Даргузашти Мавлуда Рафиева
     TJ RU EN
04:29 / 2024-12-20

Даргузашти Мавлуда Рафиева

Мавлуда Рафиева, намояндаи Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар вилояти Суғд ва хабарнигори “Азия плюс” дар синни 57 солагӣ даргузашт. Бино ба гуфтаи наздиконаш ӯ чанд рӯзи ахир аз дарди гулӯ ва ҳарорати баланд шикоят дошт.

Мавлуда Рафиева журналисти ҷасур, ҳақиқатпарвар ва бомасъулият буд. Ӯ аз фаъолтарин журналистони тоҷик буд, ки мавзӯи гирифторӣ ба COVID-19-ро дар шимоли Тоҷикистон инъикос менамуд.

Аҳли кормандони Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) аз марги нобаҳангоми Мавлуда Рафиева сахт андӯҳгин буда, ба наздикон ва ёру дӯстон сабри ҷамил мехоҳанд.


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима