданд. Ӯ, ки пештар бо нишонаҳои "илтиҳоби шуш" дар шифохонаи вилоятии Суғд бистарӣ шуда буд, рӯзи сешанбе дар 56-солагӣ даргузашт. Пайвандону дӯстонаш гуфтанд, ки қаблан натиҷаи ташхиси ӯ аз COVID-19 манфӣ буд, вале рӯзҳои ахир аз сулфа ва ҳарорати баланд шикоят дошт. Расулҷон Иброҳимов, яке аз пайвандони Мавлуда Рофиева, рӯзи 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ду рӯз пеш, вақте ҳамсарам ба ӯ занг зад, дар ҷавоб навишт, ки "нафасам гирифта истодааст. Гап зада наметавонам. Бахшиш". Вақте мо ба хонааш занг задем, гуфтанд, ки ду рӯз пеш ҳолаш бад шуда буд ва дар шуъбаи эҳё бистарӣ кардаанд." Мавлуда Рофиева аз рӯзноманигорони фаъол дар вилояти Суғд буд ва дар бозтоби саривақтии хабарҳои муҳими минтақа саҳм дошт. Ҳамчунин намояндаи Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар вилояти Суғд буд. Ӯ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дифоъ мекард ва вақтҳои охир хеле талош дошт, то хабарнигори зиндонии тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоиловро аз маҳбас озод кунад, вале муваффақ нашуд. Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеъ ва яке аз дӯстони хабарнигор гуфт, "мо бисёр вақт ҳамкорӣ мекардем. Бахусус мавзуъҳоеро, ки ба боздошти рӯзноманигорон рабт дошт, зуд баррасӣ мекард ва иттилоъро паҳн менамуд".

Рофиева хабарҳои марбут ба баҳсҳои марзиро низ пайваста пайгирӣ мекард ва аз ҷумлаи рӯзноманигороне буд, ки бевосита ҷараёни музокироти ҷонибҳоро дар ҳалли масъалаи марз миёни Тоҷикистон бо Қирғизистон бозтоб медод. Неъматуллоҳ Мирсаидов, рӯзноманигор ва яке аз ҳамкорони Мавлуда Рофиева, мегӯяд, "дирӯз, баъд аз фаҳмидани хабари фавташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр ҳамкасбон аз ҳамсоякишварҳо низ ибрози ҳамдардӣ карданд. Ӯ дар инъикоси мавзуъҳои марзӣ мавқеи худро дошт ва мувофиқи усулҳои рӯзноманигорӣ истодагарӣ мекард". Рофиева аз соли 2005 барои "Азия-Плюс” кор мекард ва дар нашри хабарҳои марбут ба бемории коронавирус дар шимоли Тоҷикистон фаъол буд. Бобоҷони Икром, нависанда ва рӯзноманигори собиқадори тоҷик мегӯяд, "пеш аз ҳама ҷасорат дошт, мавқеъ дошт. Хабарҳои ба ҳаёти ҷомеа муҳими иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангиро кӯшиш мекард пеш аз ҳама ба хонандагон расонад. Бо вуҷуди он ки имрӯз рӯзи мотами Мавлуда аст, ман мегӯям, ки рӯзи таваллудаш аст. Чунки ҷаҳони маргро бо ҷасорат, ногаҳонӣ ва дар танҳоӣ истиқбол кард".

Мавлуда Рафиева моҳи декабри соли 1963 дар шаҳраки Адрасмон таваллуд шуда, дар Ҳисор ба воя расидааст. Агар умр вафо мекард, моҳи декабр 57-сола мешуд. Аз ӯ чаҳор фарзанд мондааст. Ду фарзанди ӯ дар Русия қарор доштанд ва субҳи 14-уми октябр ба маросими дафн омаданд.

https://www.ozodi.org/a/30893064.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима